Забур
Ба сардори ромишгарон. Таронаи писарони Қӯраҳ.+
47 Эй ҳамаи халқҳо, қарсақ занед,
Ба Худо бо хурсандӣ нидо кунед ва бонги шодӣ занед,
2 Зеро Худои Таоло, Яҳува, Худои ваҳмангез аст,+
Ӯ бар тамоми замин Подшоҳи бузург аст.+
3 Ӯ халқҳоро зердасти мо мегардонад,
Миллатҳоро зери пойи мо меафканад.+
5 Нидоҳои шодӣ садо доданду Худо ба макони худ баромад,
Яҳува бо овози шох боло баромад.
6 Дар васфи Худо бисароед*, бисароед.
Дар васфи Подшоҳи мо бисароед, бисароед,
7 Зеро Худо бар тамоми замин Подшоҳ аст,+
Бисароед ва бофаҳм бошед.
8 Худо бар ҳамаи миллатҳо Подшоҳ шудааст,+
Ӯ бар тахти муқаддас нишастааст.
9 Пешвоёни халқҳо ҷамъ омадаанд,
Бо халқи Худои Иброҳим гирд омадаанд,
Зеро ҳокимони* замин аз они Худоянд.
Ӯ боломақом аст.+