Забур
Ба сардори ромишгарон. Бар сози «Савсан». Ёдоварӣ. Таронаи Осаф.+
80 Эй Чӯпони Исроил, гӯш андоз,
Худое, ки Юсуфро мисли рама роҳнамоӣ мекунӣ.+
2 Пеши Эфроиму Бинёмин ва Менашше бузургиатро зоҳир кун.+
Биё ва моро наҷот деҳ.+
4 Эй Яҳува, Худои лашкарҳо, то ба кай аз халқат дарғазаб хоҳӣ буд
Ва ба дуояшон гӯш нахоҳӣ дод?+
5 Ба ҷойи нон ба онҳо ашк мехӯронӣ
Ва ба ҷойи об ба онҳо оби дидаро фаровон менӯшонӣ.
6 Ту мегузорӣ, ки ҳамсоягон барои моро соҳиб шудан бо якдигар биҷанганд.
Душманонамон, ҳар қадаре хоҳанд, моро масхара мекунанд.+
7 Эй Худои лашкарҳо, моро баргардон,
Нури рӯятро бар мо битобон, то наҷот ёбем.+
9 Ту барои он ҷой холӣ кардӣ
Ва он реша давонда, заминро пур кард.+
10 Он бар кӯҳсорон соя афканд
Ва сидраҳои Худоро бо шохаҳояш рӯпӯш намуд.
13 Хукони ҷангал онро хароб мекунанд
Ва ҷонварони ваҳшии саҳро онро мехӯранд.+
14 Эй Худои лашкарҳо, илтимос, баргард,
Аз осмон назар кун ва бубин!
Аз ҳоли ин ток хабардор шав,+
15 Ба ниҳоле, ки дасти ростат шинондааст,+ ғамхорӣ кун
Ва ба фарзанде, ки барои ҷалоли худ парваридӣ, назар андоз.+
16 Он бурида, дар оташ сӯзонида шудааст.+
Халқ аз сарзаниши ту мемирад.
17 Шахсеро, ки аз дасти ростат аст, дастгирӣ намо,
Фарзанди одамро, ки барои худ парваридӣ,+
18 То аз ту рӯй нагардонем.
Моро зинда нигоҳ дор, то номатро бихонем.
19 Эй Яҳува, Худои лашкарҳо, моро баргардон,
Нури рӯятро бар мо битобон, то наҷот ёбем.+