Юшаъ
6 Дарвозаҳои Ериҳӯ аз тарси исроилиён маҳкам баста шуда буданд: касе намебаромад ва касе намедаромад.+
2 Яҳува ба Юшаъ гуфт: «Инак, ман шаҳри Ериҳӯ, подшоҳ ва ҷанговарони пурзӯрашро ба дасти ту додаам.+ 3 Ҳамаи шумо, ҷанговарон, шаҳрро шаш рӯз якборӣ давр занед. 4 Бигзор ҳафт коҳин бо ҳафт шохи қӯчқор пешопеши сандуқи аҳд раванд. Дар рӯзи ҳафтум бошад, шумо бояд ҳафт бор шаҳрро давр занед ва коҳинон бояд шох навозанд.+ 5 Вақте шохи қӯчқор навохта шавад ва шумо овози шохро шунавед, бигзор ҳамаи мардум бо тамоми овоз наъра зананд. Он гоҳ девори шаҳр фурӯ меғалтад+ ва ҳар яке бояд рост ба шаҳр дарояд».
6 Юшаъ, писари Нун, коҳинонро даъват карда, ба онҳо гуфт: «Сандуқи аҳдро бигиред ва бигзор ҳафт коҳин ҳафт шохи қӯчқорро гирифта, пешопеши сандуқи Яҳува роҳ раванд».+ 7 Баъд ӯ ба мардум гуфт: «Биравед ва гирди шаҳрро давр занед ва бигзор лашкари силоҳдор+ пешопеши сандуқи Яҳува равона шавад». 8 Чи тавре ки Юшаъ ба мардум гуфт, ҳафт коҳине, ки бо ҳафт шохи қӯчқор дар даст пешопеши сандуқи Яҳува мерафтанд, шохҳоро навохтан гирифтанд ва аз ақиби онҳо сандуқи аҳди Яҳува мерафт. 9 Пешопеши коҳиноне, ки шохҳоро менавохтанд, лашкари силоҳдор мерафт, сарбозони дигар бошанд, аз ақиби сандуқи аҳд мерафтанд ва ҳамаи ин вақт шохҳо навохта мешуданд.
10 Юшаъ ба мардум амр фармуд: «Фарёд назанед ва овоз набароред. То рӯзе ки ба шумо “фарёд занед” нагӯям, ҳарфе аз даҳонатон набарояд». 11 Ӯ фармуд, ки сандуқи Яҳуваро дар гирди шаҳр давр занонанд, ва онҳо онро як бор давр занонданду ба хаймагоҳ баргашта, шабро дар он ҷо гузаронданд.
12 Рӯзи дигар Юшаъ саҳари барвақт бархест ва коҳинон сандуқи Яҳуваро бардоштанд.+ 13 Ҳафт коҳине, ки ҳафт шохи қӯчқорро пешопеши сандуқи Яҳува бардошта мерафтанд, пайваста шох менавохтанд. Лашкари силоҳдор пешопеши онҳо мерафт ва дигар сарбозон аз паси сандуқи Яҳува равона буданд ва ҳамаи ин вақт шохҳо навохта мешуданд. 14 Онҳо рӯзи дуюм гирди шаҳр як бор давр заданд, баъд ба хаймагоҳ баргаштанд. Онҳо шаш рӯз ҳамин тавр карданд.+
15 Дар рӯзи ҳафтум онҳо саҳари барвақт, баробари дамидани субҳ, бархеста, мисли пештара шаҳрро ҳафт бор давр заданд. Онҳо танҳо дар ин рӯз шаҳрро ҳафт бор давр заданд.+ 16 Вақте онҳо бори ҳафтум шаҳрро давр заданд, коҳинон шох навохтанд ва Юшаъ ба мардум гуфт: «Фарёд занед,+ зеро Яҳува ин шаҳрро ба дасти шумо супурдааст! 17 Шаҳр ва ҳар он чӣ дар он аст, бояд ба нестӣ супурда шавад,+ ҳамаи он чизҳо аз они Яҳува мебошанд. Танҳо Роҳоби+ фоҳиша ва онҳоеро, ки дар хонааш мебошанд, зинда бимонед, зеро ӯ хабаррасонҳои моро пинҳон кард.+ 18 Аммо аз чизҳое, ки ба нестӣ супурда шудаанд,+ дурӣ ҷӯед, то мабодо чизе аз онҳоро ҳавас кунед ва онро ба хаймагоҳи Исроил оред.+ Дар ин сурат шумо хаймагоҳи Исроилро ба нестӣ месупоред ва худро гирифтори фалокат месозед.+ 19 Тамоми нуқра, тилло ва ашёи мисину оҳанин муқаддасанд ва аз они Яҳува мебошанд.+ Он чизҳо бояд ба ганҷинаи Яҳува супурда шаванд».+
20 Вақте шохҳо навохта шуданд, мардум фарёд зад.+ Ҳамин ки мардум садои шохро шуниданду бо тамоми овоз наъра заданд, девор фурӯ ғалтид.+ Баъд аз ин ҳар яке рост ба шаҳр даромад ва шаҳрро забт карданд. 21 Онҳо ҳар он чиро, ки дар шаҳр буд, ба нестӣ супурданд ва марду зан, пиру ҷавон, гову гӯсфанд ва харро аз дами шамшер гузаронданд.+
22 Юшаъ ба ду марде, ки заминро ҷосусӣ карда буданд, гуфт: «Ба хонаи он фоҳиша биравед ва, ҳамон тавре ки ба вай қасам хӯрда будед, ӯро бо аҳли хонаводааш берун оваред».+ 23 Он ҷосусони ҷавон рафта, Роҳобро бо падару модар ва бародарону аҳли хонаводааш ва тамоми хешонаш берун оварданд+ ва онҳоро, ба ҷое ки берун аз хаймагоҳи Исроил буд, бурданд.
24 Сипас онҳо шаҳр ва ҳар чиро, ки дар он буд, оташ заданд, аммо нуқра, тилло ва ашёи мисин ва оҳанинро ба ганҷинаи хонаи Яҳува оварданд.+ 25 Юшаъ танҳо Роҳоби фоҳишаро бо аҳли хонаводааш ва хонадони падараш зинда нигоҳ дошт.+ Роҳоб то ба имрӯз дар Исроил зиндагӣ мекунад,+ зеро ӯ хабаррасонҳоеро, ки Юшаъ барои ҷосусӣ кардани Ериҳӯ фиристода буд, пинҳон кард.+
26 Он вақт Юшаъ чунин қасам хӯрда гуфт: «Лаънати Яҳува ба касе, ки ин шаҳри Ериҳӯро аз нав сохтанӣ шавад! Ӯ таҳкурсии онро ба қимати ҷони писари калониаш мегузорад ва дарвозаҳояшро ба қимати ҷони писари хурдиаш мешинонад».+
27 Ҳамин тавр, Яҳува бо Юшаъ буд+ ва шуҳрати ӯ дар тамоми замин паҳн шуд.+