Ишаъё
6 Дар соле, ки шоҳ Узиё мурд,+ ман Яҳуваро дидам, ки бар тахти баланду олӣ менишаст,+ ва домани либоси ӯ ибодатгоҳро пур карда буд. 2 Дар гирди ӯ сорофиён меистоданд, ки ҳар яке шаш бол дошт. Ҳар яке бо ду бол рӯйи худро ва бо ду боли дигар пойи худро мепӯшонд ва боз бо ду бол парвоз мекард.
3 Яке ба дигаре фарёд зада мегуфт:
«Поки поки пок аст Яҳува, Худои лашкарҳо!+
Тамоми замин аз ҷалоли ӯ пур аст!»
4 Аз овози нидокунандагон паҳлудариҳо* ба ларза омаданд ва хона аз дуд пур шуд.+
5 Он гоҳ ман гуфтам: «Вой бар ҳолам ки, мурдам!
Зеро лабонам нопоканд
Ва дар миёни мардуми лабонашон нопок зиндагӣ мекунам,+
Зеро чашмонам Подшоҳро, Яҳува, Худои лашкарҳоро, диданд».
6 Он гоҳ яке аз сорофиён наздам парида омад. Дар дасти ӯ лахчаи сӯзоне буд,+ ки бо оташгирак аз қурбонгоҳ гирифта буд.+ 7 Ӯ онро ба даҳонам расонда, гуфт:
«Акнун ки он ба лабонат расид,
Хатоят бахшидаву
Гуноҳат рӯпӯш шуд».
8 Сипас ман овози Яҳуваро шунидам, ки гуфт: «Киро бифиристам ва кӣ барои мо меравад?»+ Ман гуфтам: «Ман тайёрам! Маро бифирист!»+
9 Ӯ ба ман гуфт: «Рафта, ба ин халқ бигӯ:
“Шумо гаштаву баргашта шунавед ҳам,
Сарфаҳм нахоҳед рафт.
Борҳо бубинед ҳам,
Вале чизе нахоҳед фаҳмид”.+
Гӯшҳояшонро кар+
Ва чашмонашонро кӯр бикун,
То онҳо бо чашмонашон набинанд,
Бо гӯшҳояшон нашунаванд,
Бо дилашон нафаҳманд
Ва барнагарданду шифо наёбанд».
11 Он гоҳ ман пурсидам: «То ба кай, эй Яҳува?» Ӯ гуфт:
«То даме ки шаҳрҳо валангору беодам шаванд,
Дар хонаҳо касе боқӣ намонад
Ва замин харобазору холӣ гардад,+
12 То даме ки Яҳува мардумро ба ҷойи дурдасте биронад+
Ва ин замин то дуриҳо хароб шавад.
13 Дар он ҷо даҳяки мардум мемонад, вале он боз оташ зада мешавад. Он мисли дарахти калон ва булуте хоҳад буд, ки онро буридаанду кундааш боқӣ мондааст, ва ин кунда насли поку муқаддас аст».