Забур
Таронаи Довуд.
26 Маро, эй Яҳува, доварӣ намо, зеро дар беайбӣ роҳ рафтаам.+
Ба Яҳува бе дудилагӣ такя намудаам.+
3 Меҳру вафоят доимо пеши назарам аст
Ва ман дар ростии ту роҳ меравам.+
6 Дастонамро дар беайбӣ хоҳам шуст
Ва гирди қурбонгоҳат давр хоҳам зад, эй Яҳува,
7 То овозамро барои шукронаи ту баланд кунам+
Ва аз корҳои аҷоибат ҳикоят намоям.
9 Ҷонамро бо гунаҳкорон нагир+
Ва ҳаётамро бо хунхӯрон нобуд насоз,
10 Бо онҳое, ки дастонашон пур аз корҳои ҳаром
Ва дасти росташон пур аз пора аст.
11 Ман бошам, роҳи беайбиро тай хоҳам намуд.
Наҷотам деҳ ва лутф намо.
12 Поям бар замини ҳамвор аст.+
Дар ҷамоати бузург Яҳуваро ситоиш хоҳам намуд.+