ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • 1 Подшоҳон 16
  • Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

Шарҳи мухтасари 1 Подшоҳон

      • Самуил Довудро тадҳин мекунад (1–13)

        • «Яҳува... дилро мебинад» (7)

      • Рӯҳи Худо аз Шоул дур мешавад (14–17)

      • Довуд чангнавози Шоул мешавад (18–23)

1 Подшоҳон 16:1

Оятҳои иловагӣ

  • +1Пш 15:35
  • +1Пш 15:23, 26
  • +3Пш 1:39
  • +Рт 4:17; 1Вқ 2:12
  • +1Мс 49:10; 1Пш 13:14; Зб 78:70; Крн 13:22

1 Подшоҳон 16:2

Оятҳои иловагӣ

  • +1Пш 22:17

1 Подшоҳон 16:3

Эзоҳҳо

  • *

    Тадҳин — ниг. ба луғат.

Оятҳои иловагӣ

  • +Зб 89:20

1 Подшоҳон 16:4

Оятҳои иловагӣ

  • +Рт 4:11; 1Пш 20:6

1 Подшоҳон 16:6

Эзоҳҳо

  • *

    Ё «тадҳиншудаи».

Оятҳои иловагӣ

  • +1Пш 17:28; 1Вқ 2:13

1 Подшоҳон 16:7

Оятҳои иловагӣ

  • +1Пш 10:21, 23
  • +3Пш 8:39; 1Вқ 28:9; Зб 7:9; Пнм 24:12; Ир 17:10; Крн 1:24

1 Подшоҳон 16:8

Оятҳои иловагӣ

  • +1Пш 17:13; 1Вқ 2:13

1 Подшоҳон 16:9

Оятҳои иловагӣ

  • +2Пш 13:3

1 Подшоҳон 16:11

Оятҳои иловагӣ

  • +1Пш 17:14
  • +2Пш 7:8; Зб 78:70

1 Подшоҳон 16:12

Оятҳои иловагӣ

  • +1Пш 17:42
  • +1Пш 13:14; Зб 89:20; Крн 13:22

1 Подшоҳон 16:13

Оятҳои иловагӣ

  • +1Пш 16:1; 3Пш 1:39
  • +4Мс 11:17; Дв 3:9, 10; 1Пш 10:6; 2Пш 23:2
  • +1Пш 1:1, 19

1 Подшоҳон 16:14

Оятҳои иловагӣ

  • +1Пш 18:12; 28:15
  • +1Пш 18:10; 19:9

1 Подшоҳон 16:16

Оятҳои иловагӣ

  • +Пнм 22:29

1 Подшоҳон 16:18

Оятҳои иловагӣ

  • +1Пш 17:32, 36, 45, 46
  • +1Пш 16:12
  • +1Пш 18:12

1 Подшоҳон 16:19

Оятҳои иловагӣ

  • +1Пш 17:15

1 Подшоҳон 16:21

Оятҳои иловагӣ

  • +Пнм 22:29

1 Подшоҳон 16:23

Оятҳои иловагӣ

  • +1Пш 16:14; 18:10; 19:9

Асосӣ

1 Подш. 16:11Пш 15:35
1 Подш. 16:11Пш 15:23, 26
1 Подш. 16:13Пш 1:39
1 Подш. 16:1Рт 4:17; 1Вқ 2:12
1 Подш. 16:11Мс 49:10; 1Пш 13:14; Зб 78:70; Крн 13:22
1 Подш. 16:21Пш 22:17
1 Подш. 16:3Зб 89:20
1 Подш. 16:4Рт 4:11; 1Пш 20:6
1 Подш. 16:61Пш 17:28; 1Вқ 2:13
1 Подш. 16:71Пш 10:21, 23
1 Подш. 16:73Пш 8:39; 1Вқ 28:9; Зб 7:9; Пнм 24:12; Ир 17:10; Крн 1:24
1 Подш. 16:81Пш 17:13; 1Вқ 2:13
1 Подш. 16:92Пш 13:3
1 Подш. 16:111Пш 17:14
1 Подш. 16:112Пш 7:8; Зб 78:70
1 Подш. 16:121Пш 17:42
1 Подш. 16:121Пш 13:14; Зб 89:20; Крн 13:22
1 Подш. 16:131Пш 16:1; 3Пш 1:39
1 Подш. 16:134Мс 11:17; Дв 3:9, 10; 1Пш 10:6; 2Пш 23:2
1 Подш. 16:131Пш 1:1, 19
1 Подш. 16:141Пш 18:12; 28:15
1 Подш. 16:141Пш 18:10; 19:9
1 Подш. 16:16Пнм 22:29
1 Подш. 16:181Пш 17:32, 36, 45, 46
1 Подш. 16:181Пш 16:12
1 Подш. 16:181Пш 18:12
1 Подш. 16:191Пш 17:15
1 Подш. 16:21Пнм 22:29
1 Подш. 16:231Пш 16:14; 18:10; 19:9
  • Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5
  • 6
  • 7
  • 8
  • 9
  • 10
  • 11
  • 12
  • 13
  • 14
  • 15
  • 16
  • 17
  • 18
  • 19
  • 20
  • 21
  • 22
  • 23
Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
1 Подшоҳон 16:1–23

1 Подшоҳон

16 Ниҳоят Яҳува ба Самуил гуфт: «То ба кай барои Шоул мотам мегирӣ?+ Охир, ман ӯро рад кардам, то дигар подшоҳи Исроил набошад.+ Шохи худро аз равған пур кун+ ва ба роҳ баро. Ман туро ба назди Исойи+ байтлаҳмӣ мефиристам, зеро аз байни писаронаш барои худ подшоҳ интихоб кардаам».+ 2 Аммо Самуил гуфт: «Чӣ тавр биравам? Агар Шоул шунавад, маро мекушад».+ Яҳува ба ӯ ҷавоб дод: «Бо худ гӯсолае бигир ва ба он ҷо рафта, бигӯ: “Ман омадам, ки ба Яҳува қурбонӣ орам”. 3 Исойро, ба он ҷое ки қурбонӣ меорӣ, таклиф кун, он гоҳ ба ту мегӯям, ки чӣ кор кунӣ. Ту бояд бароям касеро, ки ба ӯ ишора кунам, тадҳин намоӣ*».+

4 Самуил гуфтаҳои Яҳуваро ба ҷо овард. Вақте ӯ ба Байт-Лаҳм+ омад, пирони шаҳр ӯро дида ба тарсу ларз омаданд ва салому алейк карда, гуфтанд: «Тинҷист?» 5 Самуил ҷавоб дод: «Тинҷӣ. Ман омадам, ки ба Яҳува қурбонӣ орам. Худро пок кунед ва бо ман ба қурбонӣ овардан биёед». Ӯ Исой ва писаронашро пок кард ва онҳоро, ба ҷое ки қурбонӣ оварданӣ буд, даъват намуд. 6 Вақте онҳо омаданд, Самуил Элиобро+ дида гуфт: «Бешак, масеҳи* Яҳува ҳамин аст». 7 Аммо Яҳува ба Самуил гуфт: «Ба афту андом ва қомати баландаш+ нигоҳ накун, зеро ман ӯро хуш накардаам. Худо мисли одамизод нигоҳ намекунад, зеро одами хокӣ чизеро мебинад, ки ба чашм маълум аст, Яҳува бошад, дилро мебинад».+ 8 Пас аз ин Исой Абинодобро+ фарёд кард ва ӯро аз пеши Самуил гузаронд, аммо Самуил гуфт: «Инро низ Яҳува интихоб накардааст». 9 Баъд Исой Шамморо+ гузаронд, аммо Самуил гуфт: «Инро ҳам Яҳува интихоб накардааст». 10 Ҳамин тавр Исой ҳафт писари худро аз пеши Самуил гузаронд, аммо ӯ гуфт: «Яҳува ягонтои инҳоро интихоб накардааст».

11 Самуил ба Исой гуфт: «Оё боз писаре дорӣ?» Исой ҷавоб дод: «Писари хурдие+ дорам, ки рамаро мечаронад».+ Он гоҳ Самуил гуфт: «Кас фиристода, ӯро биёр, зеро то ӯ наояд, нишаста, хӯрок намехӯрем». 12 Исой кас фиристода, писари хурдиашро овард. Ӯ сурхрӯву зебо буд+ ва чашмони шаҳло дошт. Яҳува гуфт: «Бархез ва ӯро тадҳин кун, зеро ки ҳамин аст».+ 13 Самуил шохи равғанро+ гирифта, дар пеши бародаронаш ӯро тадҳин кард. Он вақт рӯҳи Яҳува Довудро фаро гирифт ва аз он рӯз сар карда дар ӯ амал мекард.+ Баъдтар Самуил бархоста, ба Ромо рафт.+

14 Рӯҳи Яҳува аз Шоул дур шуд+ ва рӯҳи баде аз ҷониби Яҳува ӯро азоб медод.+ 15 Ходимони Шоул ба ӯ гуфтанд: «Инак, рӯҳи баде аз ҷониби Худо туро азоб медиҳад. 16 Бигзор хоҷаамон ба ходимони худ, ки дар назди ӯ ҳастанд, фармояд, ки чангнавози моҳиреро ёбанд.+ Ҳар боре ки рӯҳи баде аз ҷониби Худо бар ту фарояд, ӯ чанг менавозад ва аҳволат беҳтар мешавад». 17 Аз ин рӯ Шоул ба ходимонаш гуфт: «Илтимос, навозандаи моҳиреро ёфта, ба назди ман оред».

18 Яке аз ходимон ба ӯ гуфт: «Ман дидам, ки писари Исойи байтлаҳмӣ моҳирона менавозад. Ӯ ҷанговари нотарс ва тавоно буда,+ хушгуфтор ва зебо аст+ ва Яҳува бо ӯст».+ 19 Шоул назди Исой кас фиристода, гуфт: «Писари худ, Довудро, ки рамабон аст,+ назди ман бифирист». 20 Исой нон, машки шароб ва бузғоларо ба хар бор карда, бо дасти писараш Довуд ба Шоул фиристод. 21 Довуд назди Шоул омада, ба ӯ хизмат кардан гирифт.+ Шоул Довудро сахт дӯст дошт ва ӯ силоҳбардори вай шуд. 22 Шоул ба Исой хабар фиристода, гуфт: «Илтимос, иҷозат деҳ, ки Довуд дар хизмати ман бошад, зеро ӯ ба ман писанд омад». 23 Ҳар боре ки рӯҳи бад аз ҷониби Худо бар Шоул мефаромад, Довуд чангро гирифта, менавохт ва Шоул ором шуда аҳволаш беҳтар мегашт ва рӯҳи бад аз ӯ дур мешуд.+

Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
Баромадан
Даромадан
  • тоҷикӣ
  • Фиристодан
  • Ҷӯркунӣ
  • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
  • Шарти истифодабарӣ
  • Сиёсати ҳифзи асрор
  • Танзимоти ҳифзи асрор
  • JW.ORG
  • Даромадан
Фиристодан