Забур
Ба сардори ромишгарон. Бар созҳои торӣ. Маскил*. Таронаи Довуд.
2 Ба ман гӯш андоз ва ҷавоб деҳ.+
Аз ғаму ташвиш ноорому ғамзада шудаам,+
3 Аз сухани душман
Ва фишори бадкор ба ин ҳол афтодаам,
Зеро онҳо бар сарам бало меоранд
Ва аз хашму ғазаб бо ман душманӣ мекунанд.+
5 Тарсу ҳарос дар вуҷудам ҷо шудааст
Ва ларза маро пахш кардааст.
6 Пайваста мегӯям: «Кош мисли кабӯтар бол медоштам
Ва парида ба ҷойи ором мерафтам!
7 Ба ҷойи дур парвоз мекардам+
9 Эй Яҳува, онҳоро парешон кун ва ниятҳояшонро вайрон соз,+
Зеро дар ин шаҳр ситаму ҷидолҳоро дидаам.
10 Рӯзу шаб онҳо гирди шаҳр бар деворҳои он мегарданд.
Даруни шаҳр пур аз найрангу бадбахтиҳост.+
11 Харобӣ дар миёни он аст,
Зулму фиреб аз майдонаш дур намешавад.+
12 Маро на душман бадгӯйӣ мекунад,+
Вагарна тоқат мекардам,
На бадхоҳ ба ман зид баромадааст,
Вагарна аз ӯ пинҳон мешудам.
14 Мо дӯстони ҳамроз будем
Ва ба хонаи Худо бо ҷамоати бузург якҷоя мерафтем.
15 Бигзор онҳо нобуд шаванд!+
Бигзор зинда ба зинда ба гӯр раванд,
Зеро дар миёни онҳо ва андаруни онҳо бадӣ сокин аст.
16 Аммо ман сӯйи Худо фарёд хоҳам кард
Ва Яҳува маро наҷот хоҳад дод.+
18 Ӯ маро раҳо мекунад ва аз онҳое, ки бо ман меҷанганд, амонӣ мебахшад,
Зеро бисёр касон бар зидди мананд.+
19 Худо шунида, ба онҳо ҷавоб медиҳад,+
Худое, ки аз замони куҳан бар тахт нишастааст,+ (Село)
Зеро онҳо дигар шудан намехоҳанд,
Онҳо, ки аз Худо наметарсанд.+
21 Суханонаш аз маска нармтар,+
Вале дилаш пур аз кина аст.
Суханонаш аз равған мулоимтар,
Вале мисли шамшери бараҳнаянд.+
Ӯ ҳаргиз намегузорад, ки росткор биафтад.+
23 Вале онҳоро, эй Худо, ту ба чоҳи бетаге хоҳӣ партофт.+
Он хунрезону фиребгарон нисфи умрашонро ҳам нахоҳанд дид.+
Ман бошам, ба ту такя хоҳам намуд.