Ишаъё
59 Дасти Яҳува кӯтоҳ нест, ки наҷот надиҳад,+
Ва гӯшаш вазнин нест, ки нашунавад,+
2 Балки хатоҳои худатон шуморо аз Худоятон дур кардааст,+
Аз барои гуноҳҳоятон ӯ рӯяшро аз шумо пинҳон намудаасту
Шуморо шунидан намехоҳад,+
3 Зеро дастҳои шумо ба хун ва ангуштҳои шумо ба гуноҳ олуда шудааст,+
Лабҳои шумо дурӯғ мегӯяд+ ва забони шумо гапҳои беинсофона мезанад.
4 Касе тарафдори адлу инсоф нест+
Ва касе ба додгоҳ барои гуфтани гапи ҳақ намеравад.
Онҳо ба чизҳои ҳеҷу пуч таваккал мекунанд+ ва суханони беҳуда мегӯянд.
Онҳо бадиро ҳомила мешаванд ва бадкориро ба дунё меоранд.+
5 Онҳо тухмҳои мори заҳрнокро мебароранд
Ва тори тортанакро метананд.+
Ҳар кӣ аз он тухмҳо бихӯрад, мемирад
Ва аз тухме, ки мешиканад, мори афъӣ мебарояд.
6 Тори танидаи онҳо на либосе мешавад
Ва на болои онҳоро пӯшонда метавонад.+
Корҳои онҳо зарароваранд,
Амали дасти онҳо зӯроварист.+
7 Пойҳои онҳо сӯйи бадкорӣ медаванд
Ва ба рехтани хуни бегуноҳ мешитобанд.+
Фикрҳои онҳо зарар меоранд,
Роҳҳои онҳо нобуд ва хароб кардан аст.+
8 Онҳо роҳи сулҳу осоиштагиро намедонанд
Ва дар пайраҳаҳои онҳо адлу инсофе нест.+
Онҳо роҳҳои худро каҷ кардаанд,
Ҳар кӣ бар онҳо қадам гузорад, рӯйи осоиштагиро нахоҳад дид.+
9 Аз ин сабаб адлу инсоф аз мо дур аст
Ва росткорӣ то мо расида намеояд.
Мо умедвори рӯшноӣ ҳастем, вале ба ҷойи он торикист,
Интизори равшанӣ ҳастем, вале дар тирагӣ роҳ меравем.+
10 Мо мисли кӯрон деворро даст-даст мекунем,
Мисли касоне, ки чашм надоранд, даст-дасткунон роҳ меравем.+
Дар нисфирӯзӣ, гӯё торикии шом бошад, пешпо мехӯрем,
Дар миёни бақувватон мисли мурдагонем.
11 Мо ҳама мисли хирс наъра мезанем
Ва мисли кафтар нола мекунем.
Умедвори адолатему аз он нишоне нест,
Интизори наҷотему он аз мо дур аст,
12 Зеро исёнҳои мо пеши ту бисёр шудаанд,+
Ҳар як гуноҳи мо бар зидди мо шаҳодат медиҳад,+
Мо исёну хатоҳои худро нағз медонем.+
13 Мо гуноҳ кардем ва аз Яҳува рӯ тофтем,
Ба Худоямон пушт гардондем.
14 Адолат ақиб гаштааст,+
Росткорӣ дур аст,+
Ростӣ дар майдон пешпо хӯрдааст
Ва дурусткорӣ ба он ҷо даромада наметавонад.
15 Ростӣ нопадид шудааст+
Ва ҳар касеро, ки аз бадӣ дур мешавад, ғорат мекунанд.
Яҳува инро дид ва ин дар назараш бад буд,
Зеро адлу инсофе нест.+
16 Ӯ дид, ки касе нест,
Ва ҳайрон шуд, ки пуштибоне нест.
Барои ҳамин бозуи ӯ наҷот* овард
Ва росткории ӯ дастгирияш кард.
Ӯ либоси интиқомро мисли куртае пӯшид+
Ва ғайратро мисли ҷомае ба бар кард.
18 Ӯ онҳоро барои корҳояшон сазо хоҳад дод:+
Душманонашро ба хашм ва бадхоҳонашро ба ҷазо гирифтор хоҳад кард,+
Ба ҷазираҳо подоши корҳояшонро хоҳад дод.
19 Дар ғарб аз номи Яҳува
Ва дар шарқ аз ҷалоли ӯ хоҳанд тарсид,
Зеро ӯ мисли дарёи тезе хоҳад омад,
Ки бо рӯҳи Яҳува равон аст.
20 «Сӯйи Сион, сӯйи насли Яъқуб, ки аз гуноҳ дур шудааст,+
Товондеҳ+ хоҳад омад,+— мегӯяд Яҳува,—
21 Ва ин аст аҳде, ки ман бо онҳо мебандам,+— мегӯяд Яҳува.— Рӯҳи ман, ки бар туст, ва суханони ман, ки ба даҳонат гузоштаам, аз ҳозир то абад аз даҳони ту, фарзандони ту ва наберагони ту гирифта намешаванд»,— мегӯяд Яҳува.