Забур
Ба сардори ромишгарон. Бар сози маҳалат*. Маскил*. Таронаи Довуд.
53 Беақл дар дил мегӯяд:
«Яҳува нест».+
Корҳои чунин касон ифлосу нафратангез аст.
Некукоре нест.+
2 Лекин Худо аз осмон ба одамизод нигоҳ мекунад,+
То бубинад, ки оё касе ҳаст, ки соҳибфаҳм ва ҷӯяндаи Яҳува бошад.+
3 Ҳамаашон гумроҳ шудаанд.
Ҳама яксар расво гаштаанд.
Некукоре нест,
Як нафар ҳам нест.+
4 Наход ки каҷкорон нафаҳманд?
Онҳо халқамро як луқма мекунанд
Ва Яҳуваро намехонанд.+
5 Онҳоро даҳшати бузург фаро мегирад,
Даҳшате, ки аз ин пеш надида буданд*,
Зеро Худо устухонҳои ҳамлагаронатро пароканда месозад.
Ту онҳоро сарпаст месозӣ,
Зеро Яҳува онҳоро рад кардааст.
6 Эй кош наҷоти Исроил аз Сион биёяд!+
Вақте Яҳува халқи асирашро ҷамъ орад,
Бигзор Яъқуб шодӣ ва Исроил хурсандӣ кунад.