Эзро
4 Вақте душманони Яҳудо ва Бинёмин+ фаҳмиданд, ки касоне, ки аз асирӣ баргаштаанд,+ барои Яҳува, Худои Исроил, ибодатгоҳ месозанд, 2 дарҳол пеши Зарубобил ва сарварони хонаводаҳо омаданд ва гуфтанд: «Биёед мо ҳам ҳамроҳи шумо дар сохтмон иштирок кунем, чунки аз замонҳои Эсар-Ҳаддӯн+ — подшоҳи Ошур, ки моро ин ҷо оварда буд,+ мисли шумо Худоятонро ибодат мекунем*+ ва ба ӯ қурбонӣ меорем». 3 Лекин Зарубобил, Ешуа ва дигар сарварони хонаводаҳои Исроил ба онҳо гуфтанд: «Шумо ҳамроҳи мо барои Худоямон бино нахоҳед кард,+ балки мо худамон барои Яҳува, Худои Исроил, хона месозем, чи тавре ки подшоҳи Форс, Куруш, ба мо амр фармуда буд».+
4 Он гоҳ мардуми он сарзамин аз пайи он шуданд, ки ҷидду ҷаҳди* халқи Яҳудоро суст кунанд ва дили онҳоро аз сохтмон хунук созанд.+ 5 Онҳо бо мақсади вайрон кардани нақшаҳои яҳудиён ҳокимиятдоронро мехариданд.+ Ин ҳол дар тамоми айёми Куруш, подшоҳи Форс, то вақти ҳукмронии Дориюш,+ подшоҳи Форс, давом ёфт. 6 Дар аввали ҳукмронии Ахашверуш онҳо дар бораи мардуми Яҳудо ва Ерусалим шикоятнома навиштанд. 7 Дар рӯзҳои Ардашери подшоҳи Форс Бишлом, Митредот, Тобъил ва дигар рафиқонаш ба подшоҳ Ардашер мактуб навиштанд ва онро ба забони арамӣ+ тарҷума карда, бо ҳарфҳои арамӣ навиштанд*.
8 *Раҳум, ҳокими калон, ва Шимшайи котиб ба муқобили мардуми Ерусалим ба подшоҳ Ардашер мактуб навиштанд. 9 (Он аз номи ҳокими калон Раҳум, Шимшайи котиб ва дигар рафиқони онҳо, доварон, ҳокимони хурд, котибон, мардуми Арак,+ бобилиён, сокинони Шушан,+ яъне эломиён,+ 10 ва халқҳои дигар, ки онҳоро Оснафари бузург ва муътабар ба асирӣ гирифта, қисман дар шаҳрҳои Сомария+ ва қисман дар минтақаи он тарафи дарёи бузург* ҷой дод, навишта шуд.) 11 Ин аст нусхаи мактубе, ки онҳо ба подшоҳ фиристоданд:
«Ба подшоҳ Ардашер аз номи хизматгоронат, мардуми он тарафи дарёи бузург. 12 Ба подшоҳ маълум бод, ки яҳудиёне, ки аз пеши ту ба ин ҷо омаданд, ба Ерусалим расиданд. Онҳо шаҳреро, ки мардумаш исёнгар ва бадкор аст, аз нав бино карда истодаанд; онҳо сохтмони деворҳояшро қариб тамом карданд+ ва бунёдҳоро мустаҳкам карда истодаанд. 13 Ба подшоҳ маълум бод, ки, агар ин шаҳр ва деворҳояш бино шаванд, ин мардум на андоз месупорад, на боҷу хироҷ+ ва он гоҳ хазинаи подшоҳ зарар мебинад. 14 Барои мо, ки нону намаки подшоҳро мехӯрем, раво нест, ки хомӯш истода зарар дидани подшоҳро бинем, барои ҳамин ӯро аз ин хабардор карданием. 15 Бигзор, эй подшоҳ, китоби таърихи падаронатро аз назар гузаронанд,+ аз он ту мефаҳмӣ, ки сокинони ин шаҳр исёнгаранд ва ба подшоҳон ва вилоятҳо зарар мерасонанд. Онҳо аз даврони қадим исёнгар буданд, барои ҳамин ин шаҳр вайрону валангор шуда буд.+ 16 Мо подшоҳро хабардор мекунем, ки, агар ин шаҳр ва деворҳояш бино шаванд, минтақаи он тарафи дарёи бузург+ аз итоати ӯ мебарояд».
17 Подшоҳ ба Раҳум, ҳокими калон, Шимшайи котиб ва дигар рафиқони онҳо, ки дар Сомария ва қисми дигари минтақаи он тарафи дарёи бузург зиндагӣ мекарданд, мактуб навишт:
«Салом! 18 Номаеро, ки ба мо фиристодед, ба ман як ба як хонданд*. 19 Бо фармони ман китоби таърихро аз назар гузарониданд ва маълум шуд, ки ин шаҳр аз қадим бар зидди подшоҳон мебарояд ва дар он доимо ошӯбу исён ба амал меояд.+ 20 Дар Ерусалим подшоҳони пурқудрате ҳукмронӣ мекарданд, ки тамоми минтақаи он тарафи дарёи бузург зери итоати онҳо буд ва ба онҳо андоз ва боҷу хироҷ супорида мешуд. 21 Акнун ба онҳо фармон диҳед, ки корро бас кунанд ва ин шаҳр, то даме ки аз номи ман фармон дода нашавад, бино нагардад. 22 Эҳтиёт шавед, ки дар ин кор беаҳамиятӣ накунед, то ба подшоҳ дигар зараре нарасад».+
23 Ҳамин ки нусхаи мактуби подшоҳ Ардашер ба Раҳум, ҳокими калон, Шимшайи котиб ва дигар рафиқони онҳо хонда шуд, онҳо дарҳол ба Ерусалим назди яҳудиён рафтанд ва бо зӯрӣ онҳоро аз кор боздоштанд. 24 Он гоҳ сохтмони хонаи Худо, ки дар Ерусалим буд, хобонда шуд ва ин ҳол то соли дуюми ҳукмронии подшоҳи Форс Дориюш+ давом кард.