1 Таслӯникиён
1 Ман, Павлус, ҳамроҳи Силвонус*+ ва Тимотиюс+ ба ҷамоати шаҳри Таслӯникӣ, ки бо Падарамон Худо ва Ҳазратамон Исои Масеҳ* ягонагӣ доранд, чунин менависам:
Лутфу осоиштагӣ бо шумо бод!
2 Мо дар ҳаққи шумо дуо гуфта, доимо Худоро шукр мегӯем,+ 3 зеро корҳои имону муҳаббати шумо ва устувориеро, ки аз умед+ ба Ҳазратамон Исои Масеҳ аст, дар пеши Падарамон Худо ҳамеша дар ёд дорем. 4 Эй бародарони ба Худо азиз, мо медонем, ки ӯ шуморо интихоб кардааст, 5 зеро мо ба шумо хушхабарро на танҳо бо сухан, балки бо қудрат, рӯҳи муқаддас ва боварии комил эълон кардем. Худи шумо медонед, ки мо дар миёнатон ба хотири шумо чӣ гуна рафтор мекардем. 6 Шумо азобҳои зиёд доштед,+ вале ба мо ва Ҳазратамон+ пайравӣ намуда,+ каломи Худоро бо хурсандие, ки аз рӯҳи муқаддас бармеояд, қабул кардед. 7 Бо ин коратон шумо ба ҳамаи имондорони Мақдуния ва Охоия намунаи ибрат гузоштед.
8 Аз даҳони шумо каломи Яҳува дар сар то сари Мақдунияву Охоия паҳн шудааст ва одамон дар ҷойҳои гуногун аз имонатон ба Худо хабардор шудаанд,+ барои ҳамин ҳоҷати гап задани мо нест. 9 Худи онҳо нақл мекунанд, ки чӣ тавр мо бори аввал назди шумо омадем ва чӣ гуна шумо аз бутҳои худ рӯй гардондед,+ то бандагони Худои зиндаю ҳақиқӣ шаведу 10 аз осмон омадани Писари ӯ, яъне Исоро, интизор шавед.+ Ин Исо, ки Худо ӯро аз мурдагон зинда кард, моро аз ғазаби оянда халос мекунад.+