Омӯс
6 «Вой бар ҳоли худбоварони Сион,
Бар ҳоли онҳое, ки дар кӯҳи Сомария паноҳ бурдаанд,+
Бар ҳоли номдорони халқе, ки бузургтарини халқҳост,
Ва хонадони Исроил ба онҳо рӯ меорад!
2 Сӯйи Калне гузашта, бубинед.
Аз он ҷо ба Ҳамоти+ Бузург биравед
Ва ба Ҷати фалиштиён поён оед.
Оё онҳо аз ин подшоҳиҳо* беҳтаранд
Ва оё замини онҳо аз замини шумо калонтар аст?
6 Онҳо аз косаҳо шароб менӯшанд+
Ва ба худ равғанҳои беҳтарин мемоланд,
Аммо дар бораи рӯзи сахти Юсуф ғам намехӯранд.+
7 Онҳо пешопеши дигар асирон ба асирӣ мераванд,+
Айшу нӯши касоне, ки бар катҳо дароз кашидаанд, ба охир мерасад.
8 Яҳува, Худои лашкарҳо, чунин мегӯяд:
“Парвардигор Яҳува ба номи* худ қасам хӯрдааст:+
“Ман аз ғурури Яъқуб нафрат дорам+
Ва қалъаҳои ӯро чашми дидан надорам,+
Ман ин шаҳр ва ҳар чиро, ки дар он аст, ба дасти душман месупорам.+
9 Ҳатто агар дар як хона даҳ нафар бимонад, онҳо низ мемиранд. 10 Он вақт хешованде* меояд, ки онҳоро берун оварда, пайи ҳам сӯзонад. Ӯ устухонҳои онҳоро аз хона берун меорад ва ба касе, ки дар ҳуҷраи дарунӣ аст, мегӯяд: “Оё бо ту боз касе ҳаст?” Он кас ҷавоб медиҳад: “Касе нест”. Сипас ӯ мегӯяд: “Хомӯш бош! Ҳоло вақти он нест, ки номи Яҳуваро ба забон гирӣ”.
11 Инро Яҳува фармудааст,+
Ӯ хонаи калонро ба тӯдаи сангҳо табдил медиҳад
Ва хонаи хурдро пора-пора мекунад.+
12 Оё аспҳо бар шах метозанд
Ва оё касе он ҷоро бо говҳо шудгор мекунад?
13 Шумо аз чизҳои беҳуда шод мешавед
Ва мегӯед: “Магар мо бо қуввати худ тавоно нашудаем?”+