Ишаъё
47 Фуруд ой ва бар хок биншин,
Эй духтари бокираи Бобил!+
Бар тахт неву бар рӯйи замин биншин,+
Эй духтари калдониён,
Зеро одамон туро дигар нозпарвард ва эрка нахоҳанд номид.
2 Дастосро* бигиру орд кун.
Рӯймолатро бикаш,
Доманатро бардор, пойҳоятро луч кун,
Аз дарёҳо бигузар.
3 Бараҳнагии ту намоён мешавад
Ва расвоии ту ошкор мегардад.
Ман қасос мегирам+ ва ҳеҷ кас пеши роҳамро гирифта наметавонад*.
5 Хомӯш биншин ва сӯйи торикӣ бирав,
Эй духтари калдониён.+
Туро дигар маликаи мамлакатҳо нахоҳанд номид.+
7 Ту гуфтӣ: «Ман ҳамеша ва то абад малика хоҳам буд».+
Ту ба ин чизҳо диққат надодӣ
Ва аз оқибати кор наандешидӣ.
8 Пас, инро бишнав, эй дӯстдори лаззат,+
Ки дар осоиштагӣ нишаста, дар дили худ мегӯӣ:
«Ман ҳастаму дигаре нест.+
Ман ҳеҷ гоҳ бевазан намешавам
Ва марги фарзандонамро намебинам».+
9 Вале ин ду чиз, бефарзандиву бевазанӣ, ногаҳон ва дар як рӯз бар сарат меоянд+
Ва ҷонат аз ин чизҳо сер хоҳад шуд,+
10 Ту ба бадкории худ умед баста, гуфтӣ:
«Маро касе намебинад».
Туро ҳамин хирад ва донишат гумроҳ кардааст ки,
Дар дили худ мегӯӣ: «Ман ҳастаму дигаре нест».
11 Аммо бар сарат фалокат меояд
Ва афсунҳоят кора нахоҳанд кард.
Бадбахтие бар сарат меояд, ки онро пешгирӣ карда наметавонӣ.
Ногаҳон бар сарат чунон шикасте меояд, ки дар гӯшаи хаёлат набуд.+
12 Пас, куфу суф ва ҷодуҳои бисёратро давом деҳ,+
Бо корҳое, ки аз ҷавонӣ ба онҳо мекӯшидӣ, машғул бош.
Шояд, аз онҳо фоидае шавад,
Шояд, мардумро бо онҳо ба ҳарос орӣ.
13 Ту аз бисёрии маслиҳатгаронат хаста шудаӣ,
Бигзор онҳо, ки осмонро мепарастанду* ба ситораҳо назар медӯзанд+
Ва дар навмоҳҳо аз пешомадат хабар медиҳанд,
Бархоста, туро наҷот диҳанд.
14 Онҳо мисли ғаллапояанд,
Оташ онҳоро хоҳад сӯзонид.
Онҳо ҷони худро аз дасти оташ халос карда наметавонанд.
Ин оташ мисли лахчаҳо нест, ки дар наздашон гарм шавӣ
Ва ин гулхане нест, ки дар пешаш нишинӣ.
15 Оқибати афсунгаронат низ чунин хоҳад буд,
Оқибати онҳое, ки аз ҷавоният ҳамроҳашон заҳмат кашидаӣ.
Онҳо саргардон шуда, ҳар яке ҳар сӯ хоҳад рафт
Ва касе ёфт намешавад, ки туро наҷот диҳад.+