ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • Шоҳсуруд 6
  • Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

Шарҳи мухтасари Шоҳсуруд

    • ДУХТАРИ ШУЛЕМӢ ДАР ЕРУСАЛИМ (3:6–8:4)

Шоҳсуруд 6:2

Оятҳои иловагӣ

  • +Шҳс 1:7; 2:16

Шоҳсуруд 6:3

Оятҳои иловагӣ

  • +Шҳс 7:10
  • +Шҳс 2:16

Шоҳсуруд 6:4

Оятҳои иловагӣ

  • +Шҳс 1:9
  • +3Пш 14:17; 15:33
  • +Зб 48:2
  • +Шҳс 6:10

Шоҳсуруд 6:5

Оятҳои иловагӣ

  • +Шҳс 1:15; 4:9; 7:4
  • +Шҳс 4:1–3

Шоҳсуруд 6:8

Эзоҳҳо

  • *

    Суррия — ниг. ба луғат.

Оятҳои иловагӣ

  • +3Пш 11:1

Индексҳо

  • Роҳнамо

    Бурҷи дидбонӣ,

    15.12.2011, саҳ. 9

Шоҳсуруд 6:9

Оятҳои иловагӣ

  • +Шҳс 2:14

Шоҳсуруд 6:10

Оятҳои иловагӣ

  • +Шҳс 6:4

Шоҳсуруд 6:11

Оятҳои иловагӣ

  • +Пг 2:5

Шоҳсуруд 6:13

Эзоҳҳо

  • *

    Ё «рақси Маҳаноим».

Оятҳои иловагӣ

  • +Шҳс 1:6

Асосӣ

Шоҳс. 6:2Шҳс 1:7; 2:16
Шоҳс. 6:3Шҳс 7:10
Шоҳс. 6:3Шҳс 2:16
Шоҳс. 6:4Шҳс 1:9
Шоҳс. 6:43Пш 14:17; 15:33
Шоҳс. 6:4Зб 48:2
Шоҳс. 6:4Шҳс 6:10
Шоҳс. 6:5Шҳс 1:15; 4:9; 7:4
Шоҳс. 6:5Шҳс 4:1–3
Шоҳс. 6:83Пш 11:1
Шоҳс. 6:9Шҳс 2:14
Шоҳс. 6:10Шҳс 6:4
Шоҳс. 6:11Пг 2:5
Шоҳс. 6:13Шҳс 1:6
  • Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5
  • 6
  • 7
  • 8
  • 9
  • 10
  • 11
  • 12
  • 13
Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
Шоҳсуруд 6:1–13

Шоҳсуруд

6 «Ёрат куҷо рафтааст,

Эй нозанини нозанинҳо?

Ёрат кадом сӯ рафт?

Биё ӯро ҳамроҳи ту биҷӯем».

 2 «Ёри ман ба боғи худ рафт,

Сӯйи боғи алафҳои хушбӯй,

То дар бӯстонҳо чӯпонӣ кунад

Ва савсан бичинад.+

 3 Ман аз они дилдорам ҳастам

Ва дилдорам аз они ман.+

Ӯ дар миёни савсанҳо рама мечаронад».+

 4 «Эй ҷононаи ман,+ ту мисли Тирсо+ зебоӣ,

Мисли Ерусалим нозанинӣ,+

Мисли сипоҳе, ки зери парчам истодааст, шигифтангезӣ.+

 5 Нигоҳатро+ аз ман дур соз,

Зеро дарунамро ба тапиш меорад.

Мӯят мисли рамаи бузҳост,

Ки аз теппаҳои Ҷилъод мехамад.+

 6 Дандонҳоят мисли рамаи гӯсфандонанд,

Ки аз шустушӯ баромадаанд.

Ҳамаашон дугониканд

Ва ҳеҷ яке бачаашро гум накардааст.

 7 Рухсораҳоят зери рӯймол

Монанди ду нимаи аноранд.

 8 Агарчи шаст малика бошаду

Ҳаштод суррия* ва ҷавондухтарони бешумор,+

 9 Кабӯтари ман,+ покизаи ман, ягона аст.

Ӯ ягонаи модараш,

Дӯстдоштаи онест, ки ӯро ба дунё овардааст.

Духтарон ӯро дида, хушбахташ меноманд,

Маликаҳо ва суррияҳо ӯро ситоиш мекунанд.

10 “Ин кист, ки мисли субҳ дурахшон аст,

Монанди моҳи пурра зебост,

Мисли нури офтоб покиза

Ва монанди сипоҳи зери парчам шигифтангез аст?”»+

11 «Сӯйи чормағззор фаромадам,+

То муғҷаҳоро дар водӣ бубинам,

То бубинам, ки оё ток шукуфа баровардааст

Ва оё анор гул кардааст.

12 Пеш аз он ки хабар шавам,

Ҳавасам маро сӯйи аробаҳои олиҳимматони халқам овард».

13 «Баргард, баргард, эй духтари шулемӣ!

Баргард, баргард,

То ба ту назар кунем!»

«Ба духтари шулемӣ чӣ назар мекунед?»+

«Охир, ӯ мисли рақси ду даста* аст».

Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
Баромадан
Даромадан
  • тоҷикӣ
  • Фиристодан
  • Ҷӯркунӣ
  • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
  • Шарти истифодабарӣ
  • Сиёсати ҳифзи асрор
  • Танзимоти ҳифзи асрор
  • JW.ORG
  • Даромадан
Фиристодан