Забур
113 Ёҳро* ситоиш кунед!
Яҳуваро васф кунед,
Эй бандагони Яҳува, номи ӯро васф кунед,
2 Номи Яҳуваро ҳамду сано бод,
Аз ҳозир то абад.+
3 Аз тулӯи офтоб то ғуруби он
Номи Яҳуваро ҳамду сано бод!+
5 Кист мисли Худои мо Яҳува,+
Ки бар фалак тахтнишин аст?
6 Ӯ хам мешавад, то ба осмон ва замин назар кунад,+
7 Бечораро аз хок бармехезонад
Ва камбағалро аз хокистар* мебардорад,+
8 То онҳоро бо калоншавандагон шинонад,
Бо калоншавандагони халқаш.
9 Ӯ ба зани нозой хона медиҳад,
Ӯро фарзанддор гардонда, хушбахт месозад.+
Ёҳро* ситоиш кунед!