Забур
149 Ёҳро* ситоиш кунед!
2 Бигзор Исроил аз боиси Офаридгори Бузургаш хурсандӣ кунад,+
Фарзандони Сион аз боиси Подшоҳашон шод шаванд.
3 Бигзор номи ӯро бо рақс ситоиш кунанд+
Ва дар васфаш бо дафу чанг бисароянд*,+
5 Бигзор бандагони бовафояш ҷалол ёфта, шодӣ кунанд,
Бигзор бар бистари худ нидоҳои шодӣ бароранд.+
6 Бигзор суруди ҳамди Худо аз даҳонашон канда нашавад
Ва шамшери дудама аз дасташон,
7 То аз қавмҳо қасос гиранд
Ва халқҳоро ҷазо диҳанд,
8 То подшоҳони онҳоро занҷир зананд
Ва пойҳои калоншавандагонро завлонаи оҳанин,
9 То ҳукмеро, ки бар зидди онҳо навишта шудааст, ба ҷо оранд.+
Ин шараф аз бандагони бовафои ӯст.
Ёҳро* ситоиш кунед!