1 Мӯсо
45 Юсуф дигар худро дошта натавониста+ ба хизматгоронаш фарёд зад: «Ҳамаро аз пеши ман бароред!» Вақте Юсуф кӣ будани худро ба бародаронаш маълум сохт, касе дар назди онҳо набуд.+
2 Ӯ овозашро чунон баланд карда гирист, ки мисриён ва аҳли хонаводаи фиръавн овози гиряи ӯро шуниданд. 3 Ниҳоят Юсуф ба бародаронаш гуфт: «Ман Юсуф ҳастам! Оё падарам зиндаву саломат аст?» Вале бародаронаш хомӯш монданд, зеро ҳайратзада буданд. 4 Он гоҳ Юсуф ба бародаронаш гуфт: «Ба ман наздиктар оед», ва бародаронаш ба ӯ наздик шуданд.
Юсуф ба онҳо гуфт: «Ман бародаратон Юсуф ҳастам, ки шумо ӯро ба Миср фурӯхтед.+ 5 Акнун зиқ нашавед ва якдигарро айбдор накунед, ки маро ба ин ҷо фурӯхтед, зеро худи Худо маро пешопеши шумо фиристод, то ҳаётатонро наҷот диҳад.+ 6 Ҳанӯз соли дуюми қаҳтист+ ва боз панҷ соли дигар на шудгор мешаваду на ҳосилғундорӣ. 7 Вале Худо маро пешопеши шумо фиристод, то наслатонро дар ин замин боқӣ гузорад+ ва наҷоти бузурге бахшида шуморо зинда нигоҳ дорад. 8 Пас, маро на шумо ин ҷо фиристодед, балки худи Худо, то маро вазири* фиръавн ва ҳокими тамоми хонадони ӯ ва замини Миср гардонад.+
9 Шитоб кунед ва назди падарам рафта, бигӯед: “Писарат Юсуф чунин мегӯяд: “Худо маро бар тамоми замини Миср ҳоким таъйин кардааст.+ Зудтар назди ман биё.+ 10 Ту ҳамроҳи писаронат, наберагонат, гову молат ва тамоми чизу чораат дар наздикии ман, дар замини Ҷӯшан,+ сокин мешавӣ. 11 Ман дар давоми ин панҷ соли қаҳтӣ туро бо хӯрду хӯрок таъмин мекунам,+ то ту ва хонадони ту бенавою камбағал нагардед ва аз тамоми молу мулкатон маҳрум нашавед”. 12 Инак, шумо ва бародарам Бинёмин бо чашмони худ мебинед, ки ин манам, ки бо шумо сухан мегӯям.+ 13 Пас, ба падарам тамоми шукӯҳу шавкатеро, ки дар Миср дорам, ва ҳар он чиро, ки шумо бо чашмони худ дидед, нақл кунед. Шитобед ва падарамро гирифта ба ин ҷо биёред».
14 Баъд ӯ бародараш Бинёминро ба оғӯш гирифта, гиря кард ва Бинёмин низ бародарашро оғӯш карда, гирист.+ 15 Ӯ бародаронашро бӯса кард ва ашк рехт ва пас аз ин бародаронаш бо ӯ сухан гуфтанд.
16 Вақте ба гӯши фиръавн хабар расид, ки бародарони Юсуф омадаанд, фиръавн ва ходимонаш хурсанд шуданд. 17 Фиръавн ба Юсуф гуфт: «Ба бародаронат бигӯй: “Ба харони* худ ғалла бор карда, ба замини Канъон равед 18 ва падар ва хонаводаҳои худро гирифта, назди ман биёед. Ман ба шумо чизҳои хуби замини Мисрро медиҳам ва шумо аз замини серҳосилтарин мехӯред”.+ 19 Ба онҳо ҳамчунин бигӯй:+ “Аз замини Миср барои фарзандону занонатон аробаҳо бигиред+ ва падаратонро ба яке аз онҳо шинонда, ба ин ҷо биёред.+ 20 Дар бораи чизу чораи худ ғам нахӯред,+ зеро чизҳои беҳтарини замини Миср аз они шумост”».
21 Писарони Исроил ҳамин тавр карданд ва Юсуф мувофиқи амри фиръавн ба онҳо аробаҳо ва тӯшаи роҳ дод. 22 Ӯ ба ҳар кадоми онҳо як сару тан дод, ба Бинёмин бошад, 300 сиқл нуқра ва панҷ сару тан дод.+ 23 Ӯ барои падараш даҳ харро аз чизу чораи хуби Миср бор кард ва барои сафари падараш бар даҳ модахар ғалла, нон ва хӯрок бор карда фиристод. 24 Юсуф бародаронашро фиристод ва, вақте онҳо ба роҳ баромаданд, гуфт: «Дар роҳ якдигарро зиқу ғамгин накунед».+
25 Онҳо аз замини Миср баромада, назди падарашон Яъқуб ба Канъон омаданд 26 ва ба падарашон гуфтанд: «Юсуф зинда аст ва ҳокими тамоми замини Миср гаштааст!»+ Аз шунидани ин дили Яъқуб суст шуд, аммо бовараш наомад.+ 27 Вақте онҳо тамоми суханони Юсуфро ба Яъқуб нақл карданд ва ӯ аробаҳоеро, ки Юсуф барои оварданаш фиристода буд, дид, ҷонаш дамид. 28 Исроил гуфт: «Бас аст! Писарам Юсуф зинда аст ва ман бояд рафта, пеш аз мурданам ӯро бубинам!»+