Ҳушаъ
4 Каломи Яҳуваро бишнавед, эй мардуми Исроил!
Яҳува бар зидди сокинони ин замин даъвое дорад,+
Зеро дар ин сарзамин на ростӣ ҳаст, на меҳру вафо ва на дониш дар бораи Худо.+
3 Аз ин сабаб замин мотам мегирад+
Ва тамоми сокинонаш бемаҷол мегарданд,
Даррандагони саҳро, парандагони осмон
Ва ҳатто моҳиёни баҳр нобуд мешаванд.
4 «Аммо бигзор касе ҷанҷолу сарзаниш накунад,+
Зеро халқи ту мисли касонест, ки бо коҳин*+ ҷанҷол мекунанд.
5 Ту дар рӯзи равшан пешпо мехӯрӣ,
Пайғамбар низ, гӯё ки шаб бошад, бо ту пешпо мехӯрад.
Ман модари туро нобуд мекунам.
6 Халқи ман нобуд мешавад, зеро дониш надорад.
Азбаски ту донишро рад кардӣ,+
Ман низ туро рад мекунам, то ки коҳини ман набошӣ.
7 Ҳар қадаре онҳо зиёд шуданд, бештар бар зидди ман гуноҳ карданд.+
Ман ҷалоли онҳоро ба шармандагӣ табдил медиҳам*.
8 Онҳо аз гуноҳҳои халқи ман шикам сер мекунанд
Ва ҷони онҳо ташнаи хатоҳои халқам аст.
9 Бо халқ ва бо коҳин ҳамон як чиз рӯй медиҳад,
Барои корҳояшон онҳоро ҷазо медиҳам
Ва оқибати рафторашонро ба сарашон меорам.+
10 Онҳо хоҳанд хӯрд, аммо сер нахоҳанд шуд.+
Бисёр зино хоҳанд кард, аммо зиёд нахоҳанд гашт,+
Зеро Яҳуваро писанд намекунанд.
12 Халқи ман аз бутҳои чӯбин маслиҳат мепурсад
Ва чизеро, ки асояшон* ба онҳо гӯяд, ҳамонро мекунад,
Зеро рӯҳи зино онҳоро гумроҳ кардааст,
Ва ба сабаби зинокорӣ онҳо ба Худояшон гардан намефароранд.
13 Онҳо дар болои кӯҳҳо қурбонӣ меоранд,+
Дар сари теппаҳо қурбонӣ сӯзонда дуд мебароранд
Ва ин корро таги дарахтони булут, майъа* ва ҳар дарахти калон мекунанд,+
Зеро сояашон хуб аст.
Барои ҳамин духтарони шумо зино
Ва келинҳои шумо хиёнат мекунанд.
14 Вале ман духтарони шуморо барои зино
Ва келинҳои шуморо барои хиёнаткорӣ ҷазо намедиҳам,
Зеро худи мардон бо фоҳишаҳо ба хилват мераванд
Ва бо танфурӯшон* қурбонӣ меоранд.
Ин мардуми бефаҳм+ нобуд мешавад.
16 Исроил мисли гови якрав саркаш шудааст,+
Магар ҳоло Яҳува ӯро мисли гӯсфанд дар чарогоҳи васеъ мечаронад?
17 Эфроим ба бутҳо часпидааст.+
Ӯро ба ҳолаш гузоред.
Ҳокимонаш* бешарафиро хеле дӯст медоранд.+
19 Шамол ӯро бо болҳояш гирифта мебарад
Ва ӯ аз қурбониҳояш хиҷил мешавад».