Ирмиё
24 Баъд аз он ки подшоҳи Бобил — Набукаднесар, Еконё*,+ писари Еҳуёқими+ подшоҳи Яҳудоро, бо мирони Яҳудо ва ҳунармандону оҳангаронаш* аз Ерусалим ба Бобил бурд,+ Яҳува ба ман ду сабади анҷирро, ки дар назди ибодатгоҳи Яҳува меистод, нишон дод. 2 Як сабад анҷири бисёр нағз дошт, ки мисли анҷирҳои пешпазак буд, аммо сабади дигар анҷири чунон гандае дошт, ки онҳоро хӯрдан номумкин буд.
3 Сипас Яҳува аз ман пурсид: «Эй Ирмиё, чиро мебинӣ?» Ман гуфтам: «Анҷирҳоро, анҷирҳои нағзро, ки хеле нағзанд, аммо анҷирҳои ганда хеле гандаанд ва онҳоро хӯрдан номумкин аст».+
4 Он гоҳ аз Яҳува ба ман чунин паём омад: 5 «Яҳува, Худои Исроил, чунин мегӯяд: “Асирони Яҳудо ва онҳое, ки аз ин макон ба замини калдониён фиристодаам, бароям мисли ин анҷирҳои хубанд ва ман ба онҳо нағз муносибат хоҳам кард. 6 Чашмам бар онҳо хоҳад буд, то ба онҳо кумак кунам. Ман онҳоро ба ин замин бармегардонам+ ва онҳоро обод мекунам, на хароб, парвариш мекунам, на решакан.+ 7 Ба онҳо диле ато мекунам, то маро бишносанд, ки ман Яҳува ҳастам.+ Онҳо халқи ман хоҳанд буд ва ман Худои онҳо,+ зеро онҳо бо тамоми дил сӯйи ман хоҳанд баргашт.+
8 Дар бораи анҷирҳои ганда, ки онҳоро хӯрда намешавад,+ Яҳува мегӯяд: “Сидқиёҳуи+ подшоҳи Яҳудо, миронаш, бақияи Ерусалим, ки дар ин замин боқӣ мондааст, ва онҳое, ки дар Миср+ зиндагӣ мекунанд, бароям мисли ин анҷирҳои гандаянд. 9 Ман бар сари онҳо мусибате меорам, ки ҳама мамлакатҳои рӯйи замин ҳоли зорашонро дида, ба даҳшат оянд+ ва, дар ҳар ҷое ки онҳоро пароканда созам,+ шарманда, гапи даҳони мардум, хандахариш ва лаънатзада+ шаванд. 10 То даме онҳоро аз замине, ки ба онҳову бобоёнашон додаам, нобуд насозам, бар зиддашон шамшер,+ қаҳтӣ ва ваборо+ мефиристам”».