Айюб
17 Рӯҳи ман пажмурда шудааст ва рӯзҳоям ба поён мерасанд,
Гӯристон маро интизор аст.+
2 Масхарабозон маро гирд кардаанд+
Ва чашмам ба исёни онҳо назар медӯзад.
3 Илтимос, гарави маро бигир ва онро нигаҳ дор.
Агар ту дасти маро фишурда кафилам* нашавӣ, кӣ мешавад?+
4 Ту дили онҳоро аз фаҳму хирад бебаҳра мондаӣ,+
Аз ин рӯ онҳоро сарафроз намекунӣ.
5 Чунин шахс ба ёру дӯстонаш мегӯяд, ки аз дороии ӯ бигиранд,
Ҳол он ки аз гуруснагӣ чашмони фарзандонаш сиёҳӣ мезананд.
7 Аз ғусса чашмонам торик шудаанд,+
Аз ман фақат сояам мондааст.
8 Росткорон инро дида ангушти ҳайрат мегазанд
Ва беайб аз кори худобехабарон ба ғазаб меояд.
10 Аммо шумо биёеду боз бо ман баҳс кардан гиред,
Ман аз байнатон як хирадманд ҳам наёфтам.+
11 Рӯзҳои ман ба охир расидаанд.+
Ниятҳо ва орзуҳои дилам барбод рафтаанд.+
12 Онҳо шабро рӯз меноманд
Ва мегӯянд: “Ба қарибӣ бояд равшан шавад, зеро ҳоло торик аст”.
14 Ба қабр мегӯям:+ “Ту падари ман ҳастӣ!”
Ва ба кирм: “Эй модар ва хоҳари ман!”
15 Пас, ман чӣ умеде дорам?+
Кист, ки умеди маро дида бошад?
16 Вақте ҳамаи мо якҷоя зери хок шавем,+
Умедам ба дарвозаҳои гӯр фурӯ меравад».