Ирмиё
33 Вақте ки Ирмиё ҳанӯз дар Саҳни Посгоҳ+ бандӣ буд, аз Яҳува бори дуюм ба ӯ чунин паём омад: 2 «Ин аст паёми Яҳува, Офаридгори замин, паёми Яҳува, Худое, ки заминро сохтаасту устувор гардондааст ва номаш Яҳува аст. 3 “Маро бихон ва ман ба ту ҷавоб хоҳам дод, бо ҷону дил дар бораи чизҳои бузургу ақлнорас, ки онҳоро намедонӣ, нақл хоҳам кард”.+
4 Яҳува, Худои Исроил, дар ҳаққи хонаҳои ин шаҳр, хонаҳои подшоҳони Яҳудо, ки аз хокрезҳову* шамшери душман хароб мегарданд,+ 5 ва дар ҳаққи онҳое, ки аз сабаби корҳои бадашон ман аз ин шаҳр рӯ гардондаам — онҳое, ки барои ҷангидан бо калдониён меоянду ин ҷойҳоро аз ҷасадҳои худашон пур мекунанд ва ман онҳоро дар қаҳру ғазаби худ зарба мезанам, чунин мегӯяд: 6 “Ман ба шаҳр шифою тансиҳатӣ дода,+ мардумро даво мебахшам ва ростиву осоиштагии фаровонро ба онҳо ошкор мекунам.+ 7 Ман асирони Яҳудо ва Исроилро бармегардонам+ ва онҳоро барқарор месозам, ҳамон тавре ки дар аввал карда будам.+ 8 Ман онҳоро аз ҳамаи гуноҳҳое, ки бар зиддам кардаанд, пок месозам+ ва ҳамаи хатоҳо ва ҷиноятҳояшонро, ки бар зиддам кардаанд, мебахшам.+ 9 Номи ин шаҳр дар пеши тамоми халқҳои рӯйи замин маро шод хоҳад кард ва ба ман шукӯҳу ҷалол хоҳад бахшид, зеро онҳо дар бораи ҳама некиҳое, ки ман ба халқам мекунам, мешунаванд.+ Онҳо ба сабаби некуӣ ва осоиштагие, ки ба ӯ ато мекунам,+ ба тарсу ларз хоҳанд омад”.+
10 Яҳува чунин мегӯяд: “Дар ин ҷой, ки шумо онро биёбони беодаму беҷонзод хоҳед гуфт, дар шаҳрҳои Яҳудо ва дар кӯчаҳои Ерусалим, ки хароб ҳастанд ва на одам доранду на ҳайвон, аз нав 11 садои шодию хурсандӣ,+ овози домоду арӯс шунида мешавад ва мардум чунин мегӯяд: “Яҳува, Худои лашкарҳоро, шукр гӯед, зеро Яҳува некуст,+ меҳру вафои ӯ то абад аст!”+
Онҳо ба хонаи Яҳува қурбониҳои шукргузорӣ хоҳанд овард,+ зеро ман асиронро хоҳам баргардонид ва онҳо мисли пештара дар замини худ хоҳанд зист”,— мегӯяд Яҳува.
12 Яҳува, Худои лашкарҳо, чунин мегӯяд: “Дар ин харобазор, ки дар он на одам ҳасту на чорво, ва дар тамоми шаҳрҳояш аз нав барои чӯпонон чарогоҳ хоҳад буд, ки онҳо дар он рамаҳои худро хоҳанд хобонид.+
13 Дар шаҳрҳои кӯҳистон, дар шаҳрҳои водӣ, дар шаҳрҳои ҷануб, дар замини Бинёмин, дар гирду атрофи Ерусалим+ ва шаҳрҳои Яҳудо+ рамаҳо аз нав аз зери дасти шуморандаи онҳо хоҳанд гузашт,— мегӯяд Яҳува.—
14 Инак, рӯзҳое мерасанд,— мегӯяд Яҳува,— ки ман ваъдаи некеро, ки дар ҳаққи хонадони Исроил ва хонадони Яҳудо додаам, иҷро мекунам.+ 15 Дар он рӯзҳо ва замонҳо ман аз насли Довуд навдаи* росткореро мерӯёнам.+ Ӯ дар замин аз рӯйи адлу инсоф амал хоҳад кард.+ 16 Дар он рӯзҳо Яҳудо наҷот ёфта,+ Ерусалим дар амон зиндагӣ хоҳад кард.+ Ин аст номе, ки ӯ бо он хонда мешавад: “Яҳува адолати мост”.+
17 Яҳува чунин мегӯяд: “Насли Довуд ҳаргиз аз тахти хонадони Исроил маҳрум намешавад,+ 18 ҳамчунин хизмати коҳинони левизодае, ки дар ҳузури ман қурбониҳои сӯхтанӣ, ҳадияҳои ғалла ва дигар қурбониҳо меоранд, қатъ намешавад”».
19 Ба Ирмиё боз аз Яҳува паём омад: 20 «Яҳува чунин мегӯяд: “Магар шумо аҳдеро, ки бо рӯзу аҳдеро, ки бо шаб бастаам, шикаста метавонед, то рӯзу шаб дар вақташ фаро нарасад?+ 21 Не. Ҳамин тавр ҳам аҳди маро бо бандаам Довуд шикаста намешавад,+ то ӯро писаре набошад, ки бар тахти ӯ ҳукмронӣ кунад.+ Инчунин аҳде, ки бо бандагонам — коҳинони левизода, бастаам, шикаста намешавад.+ 22 Чи тавре ки лашкари осмон ва реги баҳрро шумурда намешавад, ҳамин тавр ман насли бандаам Довуд ва левизодагонеро, ки ба ман хизмат мекунанд, сершумор мегардонам”».
23 Ба Ирмиё боз паёми Яҳува омад: 24 «Оё нашунидаӣ, ки ин халқ мегӯяд: “Яҳува ду хонадони хушкардаашро рад намудааст”? Онҳо халқи маро беҳурмат мекунанд ва дигар онро қавм намеҳисобанд.
25 Яҳува чунин мегӯяд: “Чи тавре ки аҳди ман бо рӯзу шаб+ ва қонунҳои осмону замин устувору пойдоранд,+ 26 ҳамон тавр ман насли Яъқуб ва бандаам Довудро пойдор гардондаам*. Ман аз насли ӯ бар фарзандони Иброҳим, Исҳоқ ва Яъқуб ҳокимонро пайваста таъйин мекунам, зеро асирони онҳоро ҷамъ меорам+ ва ба онҳо раҳм мекунам”».+