Доварон
9 Баъд аз чанде Абималики+ писари Ерубаал назди бародарони модараш ба Шакем рафт ва ба онҳову тамоми хонадони бобояш* чунин гуфт: 2 «Илтимос, аз ҳамаи сарварони* Шакем пурсед: “Барои шумо беҳтар аст, ки 70 писари Ерубаал+ бар шумо ҳукмронӣ кунанд ё як нафар? Фаромӯш накунед, ки ман гӯшту устухони шумо ҳастам”».
3 Он гоҳ тағоёнаш суханони ӯро ба ҳамаи сарварони Шакем расонданд ва дили онҳо ба Абималик кашол шуд, чунки онҳо гуфтанд: «Ӯ бародари мост». 4 Баъд аз ин онҳо ба вай аз ибодатхонаи Баал-Барит+ 70 сиқл нуқра доданд ва Абималик ба он нуқра одамони беҳудагарду нобакорро киро карда, ҳамроҳаш бурд. 5 Сипас ӯ ба Офро,+ ба хонаи падараш, рафт ва бародаронаш, 70 писари Ерубаалро, бар як санг кушт.+ Танҳо Ютом, писари аз ҳама хурдии Ерубаал, зинда монд, чунки пинҳон шуд.
6 Баъд тамоми сарварони Шакем ва аҳли Байт-Миллӯ ҷамъ шуда, дар назди дарахти калон, дар назди сутуне, ки дар Шакем буд, Абималикро подшоҳ карданд.+
7 Вақте ки дар ин бора ба Ютом хабар доданд, ӯ даррав бар кӯҳи Ҷаризим баромад+ ва бар сари он истода, сӯйи онҳо фарёд зад: «Маро гӯш кунед, эй сарварони Шакем, ва он гоҳ Худо низ шуморо гӯш мекунад.
8 Рӯзе дарахтон рафтанд, то ки бар худ подшоҳе таъйин* кунанд. Онҳо ба дарахти зайтун гуфтанд: “Бар мо ҳукмрон шав!”+ 9 Вале дарахти зайтун ба онҳо гуфт: “Наход ман равғани худро, ки бо он Худо ва одамонро ҷалол медиҳанд, бимонаму рафта, бар сари дигар дарахтон алвонҷ хӯрам?!” 10 Он гоҳ дарахтон ба дарахти анҷир гуфтанд: “Биё ва бар мо ҳукмрон шав!” 11 Вале дарахти анҷир ба онҳо гуфт: “Наход ман ширинӣ ва меваи бамазаамро бимонаму рафта, бар сари дигар дарахтон алвонҷ хӯрам?!” 12 Баъд аз ин дарахтон ба токи ангур гуфтанд: “Биё ва бар мо ҳукмрон шав!” 13 Токи ангур бошад, ба онҳо ҷавоб дод: “Наход ман шароби навамро, ки Худо ва одамонро шод месозад, бимонаму рафта, бар сари дарахтон алвонҷ хӯрам?!” 14 Оқибат ҳамаи он дарахтон ба хорбутта рӯ оварда гуфтанд: “Биё ва бар мо ҳукмрон шав!”+ 15 Хорбутта дар ҷавоб гуфт: “Агар шумо ҳақиқатан маро подшоҳи худ карданӣ* бошед, биёед ва дар сояи ман паноҳ баред, вагарна оташе аз хорбутта баромада, дарахтони сидраи Лубнонро фурӯ мебарад”.
16 Магар шумо Абималикро подшоҳи худ карда+ аз рӯйи адлу инсоф рафтор намудед? Оё ба Ерубаал ва аҳли хонаи ӯ некӣ кардед ва оё ӯ инро сазовор буд? 17 Вақте ки падарам барои шумо меҷангид,+ ҷони худро дар хатар монда, шуморо аз дасти Мидён халос кард.+ 18 Вале имрӯз шумо бар зидди хонадони падари ман баромадед ва 70 писари ӯро бар як санг куштед+ ва Абималикро, писари канизашро,+ танҳо ба хотири он ки бародари шумост, бар сарварони Шакем подшоҳ кардед. 19 Агар шумо имрӯз бо Ерубаал ва хонадони ӯ аз рӯйи адлу инсоф амал карда бошед, аз Абималик шод шавед ва ӯ низ аз шумо шод шавад. 20 Вагарна бигзор оташе аз Абималик барояд ва сарварони Шакему Байт-Миллӯро фурӯ барад+ ва бигзор оташе аз байни сарварони Шакему Байт-Миллӯ баромада, Абималикро фурӯ барад».+
21 Баъд аз ин Ютом+ гурехта, дар Баир паноҳ бурд ва аз тарси бародараш Абималик дар он ҷо сокин шуд.
22 Абималик се сол бар Исроил ҳукмронӣ кард*. 23 Пас аз ин Худо роҳ дод, ки дар миёни Абималик ва сарварони Шакем душманӣ сар занад ва онҳо ба Абималик хиёнат карданд. 24 Чунин шуд, то барои бадие, ки ба 70 писари Ерубаал карданд, қасос гирифта шавад ва хуни онҳо бар гардани бародарашон Абималик, ки онҳоро кушт,+ ва бар гардани сарварони Шакем бошад, ки ӯро дар ин кор дастгирӣ карданд. 25 Сарварони Шакем дар қуллаи кӯҳҳо одам гузошта, бар зидди ӯ камин гирифтанд ва онҳо ҳар касеро, ки бо он роҳ аз пешашон мегузашт, ғорат мекарданд. Бо гузашти вақт инро ба Абималик хабар доданд.
26 Ҷуали писари Обид бо бародаронаш сӯйи Шакем+ гузашта омад ва сарварони Шакем ба ӯ умед бастанд. 27 Онҳо ба саҳро баромада, ҳосили токзорҳояшонро чиданд, онро фишурданд ва ҷашн барпо карданд. Баъд аз ин онҳо ба хонаи худояшон рафта,+ хӯрданду нӯшиданд ва Абималикро дуои бад карданд. 28 Он гоҳ Ҷуали писари Обид гуфт: «Кист Абималик ва кист Шакем, ки мо ба ӯ хизмат кунем? Магар ӯ писари Ерубаал+ нест ва Забул амалдораш нест? Ба мардони Ҳамӯр, падари Шакем, хизмат кунед! Чаро мо хизмати Абималикро мекардаем? 29 Кошки ин мардум зери дасти ман мебуд, он гоҳ ман Абималикро сарнагун мекардам». Ӯ ба Абималик гуфт: «Лашкаратро зиёд кун ва ба ҷанг баро!»
30 Вақте ки мири шаҳр, Забул, суханони Ҷуали писари Обидро шунид, сахт ба ғазаб омад. 31 Ӯ пинҳонӣ назди Абималик хабаррасононро фиристода, гуфт: «Бидон, ки Ҷуали писари Обид ва бародаронаш ҳоло дар Шакеманд ва онҳо шаҳрро бар зидди ту ба по хезонда истодаанд. 32 Пас, шабона ту ва одамонат бархезед ва дар саҳро камин гиред. 33 Субҳидам, ҳамин ки офтоб барояд, бихез ва ба шаҳр ҳамла ор. Вақте ки ӯ ва одамонаш бар зидди ту бароянд, ҳар чиро аз дастат ояд, бикун ва ӯро мағлуб намо».
34 Абималик ва тамоми ҳамроҳонаш шабона бархестанд ва чор даста шуда, бар зидди Шакем камин гирифтанд. 35 Вақте ки Ҷуали писари Обид берун омад ва дар даҳани дарвозаи шаҳр истод, Абималик ва ҳамроҳонаш аз камингоҳ бархестанд. 36 Ҷуал он мардумро дида, ба Забул гуфт: «Нигоҳ кун, аз қуллаи кӯҳҳо одам фаромада истодааст». Вале Забул ба ӯ гуфт: «Ин сояи кӯҳҳост, ки дар назари ту одамон метобад».
37 Каме пас Ҷуал гуфт: «Нигар, одамон аз миёнаҷои замин фаромада истодаанд ва як даста бо роҳи дарахти калони Меӯним меояд». 38 Забул дар ҷавоб гуфт: «Магар ту даҳанкалонӣ карда нагуфта будӣ: “Абималик кист, ки мо ба ӯ хизмат кунем”?+ Охир, ин ҳамон одамоне ҳастанд, ки назарат онҳоро нагирифта буд. Ана акнун баромада, бо онҳо ҷанг бикун».
39 Он гоҳ Ҷуал пешопеши сарварони Шакем берун омада, бо Абималик ҷангид. 40 Абималик аз паси ӯ сур кард ва Ҷуал аз пеши вай гурехт. Дар он ҷанг одамони бисёре то худи даҳани дарвозаи шаҳр кушта шуданд.
41 Абималик дар Орумо сокин шуд ва Забул+ Ҷуал ва бародаронашро аз Шакем пеш кард. 42 Рӯзи дигар мардум ба саҳро баромад ва инро ба Абималик хабар доданд. 43 Ӯ одамонашро гирифта, ба се даста тақсим кард ва дар саҳро камин гирифт. Вақте ӯ дид, ки мардум аз шаҳр мебароянд, ба онҳо ҳамла овард ва онҳоро кушт. 44 Абималику дастаҳояш ҳуҷум карданд ва дар даҳани дарвоза ҷойгир шуданд, ду дастаи дигар бошад, ба ҳамаи онҳое, ки дар саҳро буданд, ҳамла овард ва онҳоро кушт. 45 Абималик бо сокинони шаҳр рӯзи дароз ҷангида, шаҳрро забт кард. Ӯ мардуми онро кушт ва шаҳрро валангор карда,+ бар он намак пошид.
46 Ҳангоме ки ҳамаи сарварони бурҷи* Шакем инро шуниданд, дарҳол ба паноҳгоҳи ибодатхонаи Ил-Берит рафтанд.+ 47 Вақте ба гӯши Абималик расид, ки тамоми сарварони бурҷи Шакем ҷамъ шудаанд, 48 ӯ ва ҳамаи мардоне, ки ҳамроҳаш буданд, ба кӯҳи Салмӯн баромаданд. Абималик ба даст табар гирифта, шохи дарахтеро бурид ва онро ба китфаш гузошта, ба ҳамроҳонаш гуфт: «Он чиро ман кардам, шумо ҳам тезтар кунед!» 49 Ҳамаи одамонаш шохаҳоро бурида, аз паси Абималик рафтанд. Онҳо шохаҳоро гирдогирди паноҳгоҳ гузошта, онро оташ заданд. Ҳамаи одамони бурҷи Шакем низ, ки тақрибан 1000 мард ва зан буданд, мурданд.
50 Сипас Абималик ба Тебес рафт. Ӯ дар муқобили Тебес лашкарашро ҷойгир намуда, онро забт кард. 51 Дар мобайни он шаҳр бурҷи мустаҳкаме буд ва тамоми марду зан ва ҳамаи сарварони шаҳр ба он ҷо гурехтанд. Онҳо дарро аз паси худ маҳкам карда, ба боми бурҷ баромаданд. 52 Абималик сӯйи бурҷ ҳаракат намуда, ба он ҳуҷум кард. Ӯ ба даромадгоҳи бурҷ наздик шуд, то ки онро оташ занад. 53 Он гоҳ зане санги болоии осиёбро ба сари Абималик партофта, косахонаи сарашро шикаст.+ 54 Абималик ҳамон замон силоҳбардорашро ҷеғ зада, гуфт: «Шамшер кашида, маро бикуш, то дар ҳаққи ман нагӯянд, ки “ӯро зане кушт”». Аз ин рӯ он хизматгузораш ӯро шамшер зад ва ӯ мурд.
55 Вақте исроилиён диданд, ки Абималик мурдааст, ҳамаашон ба хонаи худ баргаштанд. 56 Ҳамин тавр Худо бадиеро, ки Абималик 70 бародарашро кушта, дар ҳаққи падараш карда буд, ба сари худи вай овард.+ 57 Ҳамчунин Худо тамоми бадиеро, ки мардуми Шакем карда буданд, ба сарашон баргардонд. Ҳамин тавр, дуои бади Ютоми писари Ерубаал+ онҳоро гирифт.+