Забур
Маро аз дасти фиребгарон ва ноинсофон раҳо кун,
2 Зеро ту Худои ман ва қалъаи ман ҳастӣ.+
Чаро маро тарк кардаӣ?
Чаро аз ситами душманам ғамгин гардам?+
3 Нур ва ростиятро бифирист,+
Бигзор онҳо маро роҳнамоӣ кунанд,+
Бигзор маро ба кӯҳи муқаддасат ва хаймаи бузургат ҳидоят намоянд.+
4 Ман назди қурбонгоҳи Худо хоҳам омад,+
Назди Худое, ки хурсандии бепоёни ман аст,
Ман бо чанг,+ эй Худо, Худои ман, туро ситоиш хоҳам кард.
5 Чаро дилмондаам?
Чаро дарунам беқарор аст?