Ҳизқиёл
31 Дар соли 11-ум, дар рӯзи якуми моҳи сеюм, Яҳува боз ба ман паём фиристода гуфт: 2 «Эй фарзанди одам, ба фиръавни подшоҳи Миср ва мардуми сершумораш бигӯ:+
“Ту дар бузургӣ ба кӣ монандӣ?
3 Ту мисли ошурие, мисли дарахти сидрае дар Лубнон будӣ,
Мисли дарахте, ки шохаҳои зебои сершумору сояафкан дошт.
Қомати он баланд буд ва нӯгаш ба абрҳо мерасид.
4 Ҷӯйҳо онро об медоданд ва чашмаҳои сероб калонаш мекарданд.
Онро дар миёни рӯдҳо шинонда буданд,
Дар миёни рӯдҳое, ки ҷӯйҳояшон ҳама дарахтони саҳроро об медоданд.
5 Барои ҳамин он аз дигар дарахтони саҳро баландтар гашт.
Шохаҳои он зиёд ва навдаҳояш дароз шуданд,
Чунки он аз рӯдҳо сероб мешуд.
6 Ҳама мурғони ҳаво дар шохаҳояш лона мегузоштанд,
Ҳама ҷонварони саҳро зери навдаҳояш бача мекарданд
Ва ҳама халқҳои сершумор дар сояи он сокин мешуданд.
7 Он ба авҷи зебоӣ расид ва шохаҳояш бузургу пуршукӯҳ шуд,
Зеро решаҳояш ба обҳои фаровон рафта мерасид.
8 Ҳеҷ сидраи боғи Худо+ ҳамтои он набуд,
Ҳеҷ арчае мисли он шоха надошт,
Ҳеҷ чаноре мисли он навда надошт.
Ҳеҷ дарахти дигаре аз боғи Худо дар зебоӣ ба он баробар набуд.
9 Ман онро зебо ва сершоху барг гардондам
Ва дарахтони дигари Адан, боғи Худо, ба он ҳасад мебурданд”.
10 Аз ин рӯ Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “Азбаски он чунон қад кашид, ки нӯгаш ба абрҳо расид, ва дилаш аз қомати баландаш мағрур шуд, 11 ман онро ба дасти ҳокими пурзӯри халқҳо месупорам+ ва ӯ ҳатман адаби онро медиҳад. Ман барои бадкорияш аз он рӯ мегардонам. 12 Бегонагон, бераҳмтарини халқҳо, онро бурида, меафтонанд ва бар кӯҳҳо партофта, мераванд. Баргҳои он бар водиҳо мерезад ва навдаҳояш шикаста, бар рӯдҳо меафтад.+ Тамоми мардуми замин аз сояаш баромада, онро тарк мекунад. 13 Ҳама мурғони ҳаво дар танаи афтидааш ҷо мегиранд ва ҳама ҷонварони саҳро дар шохаҳояш сокин мешаванд.+ 14 Чунин карда мешавад, то ягон дарахте, ки назди ҷӯйҳост, мисли он қад накашаду нӯгаш ба абрҳои фалак нарасад ва ягон дарахте, ки сероб карда мешавад, то абрҳо баланд нашавад. Ҳамаашон ҳамроҳи одамизод, ки ба коми гӯр меравад, ба марг супурда мешаванд ва таги хок мегарданд”.
15 Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “Дар рӯзе ки он ба гӯр* фурӯ равад, ман коре мекунам, ки барои он мотам гиранд. Ман чашмаҳову рӯдҳояшонро баста, обҳои фаровонро бозмедорам. Ман аз барои он Лубнонро тира месозам ва ҳамаи дарахтони саҳро пажмурда мешаванд. 16 Аз садои шикасти он халқҳоро ба ларза меандозам, чунки онро ҳамроҳи ҳамаи касоне, ки зери хок мераванд, ба гӯр фуруд меорам. Он вақт ҳама дарахтони Адан+ ва дарахтони яккачину беҳтарини Лубнон, ҳамаи обхӯрон, дар зери хок тасаллӣ меёбанд. 17 Онҳо низ мисли ӯ ҳамроҳи мададгоронаш, ки дар миёни халқҳо зери сояаш мезистанд,+ ба гӯр, сӯйи куштагони шамшер, фурӯ мераванд.+
18 Магар ягон дарахти Адан ҷалолу бузургии туро дошт?+ Не. Бо вуҷуди ин ту ҳамроҳи дарахтони Адан ба зери хок меравӣ. Ту дар миёни бехатнагон, ҳамроҳи куштагони шамшер, хоҳӣ хобид. Бо фиръавн ва мардуми сершумори ӯ чунин мешавад”,— мегӯяд Парвардигор Яҳува».