Забур
Суруди болобароӣ.
126 Вақте Яҳува асирони Сионро баргардонд,+
Гумон мекардем, ки хоб дида истодаем.
2 Он гоҳ даҳонамон пур аз ханда
Ва забонамон пур аз нидоҳои шодӣ буд.+
Он вақт дар байни халқҳо мегуфтанд:
«Яҳува барои онҳо корҳои бузург кардааст».+
3 Яҳува барои мо корҳои бузург кардааст,+ мо хеле шодем.
4 Эй Яҳува, чуноне ки обҳо ба ҷӯйҳои Негеб* бармегарданд,
Ту низ асирони моро баргардон.
5 Касоне, ки бо ашк кишт мекунанд,
Бо нидоҳои шодӣ дарав хоҳанд кард.