5 Мӯсо
26 Вақте оқибат ба замине, ки Худоят Яҳува ба ту мерос медиҳад, биёӣ ва онро соҳиб шуда, дар он сокин гардӣ, 2 навбари худро аз тамоми ҳосили замини худ, замине, ки Худоят Яҳува ба ту медиҳад, гирифта, каме аз онро бар сабаде бигузор ва ба ҷое биёр, ки Худоят Яҳува чун ҷойгоҳи номи худ хуш кунад.+ 3 Сипас назди коҳине, ки дар он рӯзҳо хизмат мекунад, омада, бигӯ: “Имрӯз ман дар пеши Худоят Яҳува шоҳидӣ медиҳам, ки ман ба замине, ки Яҳува ба бобоёнамон қасам хӯрда буд, ки ба мо медиҳад, омадам”.+
4 Коҳин сабадро аз дастат гирифта, пеши қурбонгоҳи Худоят Яҳува мегузорад. 5 Сипас ту бояд пеши Худоят Яҳува чунин бигӯӣ: “Падари ман як арамии оворагард* буд+ ва ӯ ба Миср омад+ ва дар он ҷо ҳамроҳи якчанд нафар аҳли хонадонаш дар ғарибӣ умр ба сар бурд.+ Вале дар он ҷо ӯ халқи бузург, пурзӯр ва сершумор гардид.+ 6 Мисриён азобамон доданд, ба мо зулму ситам намуданд ва заҳмати ғуломиро бар сарамон бор карданд.+ 7 Он гоҳ мо сӯйи Худои бобоёнамон, Яҳува, зориву илтиҷо намудем ва Яҳува фиғони моро шунид. Ӯ ба азоби мо, ранҷи мо ва зулму ситаме, ки бар мо мекарданд, назар намуд.+ 8 Оқибат Яҳува моро аз Миср бо дасти пурзӯр, бозуи пурқувват,+ амалҳои даҳшатангез ва аломату муъҷизаҳо+ берун овард. 9 Баъд ӯ моро ба ин ҷо овард ва заминеро, ки ширу асал дар он ҷорист, ба мо дод.+ 10 Ҳоло бошад, ман ҳосили аввалини заминро, ки Яҳува ба ман додааст, овардаам”.+
Онро дар ҳузури Худоят Яҳува гузор ва пеши Худоят Яҳува саҷда намо. 11 Ту аз тамоми нозу неъмате, ки Худоят Яҳува ба туву хонаводаат додааст, шодӣ бикун, ту, левизода ва ғарибе, ки дар миёни ту зиндагӣ мекунад.+
12 Дар соли сеюм, дар соли даҳяк, вақте гирифтани даҳяки тамоми ҳосилатро ба охир расонӣ,+ онро ба левизода, ғариб ва ятиму бевазан бидеҳ, то онҳо дар шаҳрҳои ту хӯрда сер шаванд.+ 13 Сипас дар ҳузури Худоят Яҳува бигӯ: “Ман ҳиссаи муқаддасро пурра аз хонаам баровардам ва онро ба левизода, ғариб, ятим ва бевазан додам.+ Ман, ҳамон тавре ки ту фармудӣ, амал кардам ва амрҳои туро вайрон ё зери по накардам. 14 Ҳангоми мотам гирифтанам аз он нахӯрдаам ва чизеро аз он дар ҳолати нопокӣ ба даст нагирифтаам ва онро барои мурда надодаам. Ман ба овози Худоям Яҳува гӯш дода, ҳар он чиро, ки ту ба ман фармудӣ, ба ҷо овардам. 15 Акнун, Худоё, аз ҷойгоҳи поки худ, аз осмон, назар кун. Халқи худ Исроилро баракат деҳ. Ҳамчунин, эй Худо, заминеро, ки ба мо додаӣ, заминеро, ки ширу асал дар он ҷорист,+ ҳамон тавре ки ба бобоёнамон қасам хӯрда будӣ,+ баракат деҳ”.+
16 Имрӯз Худоят Яҳува ба ту иҷро кардани ин дастурҳо ва ҳукмҳоро мефармояд. Онҳоро бо тамоми дилу ҷонат риоя намо ва ба ҷо ор.+ 17 Имрӯз ту сухани Яҳуваро шунидӣ, ки, агар ту бо роҳҳои ӯ равона шавӣ, дастурҳо,+ амрҳо+ ва ҳукмҳои ӯро+ ба ҷо орӣ ва ба овозаш гӯш диҳӣ, ӯ Худои ту мешавад. 18 Имрӯз Яҳува сухани туро шунид, ки ту халқи ӯ ва ганҷи барчидаи ӯ мешавӣ,+ ҳамон тавре ки ӯ ба ту ваъда додааст. Ту гуфтӣ, ки ҳама амрҳои ӯро ба ҷо меорӣ. 19 Агар ин тавр кунӣ ва барои Худоят Яҳува халқи муқаддас бошӣ,+ ӯ туро аз дигар халқҳое, ки офаридааст, баландтар мегузорад+ ва туро номдор гардонда, соҳиби шуҳрату ҷалол месозад, ҳамон тавре ки ӯ ваъда додааст.