Ҳизқиёл
20 Дар соли ҳафтум, дар рӯзи даҳуми моҳи панҷум, чанд нафар аз пирони Исроил омада, пеши ман нишастанд, то аз Яҳува пурсон шаванд. 2 Он гоҳ Яҳува ба ман паём фиристода гуфт: 3 «Эй фарзанди одам, ба пирони Исроил бигӯ: “Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “Оё омадаед, ки аз ман бипурсед? Ба ҳаёти худ қасам ки, ман ба шумо ҷавобе намедиҳам,+— мегӯяд Парвардигор Яҳува”.
4 Эй фарзанди одам, оё ту тайёрӣ, ки онҳоро доварӣ кунӣ*? Оё тайёрӣ, ки онҳоро доварӣ кунӣ? Корҳои нафратовареро, ки бобоёнашон мекарданд, ба онҳо баён намо.+ 5 Ба онҳо бигӯ: “Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “Дар рӯзе ки ман Исроилро интихоб кардам,+ ба насли хонадони Яъқуб қасам хӯрдам ва дар замини Миср худро ба онҳо ошкор намудам.+ Ман ба онҳо қасам хӯрда гуфтам: “Ман Яҳува, Худои шумо, ҳастам”. 6 Дар он рӯз ман қасам хӯрдам, ки онҳоро аз замини Миср бароварда, ба замине меорам, ки барояшон хуш кардаам, ба замине, ки ширу асал дар он ҷорист+ ва зеботарини заминҳост*. 7 Пас аз ин ман ба онҳо гуфтам: “Ҳар яке чизҳои нафратангезеро, ки дар пеши чашмонатон аст, партоед ва худро бо бутҳои ҳароми* Миср нопок насозед.+ Ман Яҳува, Худои шумо, ҳастам”.+
8 Вале онҳо бар зидди ман исён бардоштанд ва ба ман гӯш надоданд. Онҳо чизҳои нафратангезеро, ки дар пеши чашмонашон буд, напартофтанд ва аз бутҳои ҳароми Миср даст накашиданд.+ Барои ҳамин ман ваъда додам, ки хашми худро бар онҳо фурӯ мерезам ва онҳоро дар замини Миср ба ғазаби сахтам гирифтор мекунам. 9 Вале ман ба хотири номи худ амал кардам, то он дар пеши халқҳое, ки дар байнашон мезистанд, хор нашавад.+ Вақте ки онҳоро аз замини Миср баровардам, худро дар пеши назари ин халқҳо ба онҳо маълум сохтам.+ 10 Ман онҳоро аз замини Миср берун овардам ва сӯйи биёбон роҳнамоӣ кардам.+
11 Пас аз ин ман ба онҳо фармудаҳоямро додам ва ҳукмҳоямро маълум кардам,+ то ҳар кӣ онҳоро риоя кунад, зинда монад.+ 12 Ҳамчунин ба онҳо шанбеҳоямро додам,+ то байни ману онҳо аломате бошад+ ва бидонанд, ки ман, Яҳува, онҳоро поку муқаддас намудаам.
13 Вале хонадони Исроил дар биёбон бар зидди ман исён карданд.+ Онҳо фармудаҳои маро ба ҷо наоварданд, ҳукмҳоямро, ки шахс бо риояи онҳо зинда мемонад, рад намуданд ва шанбеҳоямро таги по карданд. Аз ин рӯ ман ваъда додам, ки хашмамро дар биёбон фурӯ рехта, онҳоро несту нобуд мекунам.+ 14 Вале ман ба хотири номи худ амал кардам, то он дар пеши халқҳое, ки пеши назарашон онҳоро берун овардам, хор нашавад.+ 15 Ман ҳамчунин дар биёбон қасам хӯрдам, ки онҳоро ба замине, ки барояшон ҷудо кардаам, ба замине, ки ширу асал дар он ҷорист+ ва зеботарини заминҳост*, намеорам,+ 16 зеро онҳо аз пайи бутҳои ҳаромашон рафта, ҳукмҳои маро таги по карданд,+ фармудаҳоямро ба ҷо наоварданд ва шанбеҳоямро хор доштанд.
17 Вале ман* ба онҳо раҳм кардам ва онҳоро нест нанамудам: ман онҳоро дар биёбон нобуд насохтам. 18 Ман дар биёбон ба писарони онҳо гуфтам:+ “Мувофиқи дастурҳои бобоёнатон амал накунед,+ ҳукмҳои онҳоро ба ҷо наоред ва худро бо бутҳои ҳаромашон нопок нагардонед. 19 Ман Яҳува, Худои шумо, ҳастам. Фармудаҳои маро риоя кунед ва ҳукмҳои маро ба ҷо оред.+ 20 Шанбеҳои маро муқаддас доред,+ то онҳо байни ману шумо аломате бошанд ва шумо бидонед, ки ман Яҳува, Худои шумо, ҳастам.+
21 Вале писарони онҳо бар зидди ман исён бардоштанд.+ Онҳо мувофиқи фармудаҳои ман амал накарданд, ҳукмҳоямро, ки шахс бо риояи онҳо зинда мемонад, ба ҷо наоварданд ва шанбеҳоямро хор доштанд. Барои ҳамин ман ваъда додам, ки хашмамро бар онҳо фурӯ мерезам ва онҳоро дар биёбон ба ғазаби сахтам гирифтор мекунам.+ 22 Вале ман худдорӣ намудам+ ва ба хотири номи худ амал кардам,+ то он дар пеши халқҳое, ки пеши назарашон онҳоро берун овардам, хор нашавад. 23 Ман дар биёбон қасам хӯрдам, ки онҳоро дар миёни халқҳо пароканда мекунам ва дар миёни кишварҳо парешон месозам,+ 24 зеро онҳо ҳукмҳои маро ба ҷо наоварданд, фармудаҳоямро таги по карданд,+ шанбеҳоямро хор доштанд ва аз пайи бутҳои ҳароми бобоёнашон равона шуданд.+ 25 Ман гузоштам, ки онҳо дастурҳоеро, ки нек нестанд, ва ҳукмҳоеро, ки бо риояашон зинда намемонанд, ба ҷо оранд.+ 26 Ман гузоштам, ки онҳо бо қурбониҳои худ, вақте ҳар писари калонияшонро дар оташ қурбон мекарданд,+ нопок гарданд, то онҳоро хонавайрон созам ва онҳо бифаҳманд, ки ман Яҳува ҳастам”.
27 Эй фарзанди одам, ба хонадони Исроил бигӯ: “Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “Бобоёни шумо низ ба ман бевафоӣ карда, маро таҳқир намуданд. 28 Ман онҳоро ба замине овардам, ки дар борааш қасам хӯрда будам.+ Вақте онҳо теппаҳои баланд ва дарахтони сербаргро диданд,+ қурбониҳо ва ҳадияҳои хашмангезашонро оварданд. Онҳо дар он ҷо қурбониҳои хушбӯй* пешкаш намуданд ва ҳадияҳои рехтанияшонро рехтанд. 29 Аз ин рӯ ман аз онҳо пурсидам: “Чаро ба он баландӣ меравед? (Он то ба имрӯз Баландӣ ном дорад)”.+
30 Ба хонадони Исроил бигӯ: “Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “Наход шумо мисли бобоёнатон бутҳои ҳаромашонро хиёнаткорона парастиш кунед* ва худро нопок созед?+ 31 Магар шумо писаронатонро дар оташ қурбон карда, то ба имрӯз ба бутҳои ҳароматон қурбонӣ намеоред ва худро нопок намесозед?+ Оё ман бо ҳамаи ин ба пурсиши шумо, эй хонадони Исроил, ҷавоб диҳам?+
Ба ҳаёти худ қасам ки,— мегӯяд Парвардигор Яҳува,— ман ба шумо ҷавоб намедиҳам.+ 32 Шумо мегӯед: “Биёед мисли халқҳо, мисли хонаводаҳои кишварҳои дигаре шавем, ки чӯбу сангро парастиш мекунанд”,+ вале ин фикри шумо ҳеҷ гоҳ амалӣ намешавад.
33 Ба ҳаёти худ қасам ки,— мегӯяд Парвардигор Яҳува,— ман бо дасти пурзӯру бозуи пурқувват ва бо хашми лабрез бар шумо подшоҳӣ мекунам.+ 34 Ман бо дасти пурзӯру бозуи пурқувват ва бо хашми пуршиддат шуморо аз миёни халқҳо берун меорам ва аз кишварҳое, ки дар он парокандаед, ҷамъ мекунам.+ 35 Ман шуморо ба биёбони халқҳо меорам ва дар он ҷо рӯ ба рӯ бо шумо мурофиаро сар мекунам.+
36 Чуноне ки дар биёбони замини Миср бо бобоёни шумо мурофиаро сар карда будам, бо шумо низ сар мекунам,— мегӯяд Парвардигор Яҳува.— 37 Ман шуморо аз таги асои чӯпон мегузаронам+ ва маҷбур мекунам, ки аҳдро риоя кунед, 38 вале исёнгарон ва касонеро, ки бар зидди ман гуноҳ мекунанд, аз миёни шумо нест мекунам.+ Ман онҳоро аз замини бегона берун меорам, вале онҳо ба замини Исроил намедароянд.+ Он гоҳ шумо мефаҳмед, ки ман Яҳува ҳастам.
39 Дар ҳаққи шумо, эй хонадони Исроил, Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “Ҳар кадоматон рафта, бути ҳароматонро парастиш кунед.+ Вале инро бидонед ки, агар ба гапам гӯш надиҳед, ман аз шумо рӯй мегардонам ва шумо дигар номи поки маро бо қурбониҳо ва бутҳои ҳароматон беҳурмат намесозед.+
40 Тамоми хонадони Исроил дар ин замин, бар кӯҳи муқаддаси ман, бар кӯҳи баланди Исроил,+ маро парастиш мекунад,+— мегӯяд Парвардигор Яҳува.— Ман дар он ҷо аз шумо шод мешавам ва хайрияҳову навбари ҳадияҳоятонро, тамоми чизҳои муқаддасатонро, талаб мекунам.+ 41 Вақте шуморо аз миёни халқҳо берун орам ва аз кишварҳое, ки дар он парокандаед, ҷамъ кунам,+ аз қурбониҳои хушбӯятон* шод мегардам. Он гоҳ ман дар пеши назари халқҳо покиямро ба шумо нишон медиҳам.+
42 Вақте шуморо ба замини Исроил орам,+ ба замине, ки дар борааш ба бобоёнатон қасам хӯрда будам, мефаҳмед, ки ман Яҳува ҳастам.+ 43 Дар он ҷо шумо рафтор ва ҳамаи корҳои нопоки худро ба хотир меоред+ ва барои ҳамаи бадкориҳоятон аз худ нафрат мекунед.+ 44 Вақте бо шумо на аз рӯйи корҳои бад ва рафтори нопокатон, балки ба хотири номи худ амал кунам,+ шумо, эй хонадони Исроил, мефаҳмед, ки ман Яҳува ҳастам”,— мегӯяд Парвардигор Яҳува».
45 Яҳува боз ба ман паём фиристода гуфт: 46 «Эй фарзанди одам, рӯй ба чоряки ҷанубӣ гардонда, ба ҷануб эълон бикун ва ба ҷангалзори ҷануб пешгӯйӣ намо. 47 Ба ҷангали ҷануб бигӯ: “Паёми Яҳуваро бишнав. Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “Ман туро оташ мезанам+ ва он ҳар дарахти сабз ва ҳар дарахти хушки туро фурӯ мебарад. Алангаи ин оташ хомӯш намешавад,+ балки аз ҷануб то шимол ҳамаро месӯзонад. 48 Он гоҳ ҳама мефаҳмад, ки ҷангалро ман, Яҳува, оташ задаам, ва он оташ хомӯш намешавад”».+
49 Ман гуфтам: «Ё Яҳува, Парвардигоро! Онҳо дар бораам мегӯянд: “Кори ӯ фақат чистонгӯйист*”».