Ҳушаъ
Онҳо ҳанӯз ба ҳайкалҳои Баал қурбонӣ меоварданд+
Ва барои бутҳо қурбонӣ мекарданд,+
3 Ҳол он ки ман ба Эфроим роҳгардиро ёд додам+ ва онҳоро ба даст мегирифтам.+
Онҳо бошанд, тан нагирифтанд, ки онҳоро ман шифо медодам.
4 Ман онҳоро бо бандҳои меҳру муҳаббат сӯйи худ мекашидам*,+
Барои онҳо чун касе будам, ки юғро* аз гарданашон* мебардорад,
Ва бо меҳрубонӣ ба ҳар кадоми онҳо хӯрок медодам.
5 Онҳо ба Миср барнамегарданд, балки Ошур подшоҳашон мешавад,+
Чунки онҳо нахостанд сӯйи ман баргарданд.+
6 Шамшер дар шаҳрҳои онҳо чарх хоҳад зад+
Ва аз барои қасди бадашон ғалақаҳояшонро нобуд сохта, онҳоро ба коми худ мекашад.+
7 Халқам бевафоиро дар ҳаққи ман пеша кардааст.+
Ҳарчанд онҳоро сӯйи боло* даъват мекарданд, касе аз ҷой нахест.
8 Охир, чӣ тавр туро партоям, эй Эфроим?+
Чӣ тавр туро ба дасти душман супорам, эй Исроил?
Чӣ тавр бо ту чун бо Адмо рафтор кунам?
Чӣ тавр туро мисли Сабӯим гардонам?+
Ман аз фикрам гаштам, дилам ба ту месӯзад.+
9 Оташи ғазабамро фурӯ намерезам
Ва Эфроимро дигар нобуд намесозам,+
Зеро ман Худо ҳастам, на одамизод,
Худои Поке, ки дар миёни шумост,
Ман бо хашму ғазаб бар зидди шумо намебароям.
10 Онҳо аз паси Яҳува хоҳанд рафт ва ӯ чун шер наъра хоҳад зад.+
Вақте ӯ наъра занад, писаронаш ларзон аз ғарб меоянд.+
11 Онҳо мисли парандаи ларзон аз Миср хоҳанд баромад,
Мисли кафтар бо тарсу ларз аз замини Ошур берун хоҳанд омад+
Ва ман онҳоро дар хонаҳояшон сокин мекунам,— мегӯяд Яҳува.+—
12 Эфроим маро бо дурӯғ
Ва хонадони Исроил бо фиреб иҳота кардааст.+
Аммо Яҳудо то ҳол бо Худо роҳ меравад
Ва ба Худованди Пок вафодор аст».+