Ишаъё
34 Пеш оед, то бишнавед, эй халқҳо,
Диққат диҳед, эй мардумон.
Бигзор замин ва ҳар чӣ онро пур мекунад,
Дунё ва ҳар чӣ дар он вуҷуд дорад, гӯш диҳад.
Ӯ онҳоро ба нестӣ месупорад,
Онҳоро ба куштан медиҳад.+
3 Куштагони онҳоро мепартоянд,
Ва бӯйи бади ҷасадашон мебарояд.+
Кӯҳҳо саршори хуни онҳо мешаванд.+
4 Тамоми лашкари осмон пӯсида меравад
Ва осмон мисли дастхате печонда мешавад.
Чуноне ки барг хушк шуда аз ток меғалтад
Ва анҷири пажмурда аз дарахт канда мешавад,
Ончунон тамоми лашкари он нобуд мегардад.
5 «Шамшери ман дар осмон ғарқи хун мешавад.+
Он барои иҷрои ҳукми ман бар Адӯм,+
Бар халқе, ки ман ба нестӣ маҳкум кардаам, мефарояд.
6 Шамшери Яҳува оғуштаи хун,
Хуни қӯчқорони ҷавон ва бузҳо, мегардад
Ва бо чарбу,+ чарбуи гурдаҳои қӯчқорон, рӯпӯш мешавад,
Зеро Яҳува дар Басра қурбонӣ меорад
Ва дар замини Адӯм куштори азиме мекунад.+
7 Говони ёбоӣ бо онҳо кушта мешаванд,
Буққаҳои ҷавон* бо нарговони пурқувват фурӯ меғалтанд.
Замини онҳо пур аз хун
Ва хоки онҳо пур аз чарбу мешавад»,
8 Зеро Яҳува рӯзи интиқомро муқаррар кардааст,+
Соли ҷазоро барои бадие, ки дар ҳаққи Сион карда шудааст.+
Заминаш чун зифти сӯзон мегардад.
10 Он рӯзу шаб хомӯш намешавад,
Дудаш абадан боло мебарояд.
Ӯ аз насл ба насл харобазор мемонад
Ва касе то абад аз ӯ намегузарад.+
11 Вай мулки мурғи саққо ва ҷайра мешавад,
Чуғзҳои гӯшдароз ва зоғон дар вай сокин мегарданд.
12 Ягон соҳибмансаби ӯ подшоҳ намегардад,
Тамоми миронаш несту нобуд мешаванд.
Ӯ лонаи шағолон+
Ва макони шутурмурғон мешавад.
14 Даррандагони биёбон бо ҳайвонҳои уллоскаш рӯ ба рӯ мешаванд.
Бузи ёбоӣ* сӯйи ҳамроҳаш фарёд мезанад.
Дар он ҷо мурғи шабгард сокин мешаваду ҷойи ороме меёбад.
15 Дар он ҷо мори паррон лона месозад ва тухм мегузорад,
Вай бача бароварда, онҳоро дар сояи худ ҷамъ мекунад.
Дар он ҷо калхотҳо, ҳар яке бо ҷуфти худ, ҷамъ мешаванд.
16 Дар китоби Яҳува ҷустуҷӯ кунед ва онро баланд хонед —
Ҳеҷ яке аз ин ҷонварон кам нахоҳад шуд
Ва ҳеҷ якеашон бе ҷуфт нахоҳад монд,
Зеро даҳони Яҳува чунин амр фармудааст
Ва рӯҳи ӯ онҳоро ҷамъ овардааст.
17 Ӯ барои онҳо қуръа партофтааст
Ва дасташ бо таноби андозагирӣ барояшон ҷой тақсим кардааст.
Он то абад мулки онҳо мешавад
Ва онҳо аз насл ба насл дар он сокин мегарданд.