Ирмиё
14 Ба Ирмиё аз ҷониби Яҳува дар бораи хушксолӣ чунин паём омад:+
2 Яҳудо мотам гирифтааст,+ дарвозаҳояш хароб гаштаанд.
Онҳо то ба замин хам шудаанд,
Аз Ерусалим фиғон бармехезад.
3 Сардорон хизматгорони худро барои об мефиристанд.
Онҳо назди чоҳҳои об мераванд ва обе наёфта
Бо кӯзаҳои холӣ бармегарданд.
Онҳо шармандаву рӯҳафтодаанд
Ва сарҳои худро мепӯшонанд.
4 Замин кафидааст,
Зеро боронро надидааст.+
Деҳқонон аз ночорӣ сарҳои худро пӯшонидаанд.
5 Ҳатто гавазн бачаи навзодашро дар саҳро партофта рафтааст,
Зеро сабзае нест.
6 Гӯрхарон дар теппаҳои хушку беалаф истода,
Мисли шағолон вазнин-вазнин нафас мекашанд.
Чашмонашон аз беалафӣ хира гардидаанд.+
7 Эй Яҳува, ба хотири номат амал кун,+
Ҳарчанд гуноҳҳоямон бар зидди мо шаҳодат медиҳанд.
Бевафоиҳои мо зиёд гаштаанд+
Ва мо бар зидди ту гуноҳ кардаем.
8 Эй умеди Исроил, Наҷотбахши ӯ+ дар вақти тангӣ,
Чаро ту дар ин замин мисли мусофирӣ,
Мисли раҳгузаре, ки танҳо барои шаб гузарондан меистад?
9 Чаро мисли марди ҳайроне ҳастӣ,
Мисли марди пурзӯре, ки наҷот дода наметавонад?
Моро тарк накун.
10 Яҳува дар бораи ин халқ чунин мегӯяд: «Онҳо дайдугиро нағз мебинанд+ ва пояшонро бознамедоранд.+ Аз ин рӯ Яҳува аз онҳо розӣ нест.+ Акнун ӯ хатоҳояшонро ба хотир оварда, барои гуноҳҳояшон онҳоро ҷазо медиҳад».+
11 Сипас Яҳува ба ман гуфт: «Барои беҳбудии ин халқ ба ман дуо нагӯй.+ 12 Вақте рӯза мегиранд, ба зориҳояшон гӯш намедиҳам+ ва қурбониҳои сӯхтаниву ҳадияҳои ғаллаашон хушам намеояд.+ Ман онҳоро бо шамшер, гушнагӣ ва вабо нобуд месозам».+
13 Ман дар ҷавоб гуфтам: «Вой бар ман, эй Яҳува, Парвардигоро, зеро пайғамбарон ба онҳо мегӯянд: “Шумо шамшерро нахоҳед дид ва гуруснагӣ бар шумо нахоҳад омад, балки дар ин ҷой Худо ба шумо осоиштагии ҳақиқӣ хоҳад дод”».+
14 Он гоҳ Яҳува ба ман гуфт: «Пайғамбарон ба номи ман дурӯғро пешгӯйӣ мекунанд.+ Ман онҳоро нафиристодаам ва ба онҳо амр нафармудааму сухан нагуфтаам.+ Онҳо аз дили фиребкори худ ба шумо пешгӯйӣ мекунанд, руъёи дурӯғ мебинанд ва фоли беҳуда мекушоянд.+ 15 Бинобар ин Яҳува дар ҳаққи ин пайғамбарон мегӯяд: “Онҳо аз номи ман пешгӯйӣ мекунанд, аммо ман онҳоро нафиристодаам. Онҳо мегӯянд: “Бар ин замин ҳеҷ гоҳ шамшер ва гуруснагӣ намеояд”, пас, ин пайғамбарон аз шамшер ва гуруснагӣ нобуд хоҳанд шуд.+ 16 Халқе, ки пешгӯйиҳои онҳоро гӯш мекарданд, аз гуруснагӣ ва шамшер мурда, ба кӯчаҳои Ерусалим партофта мешаванд. Онҳо бо занон ва писару духтаронашон кушта мешаванд ва касе нахоҳад буд, ки онҳоро гӯронад.+ Ман бар онҳо фалокатеро меорам, ки сазои сарашон аст”.+
17 Ту ин суханонро ба онҳо бигӯй:
“Бигзор аз чашмонам шабу рӯз ашк бирезад ва бас нашавад,+
Зеро духтари бокираам — халқам,
Бо захмҳои марговар ба шикасти азиме гирифтор шудааст.+
18 Агар ба саҳро баромада, нигоҳ кунам,
Куштагони шамшерро мебинам!+
Агар ба шаҳр дароям,
Гушназадагонро мебинам!+
Ҳам пайғамбар ва ҳам коҳин дар замини бегона овора шуда гаштаанд”».+
19 Худоё, оё ту тамоман Яҳудоро рад кардаӣ ва аз Сион безор шудаӣ?+
Чаро моро зарбаи шифонопазир задӣ?+
Ба осоиштагӣ умед бастему хубие надидем.
Шифоро интизор будему даҳшат омад.+
20 Эй Яҳува, мо бадкории худро ба гардан мегирем
Ва хатоҳои бобоёнамонро тан мегирем,
Мо бар зидди ту гуноҳ кардаем.+
21 Ба хотири номат моро рад накун,+
Тахти пурҷалолатро паст назан.
Аҳдеро, ки бо мо бастаӣ, ба хотир ор ва онро нашикан.+
22 Оё ягон бути бекораи халқҳо борон медиҳад?
Оё осмон худ ба худ борон меборонад?
Магар ту, эй Худоямон Яҳува, ягона нестӣ?+
Мо ба ту умед бастаем,
Зеро ту ҳамаи ин чизҳоро ба амал овардаӣ.