Малокӣ
4 «Рӯзе меояд, ки мисли оташдони фурӯзон аст,+ он гоҳ ҳамаи худбоварону бадкорон чун коҳ мешаванд. Он рӯз онҳоро ба коми худ мекашад,— мегӯяд Яҳува, Худои лашкарҳо,— ва аз онҳо на решае мемонаду на шохае. 2 Аммо бар шумо, эй касоне, ки номи маро иззат мекунед*, офтоби росткорӣ медурахшад, ки нураш шифо медиҳад, ва шумо чун гӯсолаҳои парворӣ ҷастухез мекунед.
3 Шумо бадкоронро поймол мекунед, зеро онҳо, дар рӯзе ки амал кунам, чанги таги поятон мегарданд,— мегӯяд Яҳува, Худои лашкарҳо.—
4 Шариати бандаам Мӯсо, дастуру ҳукмҳоеро, ки дар Ҳӯриб ба тамоми Исроил фармуда будам, ба хотир оред.+
5 Пеш аз омадани рӯзи Яҳува, рӯзи бузург ва ваҳмангез,+ ман ба назди шумо пайғамбар Илёсро мефиристам.+ 6 Ӯ дили падаронро чун дили писарон ва дили писаронро чун дили падарон мегардонад*,+ то ки ман омада, заминро зарба назанам ва нобуд насозам».
(Поёни тарҷумаи Навиштаҳои Ибронию Арамӣ. Пас аз ин Навиштаҳои Юнонӣ сар мешаванд.)