Айюб
3 Оё вай туро зориву илтиҷо мекунад
Ё бо ту мулоим гап мезанад?
4 Оё бо ту аҳд мебандад,
То ғуломи якумраат гардад?
5 Оё ту бо он чун бо парандае бозӣ мекунӣ
Ё онро баста назди духтарчаҳоят меорӣ, то бо он бозӣ кунанд?
6 Оё савдогарон онро харида ё фурӯхта метавонанд?
Оё онро байни тоҷирон тақсим карда метавонанд?
7 Оё ту пӯсти вайро бо найзаҳо шикоф мекунӣ+
Ва сарашро бо сихи моҳигирон сӯрох мекунӣ?
8 Канӣ, як бор дастатро ба болояш мон.
Ба ту чунон дармеафтад, ки асло фаромӯш намесозӣ ва дигару дубора ин коратро намекунӣ!
9 Касе онро ром намудан хоҳад, хаёли хом мекунад.
Фақат як ҳайбаташ касро ба даҳшат меорад.
10 Касе ҷуръат намекунад, ки ӯро безобита кунад.
Пас, кист, ки дар пеши ман истодагарӣ карда тавонад?+
11 Оё касе ба ман чизе додааст, ки ман бояд ба ӯ баргардонам?+
Ҳама чизи зери осмон аз они ман аст.+
12 Дар хусуси дасту пойи вай,
Дар бораи қувват ва зебоии тану тӯшаш ҳам хомӯш намемонам.
13 Оё касе метавонад либоси вайро аз танаш кашад?
Кист, ки тавонад ба даҳони кушодаи вай наздик ояд?
14 Оё касе метавонад дарвозаи даҳони вайро кушояд?
Доираи дандонҳояш даҳшатангез аст.
15 Пушташ аз қатори пулакчаҳои сипаршакл пур аст*,
Ки ба якдигар часпидаанд.
16 Онҳо чунон зич ҷойгиранд, ки
Аз байнашон ҳаво ҳам намегузарад.
17 Онҳо бо якдигар пайвастаанд,
Ба тавре ки аз ҳам ҷудо намешаванд.
18 Аз фаххаси вай оташак меборад
Ва чашмонаш мисли нури саҳаранд.
19 Аз даҳонаш алов меборад
Ва шарораҳои оташ берун меояд.
20 Аз сӯрохии бинияш дуд мебарояд,
Мисли танӯре, ки онро бо ғеша даргирондаанд.
21 Аз дами вай лахчаҳо дармегиранд
Ва аз даҳонаш оташ мепарад.
22 Қуввати бузург дар гардани вай аст
Ва даҳшат пешопешаш медавад.
23 Қабатҳои гӯшташ ба якдигар маҳкам часпидаанд,
Онҳо ноҷунбонанд, гӯё қолабе бошанд, ки бар баданаш рехта шудааст.
24 Дили вай мисли санг сахт аст,
Мисли санги поёни осиё мустаҳкам аст.
25 Вақте вай мехезад, ҳатто паҳлавонҳо ба ҳарос меоянд,
Вақте худро бар обҳо мезанад, дасту по гум мекунанд.
27 Оҳан дар назараш хас аст,
Мис барояш чун чӯби пӯсида.
28 Тир ӯро ба гурез намеорад
Ва сангҳои фалахмон барояш монанди коҳанд.
29 Гурзро низ хошок мешуморад
Ва бар садои найза механдад.
30 Бар шикамаш гӯё сафолпораҳои тезе ҳастанд.
Ӯ аз лой мисли чапар мегузарад.+
31 Ӯ обҳои азимро мисли дег ба ҷӯш меорад,
Баҳрро мисли деги малҳампазӣ ба хурӯш меорад.
32 Баъди худ пайи дурахшон мегузорад,
Гӯё ки обҳои азим мӯйи сафед дошта бошанд.
33 Ӯ дар рӯйи замин бемислу монанд аст,
Тавре офарида шудааст, ки аз ҳеҷ чиз наметарсад.
34 Ӯ ба ҳар чизи ҳавобаланд бад-бад менигарад.
Ӯ шоҳи ҷонварони бузург аст».