Забур
114 Вақте Исроил аз Миср баромад+
Ва хонадони Яъқуб аз халқе, ки забонашон бегона буд,
2 Яҳудо муқаддасгоҳи ӯ гашт
Ва Исроил қаламрави ӯ.+
4 Кӯҳҳо мисли қӯчқорон
Ва теппаҳо мисли барраҳо ҷаҳидан гирифтанд.+
5 Аз чӣ гурезон шудӣ, эй баҳр?+
Чаро қафо гаштӣ, эй Урдун?+
6 Эй кӯҳҳо, чаро мисли қӯчқорон ба ҷаҳидан даромадед?
Эй теппаҳо, чаро мисли барраҳо ҷастухез кардед?
7 Эй замин, пеши Худованд биларз,
Пеши Худои Яъқуб.+
8 Ӯ кӯҳро ба кӯли сероби пур аз қамиш
Ва санги чақмоқро ба чашмаҳои об табдил медиҳад.+