Забур
Ба сардори ромишгарон. Бар созҳои торие, ки ба шеминит* ҷӯр кардаанд. Таронаи Довуд.
6 Эй Яҳува, маро дар қаҳри худ сарзаниш накун
Ва дар ғазабат ислоҳам нанамо.+
2 Ба ман лутф кун, эй Яҳува, зеро беҳол шудаам,
Маро шифо бахш, эй Яҳува,+
Зеро устухонҳоям ба ларза омадаанд.
4 Эй Яҳува, баргард ва ҷонамро халос кун,+
Маро наҷот деҳ, эй Худои пурмеҳру вафо,+
5 Зеро мурдагон туро зикр намекунанд
6 Аз оҳу воҳ хаста шудаам,+
Тамоми шаб бистарамро оғуштаи ашк мегардонам
Ва болинамро ғарқи гиряҳо месозам.+
7 Чашмам аз ғусса тира шудааст,+
Дидаам аз ҷабри душманон хира гаштааст.
8 Аз ман дур шавед, эй бадкирдорон,
Зеро Яҳува нолаҳои маро мешунавад.+
9 Яҳува ба зориям гӯш хоҳад дод,+
Яҳува дуоямро хоҳад шунид.
10 Ҳама душманонам шармсору парешон хоҳанд шуд
Ва дар як дам шармандавор ба қафо хоҳанд гашт.+