Ҳизқиёл
6 Аз ҷониби Яҳува боз ба ман чунин паём омад: 2 «Эй фарзанди одам, рӯйи худро ба тарафи кӯҳистони Исроил гардон ва дар бораи он пешгӯйӣ кун. 3 Чунин бигӯ: “Эй кӯҳҳои Исроил, суханони Парвардигор Яҳуваро бишнавед: Парвардигор Яҳува ба кӯҳҳо, теппаҳо, чашмаҳо ва водиҳо чунин мегӯяд: “Ман бар сари шумо шамшер меорам ва баландиҳоятонро нобуд месозам. 4 Қурбонгоҳҳоятон харобу қурбонгоҳҳои бухурсӯзиятон шикаста мешаванд+ ва ман мурдагонатонро дар пеши бутҳои ҳароматон* мепартоям.+ 5 Ман ҷасади исроилиёнро дар пеши бутҳои ҳаромашон мегузорам ва устухонҳои шуморо дар гирди қурбонгоҳҳоятон пош медиҳам.+ 6 Дар ҳар ҷое зиндагӣ кунед, шаҳрҳоятон хароб+ ва баландиҳоятон вайрону валангор мешаванд.+ Қурбонгоҳҳоятон вайрону валангор ва бутҳои ҳароматон ба хок яксон мегарданд, қурбонгоҳҳои бухурсӯзиятон шикаста ва амали дастонатон нест мешаванд. 7 Дар миёни шумо куштагон хоҳанд афтод+ ва шумо мефаҳмед, ки ман Яҳува ҳастам.+
8 Вале ман бақияе аз шуморо нигоҳ медорам, зеро, вақте шумо дар миёни мамлакатҳо пароканда шавед, баъзеатон дар байни халқҳо аз шамшер наҷот меёбед.+ 9 Он наҷотёфтагон маро дар миёни халқҳое, ки ба замини онҳо ба асирӣ бурда мешаванд, ба ёд хоҳанд овард.+ Онҳо мефаҳманд, ки аз сабаби дили бевафояшон*, ки аз ман дур шудааст,+ ва чашмони шаҳватпарасташон, ки аз пайи бутҳояшон менигарад,+ дилам садпора гаштааст. Онҳо аз тамоми бадкорияшон хиҷил мешаванд ва аз корҳои ифлосашон нафрат мекунанд.+ 10 Онҳо хоҳанд донист, ки ман Яҳува ҳастам ва, вақте ба онҳо гуфтам, ки бар сарашон мусибат меорам, ин сухани хушку холӣ набуд”.+
11 Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “Аз ғаму андуҳ дастонатро ба ҳам зада, покӯбӣ кун ва дар ҳаққи тамоми бадӣ ва корҳои нафратоваре, ки хонадони Исроил кардааст, нола бикун, зеро онҳо аз шамшер, гушнагӣ ва вабо нобуд мешаванд.+ 12 Ҳар кӣ дур бошад, аз вабо мемирад, ҳар кӣ наздик бошад, аз шамшер ва ҳар кӣ аз инҳо наҷот ёбад, аз гушнагӣ мемирад. Ман тамоми ғазабамро бар онҳо фурӯ мерезам.+ 13 Онҳо гирдогирди қурбонгоҳҳояшон, дар ҳар як теппаи баландашон, бар ҳар қуллаи кӯҳҳояшон, зери ҳар дарахти сершоху барг ва зери шохҳои дарахтони бузург барои ризои бутҳои ҳаромашон бухури хушбӯ месӯзонданд.+ Вақте ки ҷасадашон дар ин ҷойҳо, дар миёни бутҳои ҳаромашон, афтад,+ онҳо мефаҳманд, ки ман Яҳува ҳастам.+ 14 Ман дастамро бар онҳо дароз мекунам ва заминро ба вайрона табдил дода, тамоми маконашонро назар ба биёбони назди Диблото бештар харобазор мегардонам. Он гоҳ онҳо мефаҳманд, ки ман Яҳува ҳастам”».