Забур
КИТОБИ ДУЮМ
(Забур 42–72)
Ба сардори ромишгарон. Маскили* писарони Қӯраҳ.+
42 Мисли гавазне, ки дар ҳасрати об аст,
Ҷони ман дар ҳасрати туст, эй Худо.
2 Ҷонам ташнаи Худост, ташнаи Худои зинда.+
Кай бошад, ки пеши назари Худо ҳозир шавам?+
4 Инро ба хотир оварда, диламро холӣ мекунам,
Зеро як замоне ман ҳамроҳи ҷамоат мерафтам,
Пешопеши мардум сӯйи хонаи Худо оҳиста-оҳиста қадам мезадам.
Мо бо нидоҳои шодӣ ва шукргузорӣ идро ҷашн мегирифтем.+
5 Чаро дилмондаам?+
Чаро дарунам беқарор аст?
6 Эй Худоям, дилмондаву ноумедам.+
Аз ин рӯ туро ба хотир меорам,+
Туро аз замини Урдун, аз қуллаҳои Ҳермӯн
Ва кӯҳи Мисъар* ба ёд меорам.
7 Обҳои бетаг обҳои бетагро
Бо овози шаршараҳоят садо мекунанд.
Мавҷҳои хурӯшонат маро фаро гирифтанд.+
8 Рӯзона Яҳува ба ман меҳру вафо мекунад,
Шабона дар васфаш суруд мехонам,
Ба Худои ҳаётбахшам дуо мегӯям.+
9 Ба Худованд, ки қалъаи ман аст, чунин мегӯям:
«Чаро маро фаромӯш кардаӣ?+
Чаро аз ситами душманам ғамгин гардам?»+
10 Бадхоҳони ҷонам бо ман душманӣ варзида, дар ҳаққам бадгӯйӣ мекунанд*,
Онҳо рӯзи дароз маро таъна зада мегӯянд:
«Куҷост Худои ту?»+
11 Чаро дилмондаам?
Чаро дарунам беқарор аст?