Наҳум
1 Паём бар зидди Нинве.+ Китоби рӯъёи Наҳуми* алқӯшӣ:
2 Яҳува Худоест, ки вафодории бекаму костро металабад+ ва интиқом мегирад.
Яҳува интиқом мегирад ва тайёр аст, ки ғазабашро фурӯ резад.+
Яҳува аз душманонаш интиқом мегирад
Ва ғазабашро барои бадхоҳонаш нигоҳ медорад.
Ӯ бо шамолу тӯфони ҳалокатовар меояд
Ва абрҳо чанги зери пойи ӯст.+
Бошон ва Кармил хушк шудаанд+
Ва гулҳои Лубнон пажмурда гаштаанд.
5 Кӯҳҳо аз ҳузури ӯ меларзанд
Ва теппаҳо об мешаванд,+
Дунё аз ҳайбати рӯйи ӯ такон мехӯрад,
Замин ва тамоми сокинонаш ба ларза меояд.+
Қаҳри ӯ мисли оташ фурӯ мерезад
Ва кӯҳҳо аз ҳузури ӯ пора-пора мешаванд.
7 Яҳува некуст+ ва паноҳгоҳ аст дар рӯзи азоб.+
Ӯ аз ҳоли паноҳбаронаш хабардор аст*.+
8 Ӯ бо селоби пурзӯр макони вайро* шуста нест мекунад
Ва торикӣ аз пайи душманони ӯ мешавад.
9 Шумо бар зидди Яҳува чӣ меандешед?
Ӯ чунон нобуд месозад, ки
Дубора бало овардан лозим намеояд.+
10 Ҳарчанд онҳо мисли хор ба ҳам печидаанд
Ва мисли касеянд, ки аз оби ҷав* маст шудааст,
Мисли коҳ сӯхта хокистар мешаванд.
11 Аз ту касе ба миён меояд, ки бар зидди Яҳува қасди бад меандешад
Ва маслиҳати бекора медиҳад.
12 Яҳува чунин мегӯяд:
«Ҳарчанд онҳо пурзӯру сершуморанд,
Шикаст мехӯранд ва аз байн мераванд*.
Ман туро* азоб додам, вале дигар азоб намедиҳам.
14 Яҳува дар бораи ту* чунин фармудааст:
“Аз ту номбардоре намемонад.
Ман аз хонаи худоёнат бутҳову ҳайкалҳои рехтаро нест мекунам.
Ман бароят қабр меканам, зеро ту нафратовар ҳастӣ”.
15 Бар кӯҳҳо касе меояд, ки хабари хуш меорад
Ва осоиштагиро эълон мекунад.+
Идҳои худро, эй Яҳудо, ҷашн гир,+ назрҳои* худро адо кун,
Зеро нобакор дигар аз замини ту намегузарад.
Ӯ пурра нобуд мегардад».