Нолаҳо
א [Алиф]
4 Чӣ тавр тиллои ялаққосӣ, зари холис,+ хира шудааст!
Чӣ тавр сангҳои ҷойи муқаддас+ дар сари ҳар кӯча партофта шудаанд!+
ב [Бет]
2 Писарони азизи Сион, ки ба зари холис баробар буданд,
Ба кӯзаҳои сафолин, ба амали дасти кулол, баробар дониста шуданд.
ג [Гимел]
3 Шағолон ҳам ба бачаҳои худ сина медиҳанд,
Вале духтарам — халқам, мисли шутурмурғи биёбон+ бераҳм шудааст.+
ד [Далет]
4 Забони бачаи ширмак аз ташнагӣ ба комаш часпидааст.
Кӯдакон нон металбанд,+ вале касе ба онҳо чизе намедиҳад.+
ה [Ҳе]
5 Онҳое, ки таомҳои бомаза мехӯрданд, дар кӯчаҳо аз ҳол рафтаанд.+
Онҳое, ки бо либоси арғувонӣ дар тан калон шудаанд,+ тӯдаи хокистарро ба оғӯш мегиранд.
ו [Вов]
6 Ҷазои духтарам — халқам, аз ҷазои гуноҳи Садӯм бузургтар аст,+
Аз ҳамон Садӯм, ки дар як рӯз сарнагун шуд ва халосгаре надошт.+
ז [Зайин]
7 Назркардагонаш+ аз барф софтар ва аз шир сафедтар буданд.
Онҳо аз марҷон сурхтару мисли ёқути кабуди ҷилодор буданд.
ח [Хет]
8 Афту андомашон аз сиёҳӣ сиёҳтар шудааст.
Онҳоро дар кӯча намешиносанд.
Пӯсташон ба устухонашон часпида,+ мисли чӯби хушк гаштааст.
ט [Тет]
9 Касоне, ки аз шамшер мурдаанд, аз касоне, ки аз гуруснагӣ мурдаанд,+ хушбахттар буданд,
Зеро гуруснагон аз зарби қаҳтӣ, мисли он ки захмдор шуда бошанд, бо азоби бисёр ҷон доданд.
י [Йод]
10 Дастони занони дилсӯз фарзандони худро пухтанд.+
Кӯдаконашон барояшон дар вақти шикасти духтарам — халқам, хӯроки мотам гаштанд.+
כ [Каф]
11 Яҳува ба ғазаб омадааст,
Ӯ оташи хашмашро фурӯ рехтааст.+
Ӯ дар Сион оташеро афрӯхтааст, ки бунёдҳои онро месӯзонад.+
ל [Ламед]
12 Подшоҳони замин ва тамоми мардуми олам бовар намекарданд,
Ки бадхоҳу душман аз дарвозаҳои Ерусалим медарояд.+
מ [Мим]
13 Ҳамаи ин аз пушти гуноҳҳои пайғамбаронаш ва хатоҳои коҳинонаш рӯй дод,+
Зеро онҳо дар миёни Ерусалим хуни росткоронро мерехтанд.+
נ [Нун]
14 Онҳо дар кӯчаҳо мисли кӯрон мегаштанд.+
Онҳо ба хун олудаанд+
Ва касе ҷуръат намекунад ба либосашон расад.
ס [Самех]
15 «Гум шавед, нопокҳо! — дод мегӯянд ба онҳо,— Гум шавед! Гум шавед! Ба мо даст нарасонед!»
Онҳо бехонаву дар гашта, саргардон шудаанд.
Дар миёни халқҳо чунин гуфтанд: «Онҳо дар ин ҷо намемонанд.+
פ [Пе]
16 Яҳува онҳоро пароканда кардааст,+
Ӯ ба онҳо бо чашми ризо нигоҳ нахоҳад кард.
Мардум на ҳурмат ба коҳинон хоҳанд дошту+ на раҳме ба пирон».+
ע [Айин]
17 Чашмонамон ҳанӯз аз интизории беҳудаи кумак хастаанд.+
Мо аз халқе мададро чашмдору умедвор будем, вале он моро наҷот дода натавонист.+
צ [Тсаде]
18 Сари ҳар қадам моро шикор мекарданд,+
Ба дараҷае ки дигар дар кӯчаҳо гашта наметавонистем.
Анҷомамон наздик шуд, рӯзҳоямон ба охир расид, умрамон тамом шуд.
ק [Коф]
19 Дунболагирони мо аз уқобони осмон тезтар буданд.+
Онҳо моро дар кӯҳҳо сур мекарданд ва дар биёбон барои мо камин мегирифтанд.
ר [Реш]
20 Нафаси мо, яъне масеҳи* Яҳуваро,+ ба чоҳи бузургашон афтонданд,+
Онеро, ки дар борааш мегуфтем: «Дар сояи ӯ дар миёни халқҳо зиндагӣ хоҳем кард».
ש [Син]
21 Шодиву хурсандӣ кун, эй духтари Адӯм,+ ки дар замини Ус зиндагӣ мекунӣ.
Вале бидон, ки ба ту низ ин коса мерасад+ ва ту низ аз он менӯшиву бараҳнагии худро ошкор мекунӣ.+
ת [Тав]
22 Ҷазои гуноҳат, эй духтари Сион, ба охир расидааст.
Ӯ туро дигар ба асирӣ намебарад.+
Вале ба хатоҳои ту, эй духтари Адӯм, ӯ диққат дода,
Гуноҳҳоятро фош мекунад.+