Наҳум
3 Вой бар ҳоли шаҳри хунрезиҳо!
Ӯ пур аз фиребу ғорат аст
Ва ҳеҷ гоҳ бе сайд набуд.
2 Дар он садои қамчин ва гулдурроси чархҳост,
Дар он аспҳои тездав ва аробаҳои шитобон,
3 Ҷанговарони аспсавор, шамшерҳои барқпош ва найзаҳои ҷилодор,
Куштагони бисёр ва тӯдаҳои ҷасадҳост.
Ҷасадҳо бешуморанд ва одамон ба онҳо пешпо мехӯранд.
4 Ҳамаи ин аз сабаби зиноҳои бисёри фоҳишаест,
Ки зебову дилфиреб аст ва ҷодугарӣ мекунад.
Ӯ халқҳоро бо зино ва хонаводаҳоро бо ҷодуи худ ба дом меафтонад.
5 «Ман бар зидди туям*,— мегӯяд Яҳува, Худои лашкарҳо,+—
Ман доманатро бардошта, ба рӯят мекашам,
Бараҳнагии туро ба халқҳо
Ва расвоии туро ба мамлакатҳо нишон медиҳам.
7 Ҳар кӣ туро бубинад, аз пешат гурехта,+ мегӯяд:
“Нинверо валангор намудаанд!
Кӣ ба ҳоли ӯ раҳм мекунад?”
Аз куҷо бароят дилбардоронро ёбам?
8 Магар ту аз Нӯ-Омӯн*,+ ки назди шохобҳои Нил+ менишаст, беҳтарӣ?
Обҳо ӯро иҳота карда буданд,
Сарвати ӯ ва ҳисори ӯ баҳр буд.
9 Ҳабашистон ва Миср сарчашмаи қувваи бепоёни ӯ буданд.
Фут+ ва либиён ба ту ёрӣ медоданд.+
10 Вале ӯро низ асир намуда, аз ватанаш бурданд.+
Кӯдаконашро низ дар сари ҳар кӯча пора-пора намуданд.
Барои номдоронаш қуръа партофтанд
Ва ҳамаи бузургонашро занҷирбанд карданд.
12 Ҳамаи қалъаҳоят мисли дарахтони анҷирест, ки ҳосили аввалинашон пухтааст.
Агар онҳоро таконанд, рост ба даҳон меафтанд.
13 Ҷанговаронат дар миёни ту мисли занонанд.
Дарвозаҳои заминат барои душман воз мешаванд.
Оташ ғалақаҳои дарвозаҳоятро месӯзонад.
14 Барои замони муҳосира об захира кун!+
Қалъаҳоятро мустаҳкам намо.
Ба лойдон даромада, лойро пой бизан,
Қолаби хиштрезиро сахт бидор.
15 Он гоҳ низ оташ туро ба коми худ мекашад
Ва шамшер туро нобуд месозад,+
Чуноне ки малахи бебол ҳамаро фурӯ мебарад.+
Чун малахи бебол сершумор шав!
Бале, чун малах бисёр шав!
16 Ту савдогаронатро аз ситораҳои осмон ҳам зиёдтар кардӣ.
Малахҳои бебол пӯст мепартоянд ва парида мераванд.
17 Посбононат мисли малаханд
Ва фармондеҳонат мисли селаи малах.
Онҳо дар рӯзи хунук дар деворҳои сангин ҷойгир мешаванд
Ва, вақте офтоб нур пошад, парида мераванд
Ва маълум нест, ки куҷоянд.
18 Чӯпонони ту хоболуданд, эй шоҳи Ошур,
Калоншавандагонат дар хонаҳояшон мондаанд.
Халқат дар кӯҳистон пароканда аст
Ва касе онҳоро ҷамъ намеорад.+
19 Аз балое, ки ба сарат омадааст, халосӣ намеёбӣ.
Захми ту бедавост.