Забур
Ба сардори ромишгарон. Бар сози едутун*. Таронаи Осаф.+
77 Бо садои баланд сӯйи Худо фарёд мезанам,
Сӯйи Худо фарёд мекунам, ӯ маро хоҳад шунид.+
2 Дар рӯзи тангӣ Яҳуваро ҷустуҷӯ мекунам.+
Шабона беист сӯйи ӯ дасти дуо мебардорам
Ва ҳеҷ ором намешавам.
3 Вақте Худоро ба ёд орам, нолиш мекунам.+
Диламро ғам зер кардааст ва тобу тавон надорам.+ (Село)
4 Чашмонамро бедор медорӣ,
Беқарорам, ҳарфе зада наметавонам.
5 Дар бораи рӯзҳои пешин,
Солҳои гузашта, фикру хаёл мекунам.+
6 Шабонгаҳ сурудамро ба хотир меорам.+
Дар дил андеша мекунам+
Ва ба саволҳоям ҷавоб меҷӯям.
7 Магар Яҳува моро абадан тарк мекунад?+
Магар ӯ дигар ба мо лутф намекунад?+
8 Наход меҳру вафояш ба охир расида бошад?
Наход наслҳои оянда иҷрошавии ваъдаашро набинанд?
9 Оё Худо фаромӯш кардааст, ки ба мо лутф кунад+
Ва ё ба сабаби хашмаш раҳмаш барҳам хӯрдааст? (Село)
10 Наход ман пайваста бигӯям:
«Дилрешам+ аз он ки Худои Таоло моро чап гирифтааст»?
11 Корномаҳои Ёҳро* ба хотир меорам,
Корҳои ҳайратангезу қадими туро.
12 Дар бораи тамоми амалҳоят меандешам,
Дар бораи рафторат фикру хаёл мекунам.+
13 Худоё, роҳҳои ту поканд.
Худоё, магар худои дигаре ҳаст, ки мисли ту бузург бошад?+
14 Ту Худои ҳаққӣ, ки корҳои аҷоиб ба амал меорӣ.+
Ту қудрататро ба халқҳо ошкор сохтаӣ.+
18 Раъди ту+ мисли овози чархи аробаҳо садо дод.
Осмон барқ зада, заминро равшан кард.+
Замин ҷунбид ва ба ларза омад.+
20 Халқатро мисли рама бо дасти Мӯсову Ҳорун+ роҳнамоӣ намудӣ.+