ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • 2 Подшоҳон 14
  • Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

Шарҳи мухтасари 2 Подшоҳон

      • Юоб ва зани тақӯогӣ (1–17)

      • Довуд аз кори Юоб хабардор мешавад (18–20)

      • Рухсат ба бозгашти Абшолӯм (21–33)

2 Подшоҳон 14:1

Оятҳои иловагӣ

  • +2Пш 2:18; 1Вқ 2:15, 16
  • +2Пш 13:39; 18:33; 19:2

2 Подшоҳон 14:2

Оятҳои иловагӣ

  • +2Вқ 11:5, 6; 20:20; Ом 1:1
  • +Пг 9:8; Дн 10:3

2 Подшоҳон 14:7

Оятҳои иловагӣ

  • +4Мс 35:19; 5Мс 19:11, 12

2 Подшоҳон 14:11

Оятҳои иловагӣ

  • +4Мс 35:19, 27; 5Мс 19:6
  • +5Мс 6:13; Пг 8:4

2 Подшоҳон 14:13

Оятҳои иловагӣ

  • +2Мс 19:5; 4Мс 6:27
  • +2Пш 13:38

2 Подшоҳон 14:16

Оятҳои иловагӣ

  • +2Пш 14:2, 7

2 Подшоҳон 14:19

Оятҳои иловагӣ

  • +2Пш 14:1–3

2 Подшоҳон 14:21

Оятҳои иловагӣ

  • +2Пш 14:13
  • +2Пш 13:38

2 Подшоҳон 14:23

Оятҳои иловагӣ

  • +5Мс 3:14; 2Пш 3:3; 13:37

2 Подшоҳон 14:26

Эзоҳҳо

  • *

    Эҳтимол, воҳиди ченаке буд, ки дар қасри шоҳ нигоҳ дошта мешуд, ё сиқли «шоҳона»-е буд, ки аз сиқли одӣ фарқ мекард.

  • *

    Тахминан 2,3 кг. Ниг. ба Замимаи Б14.

2 Подшоҳон 14:27

Оятҳои иловагӣ

  • +2Пш 18:18

2 Подшоҳон 14:28

Оятҳои иловагӣ

  • +2Пш 14:24

2 Подшоҳон 14:32

Оятҳои иловагӣ

  • +2Пш 14:23

2 Подшоҳон 14:33

Оятҳои иловагӣ

  • +1Мс 45:15

Асосӣ

2 Подш. 14:12Пш 2:18; 1Вқ 2:15, 16
2 Подш. 14:12Пш 13:39; 18:33; 19:2
2 Подш. 14:22Вқ 11:5, 6; 20:20; Ом 1:1
2 Подш. 14:2Пг 9:8; Дн 10:3
2 Подш. 14:74Мс 35:19; 5Мс 19:11, 12
2 Подш. 14:114Мс 35:19, 27; 5Мс 19:6
2 Подш. 14:115Мс 6:13; Пг 8:4
2 Подш. 14:132Мс 19:5; 4Мс 6:27
2 Подш. 14:132Пш 13:38
2 Подш. 14:162Пш 14:2, 7
2 Подш. 14:192Пш 14:1–3
2 Подш. 14:212Пш 14:13
2 Подш. 14:212Пш 13:38
2 Подш. 14:235Мс 3:14; 2Пш 3:3; 13:37
2 Подш. 14:272Пш 18:18
2 Подш. 14:282Пш 14:24
2 Подш. 14:322Пш 14:23
2 Подш. 14:331Мс 45:15
  • Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5
  • 6
  • 7
  • 8
  • 9
  • 10
  • 11
  • 12
  • 13
  • 14
  • 15
  • 16
  • 17
  • 18
  • 19
  • 20
  • 21
  • 22
  • 23
  • 24
  • 25
  • 26
  • 27
  • 28
  • 29
  • 30
  • 31
  • 32
  • 33
Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
2 Подшоҳон 14:1–33

2 Подшоҳон

14 Юоби писари Саруё+ пай бурд, ки подшоҳ Абшолӯмро ёд кардааст.+ 2 Барои ҳамин Юоб ба Тақӯо+ кас фиристода, зани доноеро аз он ҷо даъват кард ва ба ӯ гуфт: «Аз ту хоҳиш мекунам, ки худро мотамдор нишон деҳ, ту бояд либоси азо бипӯшӣ ва ба танат равған намолӣ.+ Мисли зане рафтор кун, ки дер боз барои шахси мурдааш мотам гирифтааст. 3 Баъд ба назди подшоҳ рафта, он чизеро, ки мегӯям, гап зан». Пас аз ин Юоб ба он зан гап ёд дод.

4 Он зани тақӯогӣ ба назди подшоҳ рафт ва рӯ ба замин афтода таъзим карду гуфт: «Ёрӣ деҳ, эй подшоҳ!» 5 Подшоҳ аз вай пурсид: «Чӣ гап шудааст?» Он зан гуфт: «Ман бевазане ҳастам, шавҳарам мурдааст. 6 Канизат ду писар дошт. Рӯзе ҳар дуи онҳо дар саҳро ҷанг карданд ва касе набуд, ки онҳоро аз ҳам ҷудо кунад, ва яке дигареро зарба зада кушт. 7 Акнун тамоми хешу табор хеста, пеши канизат омадаанд ва мегӯянд: “Бародаркушро ба дасти мо супор, то ки ӯро ба қатл расонем! Ӯ меросхӯри ягона бошад ҳам, мо қасди бародарашро мегирем!”+ Онҳо лахчаи охирини маро хомӯш карданианд ва барои шавҳарам номе ва бақияе дар рӯйи замин намегузоранд».

8 Он гоҳ подшоҳ ба зан гуфт: «Ба хонаат баргард, ман фармон дода, кори туро ҳал мекунам». 9 Зани тақӯогӣ ба шоҳ гуфт: «Эй хоҷаам подшоҳ, бигзор гуноҳ бар гардани ман ва хонадони падари ман бошад, вале бар подшоҳ ва тахташ айбе набошад». 10 Подшоҳ гуфт: «Агар касе ба ту ягон гапи зиёдатӣ гӯяд, вайро назди ман биёр ва ӯ дигар туро ғам намедиҳад». 11 Аммо ӯ гуфт: «Кошки шоҳ Худояш Яҳуваро дар хотир дорад, то ки хунхоҳ+ зарари бештар расонда, писарамро несту нобуд насозад». Подшоҳ гуфт: «Ба номи Яҳува, Худои зинда, қасам+ ки, як тори мӯй аз сари писарат ба замин намеафтад». 12 Зан боз гуфт: «Илтимос, ба канизат иҷозат деҳ, ки ба хоҷаам подшоҳ сухане гӯяд». Шоҳ гуфт: «Бигӯ!»

13 Зан гуфт: «Пас, чаро ту нисбати халқи Худо чунин нияте дорӣ?+ Он суханонро гуфта, подшоҳ худро бо забони худ айбдор кард, чунки ӯ писарашро, ки ронда шудааст,+ барнамегардонад. 14 Мо ҳатман мемурем ва мисли обе хоҳем буд, ки ба замин рехтаасту онро дигар ҷамъ оварда намешавад. Вале Худо ҷони одамро нобуд намекунад, балки асос меҷӯяд, то каси рондашуда ҳамеша аз ӯ ронда набошад. 15 Ман ба назди хоҷаам подшоҳ омадам, то ки ин суханонро гӯям, зеро аз мардум тарсидам. Канизат гуфт: “Биё бо подшоҳ гап занам. Шояд, подшоҳ ба доди бандааш расад. 16 Мумкин аст подшоҳ гӯш дода, бандаашро аз дасти касе, ки маро ва писари ягонаамро аз мероси Худо несту нобуд карданӣ аст, халос намояд”.+ 17 Канизат гуфт: “Кошки сухани хоҷаам подшоҳ ба ман сабукӣ орад”, зеро хоҷаам подшоҳ мисли фариштаи Худо некро аз бад фарқ мекунад. Худоят Яҳува ёрат бод».

18 Подшоҳ ба зан гуфт: «Чизеро, ки аз ту мепурсам, пинҳон надор». Зан дар ҷавоб гуфт: «Бигзор хоҷаам подшоҳ бипурсад». 19 Подшоҳ гуфт: «Оё ҳамаи инро Юоб ба ту фармудааст?»+ Зан ҷавоб дод: «Эй хоҷаам подшоҳ, ба ҳаёти ту қасам ки, айнан ҳамон тавр аст, ки хоҷаам подшоҳ гуфт, чунки ҳамаи ин гапу корро бандаат Юоб ба канизат фармудааст ва ёд додааст. 20 Бандаат Юоб аз пайи ин кор шуд, то ба ин ҳолат бо чашми дигар нигарӣ, вале хоҷаам мисли фариштаи Худо хирадманд аст ва аз тамоми корҳои ин сарзамин хабардор аст».

21 Пас аз ин подшоҳ ба Юоб гуфт: «Майлаш, ман ин корро мекунам.+ Бирав ва Абшолӯми ҷавонро биёр».+ 22 Он гоҳ Юоб рӯ ба замин афтода таъзим кард ва подшоҳро ситоиш намуда гуфт: «Имрӯз бандаат донист, ки ман дар назарат, эй хоҷаам подшоҳ, писанд ҳастам, зеро шоҳ ба гуфти бандааш кард». 23 Сипас Юоб бархеста, ба Ҷашур+ рафт ва Абшолӯмро ба Ерусалим овард. 24 Аммо подшоҳ гуфт: «Бигзор ӯ ба хонааш баргардад, лекин пеши ман наояд». Абшолӯм ба хонааш баргашт, вале аз дидори подшоҳ маҳрум буд.

25 Дар саросари Исроил мардеро дар зебоӣ ба Абшолӯм баробар намедонистанд: аз кафи по то фарқи сараш ӯ айбу нуқсоне надошт. 26 Вай дар охири ҳар сол мӯйи сарашро мегирифт, чунки он барояш вазнинӣ мекард, ва вазни мӯйи ӯ бо санги шоҳона* 200 сиқл* мебаромад. 27 Абшолӯм соҳиби се писар+ ва як духтар буд, ки Томор ном дошт. Ӯ зани хеле хушрӯе буд.

28 Ду сол шуда буд ки, Абшолӯм дар Ерусалим мезист, лекин подшоҳро надида буд.+ 29 Абшолӯм Юобро даъват кард, то ӯро ба назди подшоҳ фиристад, вале Юоб ба наздаш наомад. Ӯ боз кас фиристод, лекин бори дуюм ҳам Юоб ба наздаш омадан нахост. 30 Оқибат Абшолӯм ба хизматгоронаш гуфт: «Қитъаи замини Юоб дар бари қитъаи ман аст ва ӯ дар он ҷав коридааст. Рафта, онро оташ занед». Хизматгоронаш рафта, он қитъаи заминро оташ заданд. 31 Он гоҳ Юоб хеста, ба хонаи Абшолӯм омад ва гуфт: «Барои чӣ хизматгорони ту замини маро оташ заданд?» 32 Абшолӯм дар ҷавоб гуфт: «Ман ба ту хабар фиристода, гуфтам: “Биё, то ки туро ба назди подшоҳ фиристода, пурсам: “Аз Ҷашур омадани ман чӣ даркор буд?+ Беҳтараш, дар ҳамон ҷо мемондам. Пас, иҷозат деҳ, ки подшоҳро бинам, ва, агар дар ман айбе бошад, бигзор маро ба қатл расонад”».

33 Он гоҳ Юоб ба назди подшоҳ рафта, бо ӯ гап зад ва ӯ Абшолӯмро даъват кард. Абшолӯм ба назди подшоҳ омад ва рӯ ба замин афтода ба ӯ таъзим кард, подшоҳ бошад, Абшолӯмро бӯсид.+

Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
Баромадан
Даромадан
  • тоҷикӣ
  • Фиристодан
  • Ҷӯркунӣ
  • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
  • Шарти истифодабарӣ
  • Сиёсати ҳифзи асрор
  • Танзимоти ҳифзи асрор
  • JW.ORG
  • Даромадан
Фиристодан