Ирмиё
2 Аз Яҳува ба ман чунин паём омад: 2 «Рафта, ба мардуми Ерусалим бигӯ: “Яҳува мегӯяд:
“Ман меҳру вафои айёми ҷавониятро дар хотир дорам,+
Муҳаббатеро, ки дар давраи номзадият нишон медодӣ,+
Чӣ тавр дар биёбон, дар замини нокорам,
Аз пайи ман меомадӣ.+
3 Исроил барои Яҳува муқаддас,+ ҳосили аввалин, аст”.
Ҳар кӣ ӯро фурӯ барад, айбдор хоҳад шуд.
Онҳо гирифтори бало мешаванд,— мегӯяд Яҳува».+
4 Суханони Яҳуваро бишнавед, эй хонадони Яъқуб
Ва ҳама қабилаҳои Исроил!
5 Яҳува чунин мегӯяд:
«Бобоёни шумо дар ман чӣ айбе ёфтанд,+
Ки аз ман дур шуда,
Аз пайи бутҳои бекора рафтанд+ ва худашон ҳам бекора шуданд?+
6 Онҳо напурсиданд: “Куҷост Яҳува,
Худое, ки моро аз замини Миср берун овард,+
Моро аз дашт,+
Аз замини биёбонҳову чоҳҳо,
Аз замини беоб+ ва зулмоти тор,
Аз замини касногузару беодам гузаронд”.
7 Ман шуморо ба замини пур аз боғҳо овардам,
То аз меваҷот ва неъмати он бихӯред,+
Лекин шумо омада, замини маро нопок гардондед
Ва мулки маро расво кардед.+
8 Коҳинон напурсиданд: “Яҳува куҷост?”+
Шариатдонон маро нашинохтанд,
Чӯпонон бар зидди ман баромаданд,+
Пайғамбарон аз номи Баал пешгӯйӣ карданд,+
Аз пайи худоёне рафтанд, ки фоидае намеоранд.
9 Барои ҳамин боз шуморо айбдор хоҳам кард,+— мегӯяд Яҳува,—
Ва писарони писаронатонро низ айбдор хоҳам кард.
10 Ба соҳилҳои Киттим+ биравед ва бубинед.
Ба Қедор+ кас фиристед ва нағзакак фикр кунед,
Ки оё чизи ба ин монанде рӯй дода буд.
11 Магар халқе худоёнашро ба худоҳое, ки дар асл худо нестанд, иваз кардааст?
Аммо халқи ман ҷалоли маро ба чизҳои бекора иваз кард.+
12 Эй осмон, ба ин бо ҳайрат назар андоз,
Аз даҳшати бузург ба ларза ой,— мегӯяд Яҳува,—
13 Зеро халқи ман ду кори бад кард:
Онҳо маро, ки Сарчашмаи оби ҳаётам, тарк карданд+
Ва барои худ обанборҳо сохтанд,
Обанборҳои рахнадоре, ки наметавонанд обро нигоҳ доранд.
14 Магар Исроил хизматгор ё ғуломи хоназод аст?
Пас, чаро ба дасти ғоратгарон дода шуд?
15 Шерони ҷавон бар вай наъра мезананд,+
Овозашонро баланд мекунанд.
Онҳо заминро ба даҳшатзор табдил додаанд.
Шаҳрҳояш сӯхта, беодам гаштаанд.
16 Мардуми Нуф*+ ва Таҳфанҳес+ фарқи саратро метарошанд*.
19 Бадкориҳоят бояд ба ту адаб омӯзанд
Ва хиёнаткориҳоят туро ислоҳ кунанд.
Бидон ва бифаҳм, ки тарк кардани Худоят Яҳува
То чӣ андоза талху зишт будааст.+
Охир, ту аз ман тарсе надорӣ,+— мегӯяд Парвардигор Яҳува, Худои лашкарҳо.—
20 Дар замони қадим ман юғатро* шикастам+
Ва занҷирҳоятро пора-пора кардам,
Лекин ту гуфтӣ: “Хизматгорат намешавам”,
Ва бар ҳар теппаи баланд ва зери ҳар дарахти сершоху барг+
Пойҳоятро паҳн карда хобидӣ ва фоҳишагӣ кардӣ.+
21 Ман туро мисли токи сурхи хушкарда, ки аз тухми пок рӯйидааст, шинонда будам.+
Пас, чӣ тавр ту дар пеши назарам ба навдаҳои ёбоии токи дигар табдил ёфтӣ?+
22 Ҳатто агар худро бо ишқор бишӯӣ ва бисёр собун занӣ,
Хатои ту дар пеши ман мисли доғе мемонад,+— мегӯяд Парвардигор Яҳува.—
23 Чӣ тавр ту мегӯӣ: “Худро олуда насохтаам.
Аз пайи Баалҳо нарафтаам”?
Ба корҳое, ки дар водӣ кардӣ, назар андоз.
Дар бораи рафторат фикр кун.
Ту мисли модашутури тездаве ҳастӣ,
Ки бе мақсад ҳар тараф медавад.
24 Ту мисли гӯрхаре ҳастӣ, ки ба биёбон одат кардааст
Ва аз шиддати шаҳват бодро бӯ мекашад.
Кист, ки вайро дар давраи ҷуфтшавияш боздорад?
Ҳеҷ яке аз талабгоронаш худро хаста нахоҳад кард,
Зеро дар мавсимаш вайро меёбад.
25 Поятро аз бараҳнагӣ
Ва гулӯятро аз ташнагӣ нигоҳ дор.
Лекин ту гуфтӣ: “Худатро ғам надеҳ!+
26 Чуноне ки дузд ҳангоми ба даст афтоданаш шармсор мегардад,
Хонадони Исроил, подшоҳон, мирон,
Коҳинон ва пайғамбаронаш низ шарманда хоҳанд шуд.+
27 Онҳо ба дарахт мегӯянд: “Ту падари манӣ”,+
Ва ба санг: “Ту маро зодаӣ”.
Ба ман бошад, рӯй намеоранд, балки пушти худро мегардонанд.+
Аммо дар рӯзи мусибаташон хоҳанд гуфт:
“Бархез ва моро наҷот деҳ!”+
28 Куҷоянд худоёне, ки ту барои худ сохтаӣ?+
Агар тавонанд, бигзор бархеста, туро дар рӯзи мусибат наҷот диҳанд,
Зеро худоёни ту мисли шаҳрҳоят сершумор шудаанд, эй Яҳудо.+
29 Чаро маро айбдор мекунед?
Чаро ҳамаатон бар зидди ман баромадаед?+ — мегӯяд Яҳува.—
Шамшери шумо мисли шери дарранда
Пайғамбаронатонро фурӯ бурд.+
31 Эй насл, ба суханони Яҳува диққат диҳед!
Наход барои Исроил мисли биёбон,
Мисли сарзамини тираву тор шуда бошам?
Чаро халқи ман гуфтааст: “Куҷое хоҳем, меравем.
Мо назди ту дигар барнамегардем”?+
32 Магар бокира зару зеварашро
Ва арӯс тасмаи ороишашро* фаромӯш мекунад?
Халқи ман бошад, маро ба муддати дароз фаромӯш кардааст.+
33 Эй зан, чӣ қадар дар ҷустуҷӯйи ишқбозӣ устоӣ!
Ту роҳҳои бадкориро таълим гирифтаӣ.+
34 Ҳатто доманат олудаи хуни бечорагони бегуноҳ аст.+
Ман онҳоро дар сари ғорат дастгир накардам,
Бо вуҷуди ин хуни онҳо бар домани туст.+
35 Лекин ту мегӯӣ: “Ман бегуноҳам.
Бешак, ғазаби ӯ аз ман баргаштааст”.
Ҳоло ман туро доварӣ мекунам,
Зеро ту мегӯӣ: “Ман бегуноҳам”.
36 Чаро тез-тез роҳатро дигар мекуниву аз ин парвое надорӣ?
37 Аз ин рӯ ту низ дастонатро бар сарат гузошта* меравӣ,+
Зеро Яҳува касонеро, ки ба онҳо умед мебастӣ, рад кардааст.
Онҳо ба ту кумак нахоҳанд кард».