Забур
Ба сардори ромишгарон. Бар сози шеминит*. Таронаи Довуд.
12 Маро, эй Яҳува, наҷот деҳ, зеро вафодоре боқӣ намондааст
Ва содиқон аз миёни мардум нест шудаанд.
2 Одам ба одам дурӯғ мегӯяд,
Аз лабонашон хушомад ва аз дилашон макр мебарояд.+
3 Яҳува лабони хушомадгӯён
Ва забони лофзанонро мебурад,+
4 Онҳоеро, ки чунин мегӯянд: «Бо забони худ зӯр мебароем.
Лабонамон дар ихтиёрамон аст,
Кист, ки ба мо хӯҷаинӣ кунад?»+
5 «Азоби бечораро дида
Ва нолаи камбағалро шунида,+
Ба ёриашон бармехезам,— мегӯяд Яҳува.—
Ман онҳоро аз дасти касе, ки хорашон медорад, халос мекунам».
6 Суханони Яҳува поканд,+
Мисли нуқрае ҳастанд, ки дар кӯраи лоӣ* гудохта, ҳафт карат тоза карда шудааст.
7 Ту онҳоро, эй Яҳува, нигаҳ хоҳӣ дошт+
Ва ҳар яки онҳоро аз ин насл то абад ҳимоя хоҳӣ кард.
8 Бадкорон худсарона ин сӯву он сӯ мегарданд,
Зеро назди фарзанди одам қадри пастӣ баланд гаштааст.+