Ҳизқиёл
8 Дар соли шашум, дар рӯзи панҷуми моҳи шашум, вақте дар хонаи худ нишаста будаму пирони Яҳудо дар пешам буданд, дасти Парвардигор Яҳуваро ҳис кардам. 2 Ман назар андохта касеро дидам, ки намудаш мисли оташ буд. Поёнтар аз он чӣ мисли миёнаш менамуд, оташ буду+ болотар аз он мисли дурахши тиллои сафед* ҷило медод.+ 3 Ӯ чизеро мисли даст дароз карда, маро аз мӯйи сарам қапид ва рӯҳ маро аз байни замину осмон дар рӯъёҳои Худо ба даҳани дарвозаи дарунии Ерусалим,+ ки рӯ ба шимол буд, овард ва назди он дарвоза бути рашкангез гузошта шуда буд.+ 4 Дар он ҷо ҷалоли Худои Исроил+ мисли рӯъёе буд, ки ман дар водӣ дида будам.+
5 Ӯ ба ман гуфт: «Эй фарзанди одам, сӯйи шимол назар кун». Ман сӯйи шимол нигоҳ кардам ва дидам, ки дар он ҷо, дар шимоли дарвозае, ки сӯйи қурбонгоҳ мебарад, бути рашкангез меистод. 6 Ӯ ба ман гуфт: «Эй фарзанди одам, оё мебинӣ, ки чӣ тавр хонадони Исроил дар ин ҷо корҳои даҳшатовару нафратангез мекунанд,+ то ман аз муқаддасгоҳам дур шавам?+ Вале ту чизҳои нафратангези аз ин ҳам даҳшатоварро мебинӣ».
7 Ӯ маро ба даромадгоҳи саҳн овард ва ман назар андохта дар девор сӯрохиеро дидам. 8 Ӯ ба ман гуфт: «Эй фарзанди одам, сӯрохии деворро калонтар кун». Ман сӯрохиро калонтар карда, даромадгоҳеро дидам. 9 Ӯ гуфт: «Ин ҷо даромада, корҳои баду нафратангези онҳоро бубин». 10 Ман даромадам ва нақши ҳар гуна хазандагон, ҳайвонҳои нафратовар+ ва тамоми бутҳои ҳароми* хонадони Исроилро дидам.+ Онҳо гирдогирди девор кандакорӣ шуда буданд. 11 Дар пеши онҳо 70 пири хонадони Исроил меистод ва Яъзанёи писари Шофон+ дар байнашон буд. Ҳар яки онҳо дар даст бухурдон дошт ва абри атри гуворо аз бухурдонҳо боло мебаромад.+ 12 Ӯ ба ман гуфт: «Эй фарзанди одам, оё мебинӣ, ки пирони хонадони Исроил дар торикӣ, ҳар яке дар ҳуҷраҳои дарунӣ, ки бутҳояш он ҷост, чӣ кор мекунанд? Онҳо мегӯянд: “Яҳува моро намебинад. Яҳува ин заминро тарк кардааст”».+
13 Ӯ ба ман гуфт: «Ту корҳои нафратангезеро мебинӣ, ки аз ин ҳам даҳшатоваранд». 14 Ӯ маро ба даҳани дарвозаи шимолии хонаи Яҳува овард ва ман занонеро дидам, ки нишаста, дар ҳаққи худои Таммуз гиряву нола мекарданд.
15 Ӯ боз ба ман гуфт: «Эй фарзанди одам, инро дидӣ? Ту чизҳои нафратангезеро мебинӣ, ки аз ин ҳам даҳшатоваранд».+ 16 Сипас ӯ маро ба саҳни дарунии хонаи Яҳува+ бурд. Дар даромадгоҳи ибодатгоҳи Яҳува, байни айвону қурбонгоҳ, тахминан 25 нафар меистод, ки пушташон ба ибодатгоҳи Яҳува ва рӯяшон ба тарафи шарқ гардонда шуда буд. Онҳо рӯ ба тарафи шарқ ба офтоб саҷда мекарданд.+
17 Ӯ ба ман гуфт: «Эй фарзанди одам, ин корҳои хонадони Яҳудоро мебинӣ? Магар ин корҳои нафратоварашон ва заминро аз ситам пур карда,+ хашми маро оварданашон кам буд, ки боз навдаро* таги бинии ман меоранд? 18 Аз ин рӯ ман бо қаҳр амал мекунам. Чашмам ба онҳо раҳм намекунад ва дилам ба онҳо намесӯзад.+ Ҳатто агар дар пеши гӯшам доду фиғон кунанд, онҳоро намешунавам».+