1 Подшоҳон
8 Самуил пир шуд ва писаронашро бар Исроил довар таъйин кард. 2 Номи писари калонии вай Юил буд ва номи писари дуюмаш — Абиё.+ Онҳо исроилиёнро дар Баир-Шобаъ доварӣ мекарданд. 3 Лекин писаронаш мисли ӯ рафтор намекарданд, балки аз пайи ризқи ҳаром буданд,+ пора мегирифтанд+ ва ноҳақ доварӣ мекарданд.+
4 Бо гузашти вақт тамоми пирони Исроил ҷамъ шуда, назди Самуил ба Ромо омаданд. 5 Онҳо ба вай гуфтанд: «Ту пир шудаӣ, писаронат бошанд, аз пайи ту нарафтаанд. Барои ҳамин бар мо подшоҳе бимон, то ки моро доварӣ кунад ва мо мисли ҳамаи халқҳои дигар бошем».+ 6 Аммо «ба мо подшоҳ бидеҳ, то ки моро доварӣ кунад» гуфтани онҳо ба Самуил маъқул нашуд*. Ӯ ба Яҳува дуо гуфт 7 ва Яҳува ба Самуил чунин ҷавоб дод: «Ба суханони халқ гӯш бидеҳ, чунки онҳо туро неву маро рад карданд, то ки бар онҳо подшоҳ набошам.+ 8 Ин халқ аз рӯзе, ки онҳоро аз Миср берун овардам, то ба имрӯз чунин мекард. Онҳо маро тарк карда,+ ба худоёни дигар хизмат менамуданд+ ва бо ту низ ҳамин тавр мекунанд. 9 Ба гапи онҳо гӯш деҳ, аммо онҳоро қатъиян огоҳ кун ва бигӯ, ки подшоҳ бар онҳо ҳукмронӣ карда, ба чӣ ҳақ хоҳад дошт ва чиро талаб хоҳад кард».
10 Самуил ба халқ, ки аз ӯ подшоҳ металабид, тамоми суханони Яҳуваро расонд. 11 Ӯ гуфт: «Подшоҳ бар шумо ҳукмронӣ карда, ба талаб кардани чизҳои зерин ҳақ хоҳад дошт:+ ӯ писарони шуморо гирифта,+ барои худ ба хизмати аробаҳо мегузорад+ ва аспсаворони худ таъйин мекунад+ ва баъзеи онҳо пешопеши аробаҳои ӯ медаванд. 12 Ӯ барои худ мириҳазорҳо+ ва мирипанҷоҳҳоро+ таъйин менамояд, баъзеи шумо барои вай шудгор мекунед,+ ҳосилашро медаравед+ ва барояш аслиҳа ва асбоби аробаҳоро месозед.+ 13 Ӯ духтарони шуморо барои атрсозӣ*, ошпазӣ ва нонвойӣ хоҳад гирифт.+ 14 Ӯ беҳтарин киштзор, токзор ва боғҳои зайтуни шуморо гирифта,+ ба хизматгорони худ медиҳад. 15 Ӯ аз киштзору токзорҳои шумо даҳяк мегирад ва онро ба ходимони дарбораш ва хизматгоронаш медиҳад. 16 Ӯ хизматгор ва канизони шумо, чорвои беҳтарин ва харони шуморо гирифта, барои корҳои худ истифода мебарад.+ 17 Ӯ аз рамаҳои шумо даҳяк мегирад+ ва шумо хизматгори ӯ мешавед. 18 Рӯзе мешавад, ки шумо аз дасти подшоҳе, ки интихоб кардед, ба дод меоед,+ лекин Яҳува дар он рӯз ба доди шумо намерасад».
19 Бо вуҷуди ин халқ ба Самуил гӯш додан нахост ва гуфт: «Не, мо мехоҳем, ки бар мо подшоҳе бошад. 20 Он гоҳ мо мисли ҳамаи халқҳои дигар хоҳем буд. Подшоҳи мо моро доварӣ менамояд, пешвои мо мешавад ва бо душманони мо меҷангад». 21 Самуил тамоми суханони халқро шунида, ба гӯши Яҳува расонд. 22 Яҳува ба Самуил гуфт: «Ба гапи онҳо гӯш бидеҳ ва бар онҳо подшоҳе таъйин бикун».+ Сипас Самуил ба мардуми Исроил гуфт: «Ҳар яке ба шаҳри худ баргардед».