Мико
1 Ин аст паёме, ки Яҳува дар рӯзҳои Ютом,+ Оҳоз+ ва Ҳизқиё+ — шоҳони Яҳудо,+ дар бораи Сомария ва Ерусалим ба Микои*+ мӯраштӣ фиристод ва ӯ онро дар рӯъё дид:
2 «Бишнавед, эй ҳамаи халқҳо!
Диққат бидеҳ, эй замин ва ҳар чӣ дар он аст!
Бигзор Яҳува, Парвардигор Яҳува, аз ибодатгоҳи поки худ
Бар зидди шумо шоҳидӣ диҳад.+
3 Яҳува аз макони худ берун меояд,
Ӯ мефарояд ва бар баландиҳои замин қадам мегузорад.
4 Кӯҳҳо дар зери пойи ӯ об мешаванд+
Ва водиҳо дупора мегарданд
Ба мисли муме, ки дар пеши оташ аст,
Ва мисли обе, ки ба ҷарӣ мерезад.
5 Ҳамаи ин аз сабаби исёни Яъқуб,
Барои гуноҳҳои хонадони Исроил, сар мезанад.+
Кӣ ба исёни Яъқуб айбдор аст?
Магар ин айби Сомария нест?+
Кӣ ба баландиҳои Яҳудо сабабгор аст?+
Магар ин ба сабаби Ерусалим нест?
6 Ман Сомарияро харобазори саҳро,
Ҷое барои бунёди токзорҳо мекунам,
Сангҳои ӯро ба водӣ ҳаво медиҳам
Ва таҳкурсияшро намоён месозам.
7 Ҳамаи бутҳои ӯ майда-майда мешаванд+
Ва ҳамаи ҳадияҳое, ки барояшон худро мефурӯхт,* дар оташ месӯзанд.+
Ман ҳамаи бутҳои ӯро нест мекунам.
Ӯ онҳоро бо музди зинояш ҷамъ овардааст
Ва онҳо боз барои дигарон музди зино мешаванд».
Нолаи ман мисли уллоси шағолон
Ва гиряи ман мисли фарёди шутурмурғон мешавад.
Ин бало то дарвозаи халқи ман, то Ерусалим, расидааст.+
10 «Инро дар Ҷат хабар надиҳед,
Гиря накунед, то оби дидаатонро набинанд.
Эй мардуми Байт-Афра,* дар хок биғелед.
11 Бараҳнаву шармсор бигзар, эй аҳли Шофир.
Мардуми Саанон берун наомадаанд.
Дар Байт-Эсел нола хоҳад буд, он шуморо дигар дастгирӣ намекунад.
12 Мардуми Морут чизи некро интизор буданд,
Вале аз ҷониби Яҳува назди дарвозаи Ерусалим чизи бад омадааст.
13 Аспҳоро ба ароба бибандед, эй мардуми Локиш.+
Шумо оғози гуноҳи духтари Сион будед
Ва исёнҳои Исроил дар ӯ ёфт шудааст.+
14 Барои ҳамин ӯ ба Мӯрашти Ҷат ҳангоми хайрухуш туҳфаҳо медиҳад.
Хонадонҳои Акзиб+ шоҳони Исроилро фиреб доданд.
15 Эй мардуми Морешо,+ ман наздатон касеро меорам, ки шуморо забт мекунад.+
Ҷалоли Исроил то Адуллом+ мерасад.
16 Худро барои фарзандони нозпарваратон кал кунед ва мӯятонро тарошед,
Худро мисли уқоб кал кунед,
Зеро фарзандонатонро аз шумо гирифта, ба асирӣ бурдаанд».+