Марқус
2 Баъди чанд рӯз Исо боз ба Кафарнаҳум омад ва байни мардум овоза шуд, ки ӯ дар хона аст.+ 2 Назди ӯ чунон одами бисёре омад, ки дар хона ҷойи поймонӣ набуд ва ҳатто ба пеши дар наздик омада намешуд. Исо ба он одамон дар бораи хушхабар гап заданро сар кард.+ 3 Он вақт назди ӯ одамоне омаданд, ки чор нафарашон марди шалеро бардошта меоварданд.+ 4 Лекин, азбаски он ҷо мардуми бисёре ҷамъ шуда буд, онҳо ӯро ба назди Исо дароварда натавонистанд. Аз ин рӯ ин мардон боми хонаеро, ки Исо дар он буд, гирифта, сӯрохие карданд ва марди шалро бо бистараш поён фароварданд. 5 Имони онҳоро дида+ Исо ба марди шал гуфт: «Писарам, гуноҳҳоят бахшида шуд».+ 6 Дар он ҷо баъзе аз шариатдонон нишаста буданд, ки дар дил чунин меандешиданд:+ 7 «Барои чӣ вай ин хел мегӯяд? Ӯ куфр гуфта истодааст. Оё касе ғайр аз Худо гуноҳҳоро бахшида метавонад?»+ 8 Лекин Исо фикру андешаи онҳоро дарҳол пай бурда ба онҳо гуфт: «Барои чӣ чунин андеша меронед?+ 9 Ба ин марди шал чӣ гуфтан осонтар аст: “Гуноҳҳоят бахшида шуд” ё “Аз ҷоят хез ва бистаратро гирифта, роҳ гард”? 10 Лекин, то шумо бидонед, ки Фарзанди одам+ дар замин қудрати бахшидани гуноҳҳоро дорад...»+ Ӯ ба марди шал рӯ оварда, гуфт: 11 «Ба ту мегӯям: аз ҷоят хез ва бистаратро гирифта, ба хонаат бирав». 12 Он мард аз ҷой хест ва дарҳол бистарашро гирифта, аз пеши ҳама гузашта рафт. Ҳуш аз сари ҳама канд ва мардум Худоро ҷалол дода гуфтанд: «Мо ҳеҷ гоҳ чизи ба ин монандро надида будем».+
13 Исо боз ба канори баҳр рафт. Мардум пеши ӯ меомаданд ва ӯ онҳоро таълим медод. 14 Вақте ки ӯ роҳашро давом дод, чашмаш ба Левӣ, писари Ҳалфой, афтод, ки дар боҷхона* нишаста буд. Исо ба ӯ гуфт: «Биёву маро пайравӣ кун». Ҳамон дам он мард аз ҷой хеста, аз пайи Исо равона шуд.+ 15 Баъдтар Исо ва шогирдонаш дар хонаи Левӣ меҳмон шуданд ва ҳамроҳашон бисёре аз ҷамъоварони андоз ва гунаҳкорон дар сари дастархон менишастанд, зеро бисёри онҳо ӯро пайравӣ мекарданд.+ 16 Лекин шариатдононе, ки фарисӣ* буданд, бо гунаҳкорон ва ҷамъоварони андоз хӯрок хӯрдани Исоро дида ба шогирдони ӯ гуфтанд: «Чаро вай бо ҷамъоварони андоз ва гунаҳкорон хӯрок мехӯрад?» 17 Инро шунида Исо ба онҳо гуфт: «На тансиҳатон, балки беморон ба духтур муҳтоҷанд. Ман барои он омадаам, ки на росткорон, балки гунаҳкоронро даъват кунам».+
18 Шогирдони Яҳё ва фарисиён одати рӯзадорӣ доштанд. Онҳо назди ӯ омада, гуфтанд: «Чаро шогирдони Яҳё ва шогирдони фарисиён рӯза мегиранду шогирдони ту не?»+ 19 Исо ба онҳо гуфт: «Магар дӯстони домод,+ ҳангоме ки ӯ бо онҳост, рӯза мегиранд? То он даме ки домод ҳамроҳи дӯстонаш аст, онҳо рӯза намегиранд. 20 Лекин вақте мерасад, ки домод аз онҳо гирифта мешавад,+ ва дар он рӯз онҳо рӯза мегиранд. 21 Ҳеҷ кас матои навро ба либоси куҳна дарбеҳ* намекунад, вагарна баъди шустан матои нав ба об даромада, аз либоси куҳна канда мешавад ва ҷойи даридаи он аз пештарааш дида калонтар мегардад.+ 22 Ҳамчунин ҳеҷ кас шароби навро ба машки* куҳна намерезад, вагарна шароб машкро медарронад ва он вақт ҳам шароб нобуд мешаваду ҳам машк. Лекин шароби навро ба машки нав мерезанд».
23 Як рӯзи шанбе, вақте ки Исо аз киштзор мегузашт, шогирдонаш хӯшаҳои гандумро чидан гирифтанд.+ 24 Он гоҳ фарисиён ба ӯ гуфтанд: «Инҳоро бубин! Барои чӣ онҳо дар рӯзи шанбе кореро мекунанд, ки раво нест?» 25 Ӯ ба онҳо гуфт: «Магар ягон бор нахондаед, ки Довуд, вақте дар муҳтоҷӣ буд ва ӯву ҳамроҳонаш гушна монданд, чӣ кор кард?+ 26 Чӣ тавр ӯ, мувофиқи нақл дар бораи Абётори+ саркоҳин*, ба хонаи Худо даромада, нони пешкашро хӯрд ва ба ҳамроҳонаш низ дод, ҳол он ки хӯрдани он ғайр аз коҳинон дигар ба ҳеҷ кас раво набуд?»+ 27 Баъд ӯ ба онҳо гуфт: «Рӯзи шанбе барои одам аст,+ на одам барои рӯзи шанбе. 28 Инро мегӯям, то бидонед, ки Фарзанди одам Хӯҷаини рӯзи шанбе аст».+