Ишаъё
14 Яҳува ба Яъқуб раҳм мекунад+ ва боз Исроилро интихоб менамояд.+ Ӯ онҳоро дар заминашон ҷойгир мекунад*,+ ғарибон ба онҳо ҳамроҳ мешаванд ва ба хонадони Яъқуб мепайванданд.+ 2 Халқҳо онҳоро гирифта, ба заминашон меоранд ва хонадони Исроил дар замини Яҳува онҳоро ғулому канизи худ мегардонад.+ Онҳо асиркунандагони худро асир мекунанд ва корфармоёни худро зердаст месозанд.
3 Дар рӯзе ки Яҳува туро аз дард, изтироб ва ғуломии сахте, ки ба он гирифтор шудӣ, озод кунад,+ 4 дар ҳаққи шоҳи Бобил ин масалро мегӯӣ*:
«Чӣ гуна корфармои дигарон фурӯ ғалтид
Ва ситами ӯ ба охир расид!+
5 Яҳува калтаки бадкорон,
Асои ҳокимонро, шикаст.+
6 Ӯ касеро, ки бо ғазаб мардумонро зарбаҳои паёпай мезад+
Ва бо хашм халқҳоро беист озор медоду тобеъ менамуд, нобуд кард.+
7 Тамоми замин ором гирифт ва аз изтироб халос шуд.
Мардум аз шодӣ фарёд мезанад.+
8 Ҳатто дарахтони арча
Ва сидраҳои Лубнон ҳоли туро дида хурсандӣ мекунанд.
Онҳо мегӯянд: “Аз замоне ки ту фурӯ ғалтидӣ,
Дарахтбуре ба сари мо наомадааст”.
9 Ҳатто гӯр, ки дар зер аст, ба ҷунбиш омадааст,
То, вақте биёӣ, туро пешвоз гирад.
Он барои ту касонеро, ки аз дасти марг нотавон гаштаанд,
Тамоми ҳокимони золими* заминро, бедор мекунад,
Ҳамаи подшоҳони халқҳоро аз тахтҳояшон мехезонад.
10 Ҳамаи онҳо овоз бароварда ба ту мегӯянд:
“Наход ту низ мисли мо нотавон шуда бошӣ?
Наход ту монанди мо гашта бошӣ?
11 Ғурури ту ва овози созҳои торият+
Ба гӯр фурӯ рафтааст.
Кирминаҳо бистари ту
Ва кирмҳо болопӯши туянд”.
12 Чӣ гуна ту аз осмон афтидӣ,
Эй ситораи дурахшон, эй писари субҳ!
Чӣ гуна бурида, ба замин партофта шудӣ,
Эй ту, ки халқҳоро торумор мекардӣ!+
13 Ту дар дил гуфтӣ: “Ба осмон мебароям.+
Тахти худро болотар аз ситораҳои Худо мегузорам+
Ва бар кӯҳи ҷомеъ,
Дар ҷойҳои дуртарини шимол, мешинам.+
14 Болотар аз абрҳо мебароям.
Монанди Худои Таоло мешавам”.
15 Аммо ту ба гӯр,
Ба ҷойи чуқуртарин, партофта мешавӣ.
16 Онҳое, ки туро мебинанд, сӯят назар медӯзанд,
Онҳо ба ту бодиққат нигоҳ карда мегӯянд:
“Наход ин ҳамон касе бошад, ки заминро ба ҷунбиш
Ва подшоҳиҳоро ба ларза меовард?+
17 Наход ин ҳамон касе бошад, ки рӯйи заминро ба биёбон табдил дод,
Касе, ки шаҳрҳоро зеру забар мекард+
Ва асиронро ба хонаҳояшон ҷавоб намедод?”+
18 Ҳамаи подшоҳони халқҳо,
Бо шукӯҳи худ дар қабр хобидаанд.
19 Аммо туро чун навдаи нафратоваре
Гӯр накарда партофтаанд.
Ту бо ҷасади онҳое, ки аз дами шамшер кушта
Ва ба чоҳи сангин партофта шудаанд, пӯшонида шудаӣ
Ва мисли мурдае ҳастӣ, ки поймол шудааст.
20 Ту бо онҳо ба қабр гузошта намешавӣ,
Зеро замини худро хароб кардаӣ
Ва мардуми худро куштаӣ.
Номи насли бадкоронро дигар ҳеҷ гоҳ ба забон намеоранд.
21 Барои писарони ӯ ба сабаби гуноҳи бобоёнашон
Ҷойи қатлро тайёр кунед,
То онҳо сар набардоранд, заминро зери даст накунанд
Ва дар саросари он шаҳрҳо насозанд».
22 «Ман бар зидди онҳо мебароям,+— мегӯяд Яҳува, Худои лашкарҳо.—
Ман ном, бақия, фарзандон ва насли онҳоро аз Бобил нест мекунам,+— мегӯяд Яҳува.—
23 Ман онро мулки ҷайра ва ботлоқзор месозам ва бо ҷорӯби ҳалокат мерӯбам»,+— мегӯяд Яҳува, Худои лашкарҳо.
24 Яҳува, Худои лашкарҳо, чунин қасам хӯрдааст:
«Он чӣ ният кардам, ҳамон мешавад
Ва он чӣ қарор кардам, иҷро мегардад.
25 Ман ошуриро дар замини худ шикаст медиҳам
Ва ӯро дар кӯҳҳои худ поймол мекунам.+
26 Чунин аст қароре, ки бар зидди тамоми замин бароварда шудааст,
Ва чунин аст дасте, ки бар зидди тамоми халқҳо дароз шудааст*.
27 Охир, Яҳува, Худои лашкарҳо, ки қарор карда бошад,
Кӣ пеши роҳи ӯро гирифта метавонад?+
Ӯ ки дасташро дароз карда бошад,
Кӣ онро дур карда метавонад?+
28 Дар соле, ки шоҳ Оҳоз вафот кард,+ чунин паём расид:
29 «Эй аҳли Фалиштӣ, шод нашав,
Ки калтаки занандаат шикастааст.
30 Нахустзодагони мардуми бечора сер мешаванд
Ва камбағалон дар амонӣ мехобанд,
Аммо решаи туро бо гушнагӣ нобуд мекунам
Ва бақияи ту кушта мешавад.+
31 Нола кун, эй дарвоза! Фарёд зан, эй шаҳр!
Тамоми халқат дил бой медиҳад, эй замини Фалиштӣ!
Зеро аз шимол дуд меояд
Ва касе дар сафҳои душман ақиб намемонад».
32 Онҳо ба хабаррасонони халқ чӣ ҷавоб диҳанд?
Ҷавоб диҳанд, ки Яҳува таҳкурсии Сионро гузоштааст+
Ва бечорагони халқи ӯ дар он паноҳ меёбанд.