Ҳизқиёл
12 Яҳува боз ба ман паём фиристода гуфт: 2 «Эй фарзанди одам, ту дар миёни хонадони саркаш зиндагӣ мекунӣ. Онҳо чашм доранду намебинанд, гӯш доранду намешунаванд,+ чунки хонадони саркашанд.+ 3 Эй фарзанди одам, мисли касе, ки аз ватан бадарға мешавад, бору бандатро тайёр кун ва рӯзона, дар пеши чашми мардум, аз хонаат баромада, ба ҷойи дигаре бирав. Ҳарчанд онҳо хонадони саркашанд, шояд ки, инро дида дар фикр зананд. 4 Рӯзона дар пеши чашми ҳама бореро, ки барои рафтан тайёр кардаӣ, барор. Бегоҳ дар пеши чашми онҳо мисли касе, ки аз ватан бадарға мешавад, аз он ҷо бирав.+
5 Дар пеши чашми ҳама деворро шикоф кун ва бору бандатро аз он барор.+ 6 Дар торикӣ дар пеши чашми онҳо боратро бар китфат гузошта, бирав. Рӯятро бипӯшон, то ки заминро набинӣ, зеро ман туро барои хонадони Исроил аломате месозам».+
7 Ман, тавре ки ба ман фармуда шуд, амал кардам: рӯзона бору бандеро, ки барои бадарға шудан тайёр карда будам, берун овардам ва бегоҳ бо даст деворро шикоф кардам. Вақте торик шуд, ман дар пеши чашми онҳо чизҳоямро гирифта, бар китфам гузоштаму рафтам.
8 Саҳарӣ Яҳува боз ба ман паём фиристода гуфт: 9 «Эй фарзанди одам, ба хонадони Исроил, ба ин хонадони саркаш, ки аз ту пурсиданд: “Чӣ кор карда истодаӣ?”, 10 бигӯ: “Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “Ин паём ба сарваре, ки дар Ерусалим аст, ва ба тамоми хонадони Исроил, ки дар ин шаҳр аст, дахл дорад”.+
11 Бигӯ: “Ман барои шумо аломате ҳастам.+ Бо онҳо ҳамон тавре мешавад, ки ман нишон додам: онҳо бадарға шуда, ба асирӣ мераванд.+ 12 Сарваре, ки дар миёни онҳост, бору бандашро ба китфаш гузошта, дар торикӣ мебарояд. Ӯ деворро шикоф мекунад ва чизҳояшро аз он мегузаронад.+ Ӯ рӯяшро мепӯшонад, то заминро набинад”. 13 Ман бар ӯ тӯр меандозам ва ӯ ба тӯрам меафтад.+ Сипас вайро ба Бобил, ба замини калдониён, мебарам, лекин вай онро бо чашмонаш намебинад. Ӯ оқибат дар ҳамон ҷо мемурад.+ 14 Ман ҳамаи онҳоеро, ки дар гирду пешаш ҳастанд, ҳамаи мададгорону сарбозонашро, ба чор тараф пароканда месозам+ ва шамшер кашида, аз пасашон сур мекунам.+ 15 Вақте онҳоро дар миёни халқҳо пароканда кунам ва дар миёни кишварҳо парешон созам, мефаҳманд, ки ман Яҳува ҳастам. 16 Вале шумораи ками онҳоро аз шамшер ва гушнагию вабо наҷот медиҳам, то онҳо ҳамаи корҳои нафратоварашонро ба халқҳое, ки ба наздашон мераванд, нақл кунанд. Он гоҳ онҳо мефаҳманд, ки ман Яҳува ҳастам».
17 Яҳува боз ба ман паём фиристода гуфт: 18 «Эй фарзанди одам, нонатро бо тарсу ларз бихӯр ва обатро бо ташвишу хавотирӣ бинӯш.+ 19 Ба мардуми ин замин бигӯ: “Парвардигор Яҳува ба сокинони Ерусалим, ки дар замини Исроил аст, чунин мегӯяд: “Онҳо нонашонро бо хавотирӣ мехӯранд ва обашонро бо ваҳм менӯшанд, зеро заминашон аз зӯроварии тамоми сокинонаш+ бекасу хароба мегардад.+ 20 Шаҳрҳои серодам хароб мегарданд ва замин ба биёбон табдил меёбад.+ Он гоҳ шумо мефаҳмед, ки ман Яҳува ҳастам”».+
21 Яҳува боз ба ман паём фиристода гуфт: 22 «Эй фарзанди одам, ин чӣ мақолест, ки мардуми Исроил мегӯяд: “Рӯзҳо мегузаранду ягон рӯъё иҷро намешавад”?!+ 23 Ба онҳо бигӯ: “Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “Ман ин мақолро аз байн мебарам ва дигар касе дар Исроил онро ба забон намеорад”. Ба онҳо бигӯ: “Рӯзҳое наздиканд,+ ки ҳар як рӯъё иҷро мешавад”. 24 Дар хонадони Исроил касе дигар рӯъёи дурӯғ намебинад ва хушомадгӯёна* фол намекушояд,+ 25 зеро ман, Яҳува, сухан мегӯям. Ҳар чӣ бигӯям, дарҳол иҷро мегардад, он дигар ба қафо партофта намешавад.+ Дар рӯзҳои умри ту,+ эй хонадони саркаш, ман сухан гуфта, онро ба ҷо меорам,— мегӯяд Парвардигор Яҳува”».
26 Яҳува боз ба ман паём фиристода гуфт: 27 «Эй фарзанди одам, хонадони Исроил чунин мегӯяд: “Рӯъёе, ки ӯ мебинад, ба ин наздикиҳо иҷро намешавад, ӯ дар бораи ояндаи дур пешгӯйӣ мекунад”.+ 28 Аз ин рӯ ба онҳо бигӯ: “Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “Иҷро гаштани ҳеҷ суханам дер намекунад, ҳар он чӣ гӯям, ба амал меояд”,— мегӯяд Парвардигор Яҳува”».