Марқус
9 Сипас Исо ба онҳо гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям: баъзе аз онҳое, ки дар ин ҷо истодаанд, то набинанд, ки Подшоҳии Худо бо қудрат омадааст, мазаи маргро намечашанд».+ 2 Шаш рӯз пас ӯ Петрус, Яъқуб ва Юҳанноро ҳамроҳи худ гирифта, ба кӯҳи баланде баромад. Он ҷо ӯ дар пеши чашми онҳо дигаргун шуд:+ 3 либосаш чун барф сап-сафед шуда ҷило дод, ба тавре ки ҳеҷ кас дар рӯйи замин либосро шуста ин тавр сафед карда наметавонист. 4 Сипас шогирдон Илёс ва Мӯсоро, ки бо Исо суҳбат мекарданд, диданд. 5 Он гоҳ Петрус ба Исо гуфт: «Устод, дар ин ҷо будани мо хуб аст. Биё се хайма занем — якеаш барои ту, дигараш барои Мӯсо ва сеюмаш барои Илёс». 6 Петрус чӣ гуфтанашро намедонист, зеро ҳамаашон ба тарсу ҳарос афтода буданд. 7 Он гоҳ дар болои сарашон абре пайдо шуд ва аз абр овозе+ омад: «Ин Писари азизи ман аст.+ Ӯро гӯш кунед».+ 8 Аммо, вақте ки ба гирду атроф нигоҳ карданд, ғайр аз Исо каси дигареро надиданд.
9 Вақте ки аз кӯҳ мефаромаданд, Исо ба шогирдонаш ба таври қатъӣ фармуд, ки, то даме ки Фарзанди одам аз мурдагон зинда нашавад,+ чизи дидаашонро ба ҳеҷ кас нагӯянд.+ 10 Онҳо гапи Исоро гирифтанд, лекин аз якдигар мепурсиданд, ки аз мурдагон зинда шудани ӯ чӣ маъно дорад. 11 Он гоҳ онҳо аз ӯ пурсиданд: «Барои чӣ шариатдонон мегӯянд, ки аввал бояд Илёс биёяд?»+ 12 Ӯ ба онҳо ҷавоб дода гуфт: «Онҳо рост мегӯянд, аввал бояд Илёс биёяд ва ҳама чизро барқарор кунад;+ аммо барои чӣ навишта шудааст, ки Фарзанди одамро бисёр азоб медиҳанд+ ва паст мезананд?+ 13 Ба шумо мегӯям, ки Илёс,+ дар ҳақиқат, омад ва онҳо ҳар чӣ хостанд, бо вай карданд, чи тавре ки дар борааш навишта шудааст».+
14 Вақте онҳо ба назди шогирдони дигар гашта омаданд, диданд, ки дар гирди шогирдон мардуми бисёре ҷамъ омадааст ва шариатдонон бо онҳо баҳсу мунозира мекунанд.+ 15 Мардум Исоро дида ҳайрон шуданд ва наздаш давида омаданду бо ӯ салому алейк карданд. 16 Исо аз онҳо пурсид: «Шумо бо онҳо дар бораи чӣ баҳс мекунед?» 17 Аз байни мардум марде ҷавоб дод: «Устод, ман писарамро ба пешат овардам, чунки вай гирифтори дев аст ва он писарамро гунг кардааст.+ 18 Ҳар боре дев ҳамла кунад, писарамро ба замин мезанад ва аз даҳони вай кафк мебарояд, дандонҳояш ба ҳам месояд ва вай тамоман бемадор мешавад. Ман аз шогирдонат хоҳиш кардам, ки девро аз писарам берун кунанд, аммо онҳо натавонистанд». 19 Дар ҷавоб ӯ ба онҳо гуфт: «Эй насли беимон,+ то кай бо шумо бошам? Боз чанд вақт шуморо тоқат кунам? Ӯро пеши ман биёред».+ 20 Бачаро назди Исо оварданд. Вақте ки дев Исоро дид, кӯдакро ба ларза овард ва кӯдак ба замин афтода, печутоб хӯрд ва аз даҳонаш кафк баромад. 21 Он гоҳ Исо аз падари кӯдак пурсид: «Ин ҳолат кай боз давом мекунад?» Вай гуфт: «Аз кӯдакияш. 22 Бисёр вақт дев ӯро гоҳ ба обу гоҳ ба оташ меандозад, то ӯро нобуд кунад. Агар ягон кор карда тавонӣ, ба мо раҳм кун ва ёрӣ деҳ». 23 Исо ба вай гуфт: «“Агар тавонӣ” мегӯӣ? Барои касе, ки имон дорад, ҳама чиз имконпазир аст».+ 24 Дарҳол падари кӯдак бо овози баланд гуфт: «Имон дорам! Дар чизе, ки имонам сустӣ кунад, ба ман ёрӣ деҳ!»+
25 Вақте Исо пай бурд, ки назди онҳо мардуми зиёде омада истодааст, рӯҳи нопокро сарзаниш карда гуфт: «Эй рӯҳи гунгиву карӣ, ба ту амр мефармоям, ки аз бача берун шав ва дигар ба вай надаро!»+ 26 Дев фарёд зад ва кӯдакро сахт ба ларза оварда, аз вай баромад ва кӯдак мисли мурда шуд. Инро дида аксарият гуфтанд: «Вай мурд!» 27 Лекин Исо кӯдакро аз дасташ гирифта, хезонд ва вай рост истод. 28 Вақте ки онҳо ба хона даромаданд, шогирдонаш дар танҳоӣ аз ӯ пурсиданд: «Барои чӣ мо девро берун карда натавонистем?»+ 29 Ӯ ба онҳо гуфт: «Ин гуна девҳоро танҳо бо дуо аз одам берун кардан мумкин аст».
30 Онҳо аз он ҷо баромаданд ва аз вилояти Ҷалил гузашта, роҳашонро давом доданд, лекин Исо намехост, ки касе дар куҷо буданашро фаҳмад. 31 Ӯ шогирдонашро таълим дода мегуфт: «Фарзанди одам ба дасти душманонаш супурда мешавад ва онҳо ӯро мекушанд,+ лекин кушта шавад ҳам, баъди се рӯз зинда мешавад».+ 32 Аммо онҳо суханони ӯро нафаҳмиданд ва ҷуръат накарданд, ки аз ӯ чизе бипурсанд.
33 Сипас онҳо ба Кафарнаҳум омаданд. Дар хона Исо аз шогирдонаш пурсид: «Дар роҳ шумо дар бораи чӣ баҳс мекардед?»+ 34 Онҳо хомӯш нишастанд, зеро дар роҳ баҳс мекарданд, ки кадоме аз онҳо бузургтар аст. 35 Ӯ нишаста, назди худ 12 расулашро ҷеғ заду гуфт: «Ҳар кӣ дар байни шумо аввалин будан хоҳад, бояд охирин бошад ва хизматгори ҳама шавад».+ 36 Баъд ӯ кӯдакеро оварда, дар байни онҳо гузошт ва ӯро ба оғӯш гирифта, гуфт: 37 «Ҳар кӣ яке аз чунин кӯдаконро ба хотири номи ман қабул кунад,+ маро ҳам қабул мекунад. Ҳар кӣ маро қабул кунад, на танҳо маро, балки Фиристандаи маро ҳам қабул мекунад».+
38 Юҳанно ба ӯ гуфт: «Устод, мо мардеро дидем, ки ба номи ту девҳоро аз одамон берун мекунад, ва хостем пеши роҳашро гирем, чунки вай моро пайравӣ намекунад».+ 39 Аммо Исо гуфт: «Вайро аз ин кор бознадоред, зеро ҳар кӣ ба номи ман муъҷизаҳо кунад, наметавонад дарҳол баъди ин дар ҳаққи ман суханони бад гӯяд. 40 Ҳар кӣ зидди мо нест, бо мост.+ 41 Ба ростӣ ба шумо мегӯям: ҳар кӣ ба шумо ба хотири пайрави Масеҳ буданатон як пиёла об диҳад,+ мукофоти худро аз даст намедиҳад.+ 42 Аммо ҳар кӣ яке аз ин хурдонро, ки ба ман имон доранд, пешпо диҳад, барояш беҳтар аст, ки санги калони осиёро* ба гарданаш баста, ӯро ба баҳр партоянд.+
43 Агар дастат туро ба гуноҳ тела диҳад*, онро бурида парто, зеро барои ту беҳтар аст, ки аз дастат маҳрум шуда, соҳиби ҳаёт гардӣ, назар ба он ки бо ду даст ба водии Ҳиннӯм*, ба оташе, ки хомӯш намешавад, партофта шавӣ.+ 44 *—— 45 Агар поят туро ба гуноҳ тела диҳад*, онро бурида парто, зеро барои ту беҳтар аст, ки аз поят маҳрум шуда, соҳиби ҳаёт гардӣ, назар ба он ки бо ду пой ба водии Ҳиннӯм* партофта шавӣ.+ 46 *—— 47 Ҳамчунин, агар чашмат туро ба гуноҳ тела диҳад*, онро канда парто,+ зеро барои ту беҳтар аст, ки бо як чашм ба Подшоҳии Худо дароӣ, назар ба он ки бо ду чашмат ба водии Ҳиннӯм* партофта шавӣ,+ 48 ки он ҷо кирмҳо намемиранд ва оташ хомӯш намешавад.+
49 Ҳар кас бояд бо оташ намакин карда шавад.+ 50 Намак чизи хуб аст, лекин, агар намак шӯрияшро гум кунад, бо чӣ онро баргардонидан мумкин аст?+ Бонамак бошед+ ва бо якдигар муросо кунед».+